Главная / Гуногун / Хизмати давлати

Хизмати давлати

Конуни ЧТ «Дар бораи хизмати давлати»

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукукии хизмати давлати, вазъи хукуки ва кафолатхои ичтимоии хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистонро муайян менамояд.

                   БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ (кчт. 28.12.2012, №914) 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

-дастгохи давлати — низоми макомоти давлати, ки фаъолияти он барои амали намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона  шудааст;

-макоми давлати — чузъи таркибии дастгохи давлати, ки тибки салохият ва сохтори мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки ваколати давлатию хокимиятиро дар шакли ташкилию хукукии ба худ хос амали менамояд;

-мансаби давлати – вохиди сохтории макоми давлати, ки дар доираи салохияти мукарраркардаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон барои амали намудани хокимияти давлати, таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати ва салохияти макомоти давлати таъсис дода шудааст;

-мансабхои давлатии хокимияти давлати — мансабхое, ки Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистон барои амали намудани хокимияти давлати мукаррар намудаанд;

-мансабхои давлатии хизмати давлати (мансабхои сиёси ва маъмурии хизмати давлати) — мансабхое, ки бо тартиби конунгузории Чумхурии Точикистон барои таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати ва амали намудани  салохияти макомоти давлати мукаррар карда шудаанд;

 -хизмати давлати — фаъолияти касбии хизматчиёни давлати, ки барои таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати ва амали намудани салохияти макомоти давлати мукаррар карда  шудааст; (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

-хизматчии давлати — шахрванди Чумхурии Точикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касби бо максади таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати ва амали намудани салохияти макомоти давлати ишгол намудааст;

-хизматчии давлатии сиёси — хизматчии давлати, ки фаъолияти у ба сиёсати умумидавлати вобаста аст ва барои дар амал татбик намудани сиёсати дохили ва хоричии Чумхурии Точикистон масъул мебошад;

      -хизматчии давлатии маъмури — хизматчии давлати, ки ухдадорихои мансабии у ба таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати, мансабхои сиёсии хизмати давлати ва амали намудани салохияти макомоти давлати равона карда шудааст;

-шахси мансабдори давлати — шахсе, ки ба таври доими, муваккати ё бо ваколати махсус мансабхои давлатии хокимияти давлати ва мансабхои давлатии хизмати давлатиро барои амали намудани хокимияти давлати ва салохияти макомоти давлати ишгол  менамояд;

-фехристи мансабхои давлати – номгуи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон, ки дар басти кории макомоти хокимияти давлати ва идоракуни барои ба амал баровардани хокимияти давлати, таъмини ичрои ваколатхои шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати ва салохияти макомоти давлати пешбини гардидааст;

-фехристи хизматчиёни давлати – махзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба теъдоди умуми ва хайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгохи давлати, ки дар асоси шархи хол ва фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии алохида тартиб дода шуда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба маълумоти дорои сирри давлати  мансубанд; (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

-талаботи тахассуси – талаботе, ки бо максади муайян кардани тайёрии касби ва мувофикат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлати ба шахрвандон хангоми кабул шудан ба хизмати давлати ва хизматчиёни давлати барои ишголи мансаби баландтари давлатии хизмати давлати пешниход карда мешавад;

-категорияи мансабхои маъмурии хизмати давлати – мансабхои маъмурии хизмати давлати, ки вобаста ба хачм, хусусият ва доираи ухдадорихои мансабии хизматчии давлатии маъмури тасниф мешаванд;

-ухдадорихои мансаби – ухдадорихои пешбининамудаи мансаби муайяни давлати, ки чавобгуи максад ва вазифахои макомоти давлати буда, хизматчии давлати дар доираи меъёрхои мукарраркардаи конун ва санадхои меъёрии хукуки ичро мекунад. «кчт 11.03.2010 №603»

— одоби хизматчии давлати — мачмуи меъёрхо, принсипхо ва коидахои рафтори хизмати ва гайрихизматии хизматчии давлати, ки хислатхои ахлокии фаъолияти касби ва рафтори уро дар кор ва чомеа тачассум намуда, арзишхои эътирофшудаи ахлоки инсони, талаботи маънавии чамъиятро нисбат ба хизматчии давлати дар бар мегирад; (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

-бархурди манфиатхо — холате, ки хизматчии давлати дар чараёни ичрои ухдадорихои мансаби зери таъсири манфиатхои шахси карор гирифта, карорхои ба манфиати давлат мухолифро кабул менамояд;

— манфиати давлати — манфиатдории умумии чомеа, ки бо рохи кабули карорхои бегаразона ва конуни аз тарафи шахсони мансабдори давлати хангоми ичрои ухдадорихои мансаби амали карда мешавад;

— манфиати шахси — фоидаи модди ё фоидаи дигаре, ки хизматчии давлати бевосита ё бавосита барои худ ё барои шахсони сеюм дар натичаи ичро намудани ухдадорихои мансабии худ кушиши гирифтан мекунад ё мегирад;

— озмун -тартиби интихоби номзадхо барои ишголи мансабхои холии маъмурии хизмати давлати бо рохи муайян намудани дарачаи мутобикати онхо ба талаботи тахассусии мансаби ишголшаванда;

— аттестатсия — тартиби муайян намудани мувофикати хизматчии давлатии маъмури ба мансаби ишголнамуда бо рохи баходихи ба ичрои ухдадорихои мансаби, сатхи дониш, малака ва тайёрии касби;

— баходихии фаъолияти хизматчии давлати — тартиби муайян кардани натичахои фаъолияти хизматчии давлати бо рохи гузаронидани сухбат дар бораи нишондихандахои ичрои ухдадорихои мансаби, дарачаи комёб шудан ба натичахои пешбинишудае, ки ба максаду вазифахои макоми давлати ва вохиди сохтории он мувофикат мекунад;

— дастурамали мансаби — санаде, ки номгуи мансаби давлати, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишголкунандагони мансаби мазкур, ухдадорихои мансаби, хукук ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбини мекунад. «кчт 11.03.2010 №603» 

Моддаи  2. Хукук ба хизмати давлати

Шахрвандони Чумхурии Точикистон, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои ва молумулки ба хизмати давлати хукуки баробар доранд.

Моддаи 3. Самтхои асосии сиёсати давлати дар сохаи хизмати  давлати

Самтхои асосии сиёсати давлатиро дар сохаи хизмати давлати Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хизмати давлати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хизмати давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 5. Низоми хизмати давлати

1.Ба низоми хизмати давлатии Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

-хизмати давлатии шахрванди;

-хизмати давлатии макомоти хифзи хукук;

-хизмати  давлатии харби.

2.Хизмати давлатии шахрванди хамчун фаъолияти касбии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар мансабхои давлатии хизмати давлати тибки Конуни мазкур ба амал бароварда мешавад. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

Намудхои алохидаи хизмати давлатии шахрванди мувофики конунгузории дахлдори сохави, бо назардошти принсипхои асоси ва мукаррароти умумии Конуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд. «кчт 11.03.2010 №603»

3.Хизмати давлатии макомоти хифзи хукук фаъолияти касбии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар мансабхои давлатии хизмати давлатии макомоти хифзи хукук буда, ба таъмини конуният, амният, тартиботи хукуки, хифзи хукук, озодихои инсон ва шахрванд, инчунин мубориза бар зидди чинояткори нигаронида мешавад.

4.Хизмати давлатии харби фаъолияти касбии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар мансабхои давлатии хизмати давлатии макомот ва чузъу томхои харбии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва сохторхои харби буда, ба таъмини мудофиа ва амнияти давлат нигаронида мешавад.

5.Хизмати давлатии макомоти хифзи хукук ва хизмати давлатии харби мувофики конунгузории дахлдори сохави, бо назардошти принсипхо ва мукаррароти умумии Конуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

6.Хизмати давлатии макомоти хифзи хукук, хизмати давлатии харби ва намудхои алохидаи хизмати давлатии шахрванди дар кисме, ки бо конунгузории сохави ба танзим дароварда нашудааст, бо Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукие, ки тибки Конуни мазкур кабул карда шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 6. Доираи амали Конуни мазкур

1.Амали Конуни мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёси ва хизматчиёни давлатии маъмури, ки мансабхои давлатии хизмати давлатиро дар макомоти зерини давлати ишгол менамоянд, татбик мегардад:

-Хукумати Чумхурии Точикистон;

-Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон;

-Дастгохи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

-Дастгохи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

— Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон ва сохторхои он(кчт аз 22.07.13, №1016)

— Ваколатдор оид ба хукуки инсон дар Чумхурии Точикистон ва Дастгохи он; (кчт.аз  28.12.13,№1061)

 — Ваколатдор оид ба хукуки кудак дар Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 15.03.2016,№1303)

-дастгоххои судхои Чумхурии Точикистон;

-макомоти назди Президенти Чумхурии Точикистон;

-вазоратхои Чумхурии Точикистон ва сохторхои онхо;

-кумитахои давлатии Чумхурии Точикистон ва сохторхои онхо;

-макомоти хифзи хукук ва сохторхои харби (барои хизматчиёни давлатии шахрванди); «кчт 11.03.2010 №603»

-дастгохи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон;

-идорахои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва сохторхои онхо;

-макомоти дигари марказии хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон ва сохторхои онхо;

-намояндагихои доимии Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои   байналмилали, байнидавлати (байнихукумати);

-макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон.

2.Ба хизматчиёни давлатии маъмури, инчунин шахсони мансабдори макомоти худидоракунии шахрак ва дехот баробар карда мешаванд, ки номгуи мансабхои онхоро Фехристи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон муайян  менамояд.

3.Амали Конуни мазкур нисбат ба шахсони мансабдори давлатии хокимияти давлати ва кормандони ташкилоту муассисахои зерини давлати татбик намегардад:

-Президенти Чумхурии Точикистон;

-узви Мачлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон;

-раис, муовинони раис, судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли, Суди Олии иктисоди, Суди харби, Суди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои вилоят, шахри Душанбе, шахр ва нохия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судхои иктисодии вилоят ва шахри Душанбе;

-кормандони корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхои давлати; «кчт 11.03.2010 №603»

— хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати;

-кормандони дигар сохторхои давлатие, ки дар кисми якуми хамин моддаи Конуни мазкур номбар нашудаанд.

Моддаи 7. Принсипхои асосии хизмати давлати

1.Хизмати давлати ба принсипхои зерин асос меёбад:

-волоияти Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистон;

-афзалияти хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

-ягонагии низоми хизмати давлати, новобаста аз тачзияи хокимияти давлати ба хокимияти конунгузор, ичроия ва суди;

-садокат ба Ватан ва  ба халки Точикистон;

-инсондусти ва адолати ичтимои;

-хусусияти дуняви доштани хизмати давлати;

-гайрихизби будани хизматчиёни давлатии макомоти дахлдори давлати, ки тибки Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистон  муайян гардидаанд;

-шаффофият дар хизмати давлати, ба чуз фаъолияте, ки сирри давлати ва дигар сирри бо конун хифзшавандаро ташкил медихад;

-касбият ва салохиятнокии хизматчии давлати;

-ихтиёри ва дастрас будани хизмати давлати;

-хисоботдиханда будани хизматчии давлати;

-устувории хайати шахсии макоми давлати;

-баландравии мансабии хизматчии давлати дар асоси кобилият, истеъдод, тайёрии касби ва талаботи тахассуси;

-баходихи ба фаъолияти хизматчии давлати дар асоси дастовардхои хизмати.

2.Хизмати давлати инчунин ба дигар принсипхо, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад.

Моддаи 71. Одоби хизматчии давлати

  1. Одоби хизматчии давлати бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Чумхурии Точикистон, кодексхои сохавии одоби хизматчии давлати, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад.
  2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Чумхурии Точикистон аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ва кодексхои сохавии одоби хизматчии давлати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд. (кчт 11.03.2010 №603), (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

Моддаи 8. Макоми ваколатдори сохаи  хизмати давлати

1.Барои татбики сиёсати ягонаи хизмати давлати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати таъсис дода мешавад, ки ба Президенти Чумхурии Точикистон тобеъ ва хисоботдиханда мебошад.

2.Макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати:

-ичрои Конуни мазкурро дар доираи салохияти худ таъмин менамояд;

-санадхои меъёрии хукукии сохаи хизмати давлатиро тахия намуда, бо тартиби мукарраргардида ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамояд;

-ба фаъолияти макомоти давлати оид ба риояи конунгузори дар сохаи хизмати давлати назорат мекунад ва оид ба бекор кардани карорхои макомоти давлати, ки хилофи конунгузории чумхури кабул гардидаанд, пешниход ирсол менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

-дар доираи салохияти худ санадхои меъёрии хукукии сохаи хизмати давлатиро кабул менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

— рохбарии методии хадамоти кадрии макомоти давлатиро амали намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии макомоти давлатии Чумхурии Точикистонро тахия ва барои тасдик ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

— якчоя бо макомоти омори давлатии Чумхурии Точикистон  шакли хисоботи омории сохаи хизмати давлатиро мукаррар ва дастурамали тартиб додани онхоро тасдик менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

— маълумоти омори давлатиро оид ба сохаи хизмати давлати чамъ, коркард ва нашр менамояд;«кчт 11.03.2010 №603»

— тартиби анчом додани озмун барои ишголи мансабхои холии маъмурии хизмати давлати, баходихии фаъолият, аттестатсия ва чойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатиро назорат ва рохбарии методии онро амали менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

-фармоиши давлатии тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро тахия намуда, фаъолияти макомоти давлатиро дар ин самт хамоханг менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

— Фехристи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистонро тахия ва барои тасдик ба Президенти Чумхурии Точикистон  пешниход менамояд;

-Фехристи хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистонро пеш мебарад;

-мониторинги холати кадрхои хизмати давлати ва захираи кадрхоро мегузаронад ва эхтиёчоти макомоти давлатиро оид ба кадрхо пешбини менамояд;

-хукуку манфиатхои хизматчиёни давлатиро хифз менамояд;

-талаботи тахассусиро нисбат ба категорияхои хизматчиёни давлатии маъмури тахия ва тасдик мекунад; «кчт 11.03.2010 №603»

— махзани маълумоти захираи кадрхои хизмати давлатии Чумхурии Точикистонро тартиб медихад;»; «кчт 11.03.2010 №603»

-дар тахия ва татбики амалии барномахои давлати оид ба такмил додан ва баланд бардоштани накши хизмати давлати иштирок менамояд;

-оид ба такмили низоми пардохти музди мехнат ва хифзи ичтимоии хизматчиёни давлати таклифхо пешниход менамояд;

-дар тахияи лоихахои шартномахои байналмилали оид ба масъалахои хизмати давлати иштирок менамояд;

-салохияти дигареро, ки конунхо ва дигар  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, амали менамояд.

— барои бекор кардани санадхои макомоти давлати, ки талаботи санадхои меъёрии хукукии сохаи хизмати давлатиро вайрон мекунанд, ба суд мурочиат менамояд; «кчт 11.03.2010 №603»

— якчоя бо макомоти тандурустии Чумхурии Точикистон номгуи беморихоеро, ки барои ичрои ухдадорихои мансабии хизматчии давлати монеа мегарданд, тахия ва тасдик менамояд. «кчт 11.03.2010 №603»

  1. Низомнома ва сохтори макоми ваколатдори сохаи хизмати давлатиро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  2. Макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати санадхои меъёрии хукукии оид ба хизмати давлати кабулнамудаи худро шарх медихад, дар хусуси тартиби татбики хизмати давлати тавсия ва дастурхои методи тахия ва пешниход карда, ахбор нашр менамояд.
  3. Макомоти хокимияти давлати ва идоракунии Чумхурии Точикистон, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо новобаста аз шакли ташкилию хукуки, вазифадоранд вобаста ба масъалахои сохаи хизмати давлати бо дархости хаттии макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати иттилооти заруриро пешниход намоянд.». «кчт 11.03.2010 №603»
БОБИ 2. ТАШКИЛ ВА АДОИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 9. Хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон

1.Хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон вобаста ба чой  ва накши макоми давлати дар низоми макомоти давлати, амали намудани вазифа ва функсияхои давлат, татбики салохияти макомоти давлати, хусусияти ваколати мансабхои мушаххас ва ахамияти онхо дар амали намудани сиёсати давлати ба хизматчиёни давлатии сиёси ва маъмури таксим мешаванд.

2.Таснифи хизматчиёни давлати ба хизматчиёни давлатии сиёси ва маъмури дар Фехристи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон муайян мегардад, ки он аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 10. Фехристи мансабхои давлати ва категорияхои мансабхои давлатии хизмати давлати

1.Фехристи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистонро мансабхои давлатии хокимияти давлати, мансабхои сиёси ва маъмурии хизмати давлати ташкил медиханд.

2.Барои хизматчиёни давлатии сиёси категорияи мансабхои давлати мукаррар карда намешавад.

3.Барои хизматчиёни давлатии маъмури категорияи мансабхои давлатии зерин мукаррар карда мешавад:

-категорияи оли;

-категорияи якум;

-категорияи дуюм;

-категорияи сеюм;

-категорияи чорум;

-категорияи панчум;

-категорияи шашум;

-категорияи хафтум.

  1. Таснифи мансабхои маъмурии хизмати давлати ба категорияхо дар Фехристи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон пешбини карда мешавад. «кчт 11.03.2010 №603»

Моддаи 11. Талаботи тахассуси нисбати довталабони мансабхои давлатии хизмати давлати  

1.Бо максади таъмини салохияти макомоти давлати, баланд бардоштани сатхи касбии хизматчиёни давлати ва мувофикати хизматчиёни давлатии маъмури ба  мансабхои давлатии хизмати давлати талаботи тахассуси мукаррар карда мешавад. «кчт 11.03.2010 №603»

2.Талаботи тахассуси меъёри асосии хоста гирифтан, чобачогузории кадрхои хизмати давлати ва омили муайянкунандаи фаъолияти хизматчии давлати дар макомоти давлати ба  хисоб меравад.

3.Ба талаботи тахассуси, ки ба шахсони довталаби мансабхои давлатии хизмати давлати  пешниход  мегарданд, дохил мешаванд:

-тахсилоти олии касби ва миёнаи касби бо назардошти ихтисос ва категорияи мансабхои давлатии хизмати давлати;

-собикаи умуми ва тачрибаи кор аз руи ихтисос;

-собикаи хизмати давлати;

— адои хизмати харби барои ишголи мансабхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст; (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

— донистани забони давлати; (кчт. 28.06.2011 №741)

-донистани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки ичрои  ухдадорихои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд. (кчт. 28.12.2012, №914)

4.Сатхи талаботи тахассуси барои хизматчиёни давлатии маъмури аз тарафи макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати муайян карда мешавад. «кчт 11.03.2010 №603»

5.Конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон метавонанд нисбат ба мансабхои давлатии хизмати  давлати  талаботи дигари тахассуси мукаррар  намоянд.

 

Моддаи 12. Хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати

1.Хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати шахсоне мебошанд, ки ба хизматрасонии техники, хочаги, молияви, дигар таъминоти фаъолияти макомоти давлати ва хизматчиёни давлати машгуланд.

2.Хукук ва ухдадорихои мансабии онхо мувофики шартномаи (карордоди) мехнати мушаххас муайян карда мешаванд.

3.Номгуи чунин мансаб ва касбхо бо пешниходи макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 13. Кабул шудан ба хизмати давлати

1.Ба мансабхои  сиёсии хизмати давлати кабул шудани шахрвандони Чумхурии Точикистон мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конститутсия, Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

2.Ба мансабхои маъмурии хизмати давлати шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассусии мукаррарнамудаи  Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мувофикат мекунанд, метавонанд кабул шаванд. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

3.Хангоми ба хизмати давлатии маъмури кабул шудан шахрвандон ба гайр аз хуччатхои пешбининамудаи моддаи 32 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон, инчунин хуччатхои зеринро пешниход менамоянд:

-аризаи шахси;

-маълумот аз макомоти дахлдор оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлати;

-маълумоти тибби дар бораи вазъи саломати;

-хуччатхои дигаре, ки конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон вобаста ба хусусияти мансабхои давлатии хизмати давлати пешбини намудаанд.

  1. Шахрванд ба хизмати давлати бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур кабул карда шуда, бо у шартномаи (карордоди) мехнати баста мешавад, ки намунаи онро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

5.Шахрванде, ки ба хизмати давлати кабул шудааст, бояд дар мухлати на дертар аз понздах руз баъди ба хизмати давлати дохил шудан хиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотхои тичорати доштаашро ба шахси дигар бо хукуки идораи ба бовари асосёфта дихад.(КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

 

Моддаи 14. Делои шахсии хизматчии давлати
1. Делои шахсии хизматчиёни давлати аз тарафи хадамоти кадрии макоми дахлдори давлати тартиб дода шуда, рафти адои хизмати давлати дар он кайд карда мешавад. (кчт. 28.12.2012, №914)

2.Тартиби пешбурди делои шахсии хизматчиёни давлати ва номгуйи хуччатхои ба он духташавандаро, макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати муайян менамояд. (КЧТ аз 25.12.2015, №1260)

Моддаи 15. Савганди хизматчии давлати

1.Шахрванде, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлати  кабул мешавад, дар хузури кормандони макомоти давлати ботантана савганд ёд менамояд, ки матни он чунин аст: (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

«Ман (ному насаб), шахрванди Чумхурии Точикистон, ба хизмати давлати кабул шуда, ботантана ва бо хисси масъулияти баланди ватандусти  савганд ёд мекунам:

-адои хизмати давлатиро дар макомоти давлатии Чумхурии Точикистон хамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи чомеа ва давлат дарк намуда,

-Конститутсия, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намуда,

-дар фаъолияти худ принсипхои конуният, адолат, бегарази ва росткавлиро ба рохбари гирифта,

-тибки талаботи Кодекси одоби хизматчии давлати бовичдонона ва ба дарачаи баланди касби хизмат намуда,

-хукуку озодихои инсон ва шахрвандро эътироф ва эхтиром намуда, афзалияти манфиатхои давлат ва чомеаро вазифаи асосии худ хисоб мекунам.

Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди чомеа ва давлат масъул мехисобам».

2.Шахси савгандёдкарда матни савгандро бо имзои шахсии худ тасдик ва санаи кабули онро сабт менамояд. Матни савганд дар делои шахсии хизматчии давлати нигох дошта мешавад.

3.Матни савганди хизматчиёни давлатии макомоти хифзи хукук ва хизматчиёни давлатии харби тибки конунхо ва санадхои меъёрии хукукии сохави мукаррар карда мешавад.

Моддаи 16. Холатхое, ки ба хизмати давлати кабул намудани шахрванд ва дар хизмати давлати будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд

Шахрванд дар холатхои зерин наметавонад ба хизмати давлати кабул  гардад ва хамчун хизматчии давлати дар хизмати давлати бошад:

-саркаши кардан аз адои ба расмият даровардани ичозат ба маълумоте, ки сирри давлати ва дигар сирри бо конун хифзшавандаро дар бар мегирад, агар ичрои ухдадорихои мансаби ба истифодаи ин маълумот вобастаги дошта бошад;

-агар  шахрвандии ду ва зиёда давлатро дошта бошад, ба истиснои холатхое, ки шартномахои байнидавлатии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд;

— мавчудияти бемори, ки барои ичрои ухдадорихои мансабии хизмати давлати монеа мегардад;  «кчт 11.03.2010 №603»

-саркаши кардан аз пешниходи маълумоте, ки дар моддаи 31 Конуни мазкур пешбини шудааст;

— доги суди доштан;

-холатхои дигаре, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон  пешбини намудаанд.

Моддаи 17. Санчиши маълумоте, ки аз тарафи шахрванд   пешниход  карда мешавад

  1. Маълумоти пешниходнамудаи шахрванд хангоми халли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлати таъин шудани у мавриди санчиш карор дода мешавад.

2.Агар санчиш холатхои барои ба мансаби давлатии хизмати давлати таъин шудани шахрванд монеъшавандаро ошкор намояд, ба у дар бораи радкунии таъин ба  мансаби давлати ва сабабхои он хатти хабар дода мешавад.

3.Тартиби санчиши маълумоти аз тарафи шахрванд пешниход- шавандаро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 171. Санчиши махсус дар хизмати давлати

Санчиши махсус дар хизмати давлати дар асоси дархости хаттии рохбари макоми давлати аз чониби макоми дахлдори давлати гузаронида мешавад, агар баръало ошкор карда шавад, ки шахси дар мансаби давлатии хизмати давлати буда ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлати дар эъломияхо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш, ки тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход гардидаанд, иттилооти бардуруг дода бошад. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

Моддаи 18. Озмун барои ишголи мансаби холии  маъмурии хизмати давлати

1.Ишгол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлати бо рохи озмун сурат мегирад. «кчт 11.03.2010 №603»

  1. Тартиби гузаронидани озмун ва намудхои онро Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишголи мансабхои холии маъмурии хизмати давлати, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, мукаррар мекунад. «кчт 11.03.2010 №603»; (кчт. 28.12.2012, №914)
  2. Ишголи мансабхои категорияи оли бе озмун сурат мегирад. Дигар холатхои бе озмун ишгол намудани мансабхои холии маъмурии хизмати давлати тибки Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишголи мансабхои холии маъмурии хизмати давлати муайян карда мешаванд.» «кчт 11.03.2010 №603»

Моддаи 19. Тахсили хизматчиёни давлати

1.Тахсили хизматчиёни давлати дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти миёнаи касби ба амал бароварда шуда, дар шакли тайёркунии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузи сурат мегирад.

2.Тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлати дар асоси фармоиши давлати, инчунин талаботи макомоти давлатии Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.

3.Фармоиши давлати оид ба тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 20. Аттестатсияи хизматчиёни давлати

  1. Бо максади муайян кардани мувофикат ба мансаби ишголнамуда ва таъмини болоравии касби аттестатсияи хизматчии давлатии маъмури (ба истиснои хизматчиёни давлатие, ки мансаби сиёсии хизмати давлати ва мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро ишгол мекунанд) гузаронида мешавад. «кчт 11.03.2010 №603»

2.Тартиб ва шартхои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмуриро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик  мегардад, муайян менамояд.

Моддаи 201. Баходихи ба фаъолияти хизматчии давлати

  1. Бо максади назорати мунтазами рафти адои хизмати давлати ва чамъ намудани иттилоот дар бораи ичрои ухдадорихои мансаби дар охири хар сол баходихии натичаи фаъолияти хизматчии давлати гузаронида мешавад.
  2. Коидахои гузаронидани баходихии фаъолияти хизматчии давлатии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. «кчт 11.03.2010 №603»

Моддаи 21. Рутбахои тахассусии хизматчиёни давлати

1.Барои хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  рутбахои тахассуси мукаррар карда мешаванд.

2.Тартиби ба хизматчиёни давлати додани рутбахои тахассусиро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, муайян менамояд. (кчт. 28.12.2012, №914)

  1. Тартиби баробар донистани рутбахо ва унвонхои харби, дипломати ва махсус ба рутбахои тахассусии хизматчиёни давлатии шахрванди аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. «кчт 11.03.2010 №603»

 

Моддаи 22. Фехристи хизматчиёни давлати

Тартиби пешбурди Фехристи хизматчиёни давлатиро, ки маълумотро дар бораи хизматчиёни давлати дар бар мегирад, макоми ваколатдор дар сохаи хизмати давлати муайян менамояд. (кчт. 28.12.2012, №914)

 

Моддаи 23. Асосхои катъ шудани хизмати давлати

1.Хизмати давлати гайр аз асосхои пешбиникардаи Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон дар мавридхои зерин катъ мегардад:

-истеъфои хизматчии давлатии сиёси;

-расидан ба синни нихоии хизмати давлати;

катъ намудани шахрвандии Чумхурии Точикистон, гирифтани шахрвандии давлати хоричи ё тарки доимии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

-вайрон намудани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба танзими анъана ва чашну маросимхо;(КЧТ аз 08.06.2007,№273)

-эътибори конуни пайдо кардани хукми айбдоркунии суд; (КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

-эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи махдуд намудани кобилияти амал ё гайри кобили амал эътироф шудани хизматчии давлати; (КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

-риоя накардани махдудиятхое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст;

-холатхои дигаре, ки Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд.

2.Аз мансаби давлати озод намудани хизматчии давлати аз тарафи рохбари макоми  давлати, ки хукуки ба мансаби давлатии хизмати давлати таъин ва озод карданро дорад, мувофики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

3.Дар сурати норизо будани хизматчии давлати аз озод намуданаш аз мансаби давлати у хукук дорад ба суд мурочиат намояд.

Моддаи 24. Синни нихоии  дар хизмати давлати будан

Синни нихоии дар хизмати давлати будан барои занон то 58-солаги ва барои мардон то 63-солаги мебошад. Рохбари макоми давлати метавонад баъди мувофика бо макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати бо карори (амри) худ мухлати дар хизмати давлати будани хизматчии давлатии ба синни нихои расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлати шартномаи (карордоди) мухлатноки мехнати баста мешавад. (кчт. 28.12.2012, №914)

Моддаи 25. Истеъфои хизматчии давлатии сиёси

1.Истеъфо катъ ёфтани хизмати давлати мувофики аризаи хаттии хизматчии давлатии сиёси буда, асоси он монеаи сиёси барои минбаъд ишгол намудани мансаби сиёсии хизмати давлати мебошад.

2.Истеъфо аз тарафи макоми давлатии ваколатдор  кабул ё рад карда мешавад. Дар сурати рад кардани истеъфо хизматчии давлатии сиёси бояд ичрои ухдадорихои мансабиашро давом дихад ва ё бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори дар бораи бо хохиши худ аз мансаби сиёсии хизмати давлати озод карданаш мурочиат намояд.

Моддаи 26. Захираи кадрхои хизмати давлати

  1. Захираи кадрхои хизмати давлати бо максади таъмини хизмати давлати бо кадрхо, болоравии мансабии хизматчии давлати дар асоси дастовардхои хизмати, кобилият, истеъдод ва тайёрии касби, сари вакт ишгол намудани мансабхои холии маъмурии категорияхои сеюм, дуюм, якум, оли ва мансабхои сиёси ташкил карда мешавад.
  2. Захираи кадрхои хизмати давлати аз хисоби мутахассисони босалохият, ташаббускор, дорои сатхи баланди тайёрии касби, кобилияти ташкилотчиги ва малакаи идоракуни ташаккул меёбад.
  3. Тартиби ташаккул ва кор бо захираи кадрхои хизмати давлатиро Низомнома дар бораи захираи кадрхои хизмати давлатии Чумхурии Точикистон, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик мегардад, мукаррар менамояд. «кчт 11.03.2010 №603»

Моддаи 261. Чойивазкунии (ротатсияи) кадрхои рохбарикунандаи хизмати давлати

  1. Дар макомоти давлатии Чумхурии Точикистон бо максади истифодаи самараноки махорати касбии хизматчиёни давлати ва пешгирии зухуроти коррупсиони чойивазкунии (ротатсияи) кадрхои рохбарикунандаи хизмати давлати анчом дода мешавад.
  2. Коидахои гузаронидани чойивазкунии (ротатсияи) кадрхои рохбарикунандаи хизмати давлатии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.». «кчт 11.03.2010 №603»

БОБИ 3. ВАЗЪИ ХУКУКИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 27. Хукукхои хизматчии давлати

1.Хизматчии давлати хукук дорад:

-дар доираи ваколатхои худ дар баррасии масъалахо ва кабули карор  иштирок намуда, ичрои онхоро аз тарафи макомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;

-иттилоот ва маводи барои ичрои ваколат ва ухдадорихои мансабиаш заруриро бо тартиби мукарраргардида талаб карда гирад;

-муайян намудани доираи ухдадорихои мансабиашро аз рохбари худ талаб намояд;

-ба тайёркуни, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузи дар муассисахои таълимии дахлдор аз хисоби маблагхои бучети давлати фаро гирифта шавад;

-ба фаъолияти илмиву эчоди ва омузгори машгул шавад;

-бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии у дахл дорад, аз чумла делои шахси бемамоният шинос шавад;

-дар хизмати давлати, бо назардошти тахассус, кобилияти касби ва сатхи ичрои ухдадорихои мансабии худ  баланд равад;

-дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санчиши хизматиро талаб намояд ва бо натичааш шинос шавад;

-бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлати катъ намояд;

-тибки талаботи конунгузори бо нафака таъмин гашта, аз хифзи ичтимои ва хукуки бархурдор бошад;

— оид ба такмили хизмати давлати ба макоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба макомоти давлатии болои ва ша хсони мансабдори он таклиф пешниход намояд.

  1. Хукукхои хизматчиёни давлатии сиёси бо дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон низ муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

Моддаи 28. Ухдадорихои асосии хизматчии давлати

1.Хизматчии давлати ухдадор аст:

-Конститутсия, конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намояд;

-хукуку озодихои инсон ва шахрванд, инчунин хукук ва манфиатхои шахсони хукукиро риоя, хифз ва эхтиром намояд;

-мурочиати шахрвандонро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори барраси намуда, аз руи онхо чорахои дахлдор андешад;

-интизоми давлати ва хизматиро риоя намояд;

— меъёрхои мукаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Чумхурии Точикистонро дастури фаъолияти худ карор дода, холатхои бархурди манфиатхоро хангоми ичрои ухдадорихои мансаби истисно намояд; «кчт 11.03.2010 №603»

-фармон, фармоиш ва амрхои рохбарон, карор ва дастури макомоти болои ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онхо дода шудаанд, ичро намояд; (кчт. 28.12.2012, №914)

-сирри давлати ва сирри дигари бо конунхо хифзшавандаро, аз чумла баъди катъи хизмати давлати, дар давоми мухлати мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукуки нигох дорад;

-хангоми ичрои ухдадорихои мансаби маълумотро дар бораи хаёти шахси, шаъну шарафи шахрвандон махфи  нигох дорад, аз онхо пешниход намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон);

-хифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;

-агар манфиати шахсии хизматчии давлати барои ичрои ухдадорихои мансаби монеа гардад, ё ба манфиати давлати мухолифат кунад ва ё боиси дигар холатхои бархурди манфиатхо гардад, бояд ба рохбари макоми давлати, ки барои таъин ва озод намудани у аз м ансаб салохият дорад, хабар дихад; «кчт 11.03.2010 №603»

-сатхи касби ва тахассусии худро барои ичрои самараноки ухдадорихои мансаби баланд бардорад;

-мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур савганд ёд кунад.

2.Ухдадорихои мушаххаси хизматчии давлати, ки аз ухдадорихои асоси бармеоянд, тибки талаботи тахассуси муайян карда шуда, дар дастурамалхои мансабие, ки аз тарафи рохбарони макомоти давлатии дахлдор тасдик карда мешаванд, инъикос мегарданд. Коидахои тахияи дастурамалхои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Чумхурии Точикистон аз тарафи макомоти ваколатдори сохаи хизмати давлати тасдик карда мешаванд. «кчт 11.03.2010 №603»

3.Ухдадорихои хизматчиёни давлатии сиёси бо дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон низ мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 29. Ухдадорихои иловагии хизматчии давлатии маъмури

1.Бо розигии хизматчии давлатии маъмури ва рохбари макоми давлати мумкин аст ба зиммаи хизматчии давлатии маъмури ичрои ухдадорихои иловагии хизмати давлати вогузошта шавад.

2.Хачми пардохти иловапулиро барои ичрои ухдадорихои иловагии хизмати давлати санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамоянд.

Моддаи 30. Махдудиятхо вобаста ба хизмати давлати

Хизматчии давлати хукук надорад:

-бе ичозати Президенти Чумхурии Точикистон мукофот, унвонхои фахри ва махсуси давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилалиро кабул намояд;

-хангоми ичрои ваколатхои мансаби аз хизматрасонихои  шахрвандон ва шахсони хукуки ба манфиати шахси истифода барад;

-дар дигар амалхо, аз чумла корпартоихо, ки фаъолияти макомоти давлати ва ичрои ухдадорихои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд;

— ба хайати макомоти идоракуни, шурохои нозирон ё парасторон, макомоти дигари ташкилотхои гайритичоратии хоричи ва вохидхои сохтории онхо дар худуди Чумхурии Точикистон шомил гардад, агар конунгузори ё шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд;

-дар идораи фаъолияти чамъияти хочагидор ё дигар ташкилоти тичорати иштирок кунад, аз чумла ба хайати макомоти идоракуни ташкилоти тичорати, ки узвият дар онхо бе изхори иродаи махсуси фарди гайриимкон аст, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистонпешбини кардааст;

-дар бонкхои хоричие, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон чойгир шудаанд, суратхисобхо кушояд ва пасандозхо дошта бошад, пули накд ва ашёи киматнокронигох дорад, дигар воситахои молиявии хоричи дошта бошад ва (ё) аз онхо истифода барад;

-ба фаъолияти макомоти дигари давлати, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд; (КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

-дигар махдудиятхои пешбининамудаи конунхои Чумхурии Точикистонро вайрон намояд.

Моддаи 31. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкии хизматчии давлати

  1. Шахрванд хангоми кабул шудан ба хизмати давлати ва хизматчиёни давлати ухдадоранд, ки хар сол ба макоми андози махалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва ба макоми давлатии чои кор эъломия оид ба вазъи молу мулк пешниход намоянд.

2.Намуди даромад, намуд ва номгуи молу мулк, инчунин тартиб ва мухлати пешниход намудани эъломияхои дар кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар  карда мешаванд.

3.Пешниход накардани эъломияхо ё дар онхо нишон додани маълумоти бардуруг барои ба хизмати давлати кабул нагаштани шахрванд ё аз хизмати давлати озод намудани хизматчии давлати асос шуда метавонад.

4.Мазмуни эъломияхо, ба истиснои холатхое, ки конун пешбини намудааст, набояд ошкор карда шавад.

Моддаи 32. Чавобгарии интизомии хизматчии давлати

  1. Рохбари макоми давлати, ки хукуки ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, ба хизматчии давлати барои кирдори интизомии содирнамудааш, хамчунин барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Чумхурии Точикистон ва кодексхои сохавии одоби хизматчии давлати, рох додан ба бархурди манфиатхо хангоми адои хизмати давлати ва ё дигар кирдорхои бавучудоварандаи коррупсия, ки дорои аломатхои хукуквайронкунии маъмури ё чиноят намебошанд мучозоти зерини интизомиро татбик менамояд: (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

— сарзаниш;

— танбех;

— то як сол мавкуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбати;

— ба мансаби паст гузаронидан;

— аз мансаб озод кардан.

  1. Бо максади чамъ овардан ва санчиши маълумот дар бораи кирдори интизомии содирнамудаи хизматчии давлати аз тарафи рохбари макоми давлати санчиши хизмати таъин карда мешавад. Санчиши хизмати метавонад бо талаби хизматчии давлати низ гузаронида шавад.
  2. Тартиби гузаронидани санчиши хизмати ва ба чавобгарии интизоми кашидани хизматчии давлати аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.». «кчт 11.03.2010 №603»

 

Моддаи 33. Муносибати хизматчии давлати  ба ичрои фармон ва  амрхои гайриконуни

1.Хизматчии давлати бояд дар доираи ваколат ва ухдадорихои мансаби амал намояд.

2.Дар сурати ба конуни будани фармон ва ё амри барои ичро гирифташуда шубха пайдо кардани хизматчии давлати, у бояд ба таври хатти фавран ба рохбари бевоситааш мурочиат намояд. Агар рохбари бевосита ё шахси мансабдори болои дурустии фармон ва ё амри додашударо хатти тасдик намояд, хизматчии давлати вазифадор аст онро ичро намояд, ба шарте ки он дорои окибатхои чавобгарии маъмури ва ё чинояти набошад.

Масъулият барои окибатхои ичрои фармон ё амр ва дастури гайриконуни дар ин холат ба зиммаи шахси мансабдоре гузошта мешавад, ки онхоро тасдик кардааст.

БОБИ 4. КАФОЛАТХО ВА ХАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи 34. Кафолатхо барои хизматчии давлати

1.Ба хизматчии давлати кафолатхои зерин дода мешавад:

-шароити кори барои таъмини ичрои ухдадорихои мансаби;

-музди мехнат;

-рухсатии харсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатихои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон; «кчт 11.03.2010 №603»

-тахсил ва баланд бардоштани дарачаи тахассус бо нигох доштани музди  мехнат, мансаби ишголнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Президенти Чумхурии Точикистон дар тамоми давраи тахсил; «кчт 11.03.2010 №603»

-сугуртаи хатмии давлати барои бемори ё гум кардани кобилияти мехнати, фавт ё расондани зарар ба саломати ва молу мулки у хангоми ичрои ухдадорихои мансаби;

— таъмини нафака тибки конунгузории Чумхурии Точикистон; «кчт 11.03.2010 №603»

-таъмини нафакаи хизматчии давлати дар холати фавти хизматчии давлати ба аъзои оилаи у, ки тахти саробониаш карор доранд; «кчт 11.03.2010 №603»

-хатман гирифтани розигии хизматчии давлати хангоми гузаронидан ба мансаби дигар (гайр аз холатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон);

-химояи хизматчии давлати, аъзои оила ва наздикони у аз зуровари, тахдид ва дигар кирдорхои гайриконунии вобаста ба ичрои ухдадорихои мансаби;

-таъмини имконияти баландравии мансаби;

-чуброни зарар хангоми пурра ё кисман гум кардани кобилияти мехнати;

2.Харочоти вобаста ба сафархои хизмати, чойивазкуни (ротатсия) гузаронидан ба макоми давлатии вокеъ дар махалли дигар (вилоят, шахр, нохия), инчунин харочоти наклиёт ва манзили хизматчии давлати вобаста ба чунин гузариш чуброн карда мешаванд. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

3.Харочот вобаста ба кафолатхое, ки хамин модда пешбини менамояд, аз хисоби маблагхои бучети дахлдор сурат мегирад.

4.Конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои хизматчии давлати кафолатхои дигарро низ пешбини карда метавонанд.

5.Дар сурати вафоти хизматчии давлати ба аъзои оилаи у дар хачми панч музди мохонаи мехнат аз чои кори охиринаш кумакпулии яквакта дода мешавад. (кчт. 01.08.2012, №900)

6.Дар сурати озод шудан аз мансаби давлати, бинобар содир намудани кирдори гайриконуни, хизматчии давлати аз кафолатхо ва чубронпулихое, ки Конуни мазкур пешбини кардааст, махрум мегардад.

7.Иваз шудани рохбари  макоми давлати барои бо ташаббуси рохбари  нав катъ шудани шартномаи (карордоди) мехнати асос шуда наметавонад, ба истиснои шартномаи (карордоди) мехнатие, ки бо хизматчиёни давлатии сиёси баста мешаванд. (кчт. 01.08.2012, №900)

Моддаи 35. Кафолати хизматчии давлати дар мавриди бархам додан, азнавташкилдихи ва тачдидимакоми давлати, ихтисор шудани шумора ё вохиди кории хизматчиёни давлати «кчт 11.03.2010 №603»

1.Ба хизматчии давлати хангоми бархам додан, азнавташкилдихи ва тачдиди макоми давлати, ихтисор шудани шумора ё вохиди кории хизматчиёни давлати бо назардошти дарачаи тахассус, касб ва мансаби пеш ишголнамудааш дар дигар макоми давлати мансаби давлатии хизмати давлати пешниход карда мешавад (агар бо розигии у додани дигар мансаби давлатии хизмати давлати дар хамон макоми давлати гайриимкон бошад). «кчт 11.03.2010 №603»

2.Ба хизматчии давлати, ки хангоми бархам додан, азнавташкилдихи ва тачдиди макоми давлати, ихтисор шудани шумора ё вохиди кории хизматчиёни давлати аз мансаби давлати озод  шудааст: «кчт 11.03.2010 №603»

-аз руи мансаби пеш ишголнамудааш бе хисоби кумакпулии аз кор рафтан, дар давоми се мох музди мехнат дода мешавад;

-кумакпули барои бекори дода мешавад;

-музди мехнати пештарааш хангоми гузаронидан ба мансаби дигари давлатии хизмати давлати  дар  хамон маком ё  макоми дигари давлати дар давоми се мох нигох дошта мешавад (агар музди мехнати наваш назар ба маоши пештарааш кам бошад);

-хизматрасонии тибби ба у ва аъзои оилааш дар хамон муассисаи табобати, ки то ба мансаби нави давлати гузарониданаш расонида мешуд, нигох дошта мешавад;

-дар сурати доштани собикаи умумии мехнати (25 сол барои мардхо, 20 сол барои занхо) ва на камтар аз 10 сол cобикаи хизмати  давлати, хукук дода мешавад, ки ду сол пеш аз мухлати мукарраркардаи  конунгузори ба нафака барояд.

3.Дар сурати набудани имконияти мувофики ихтисосаш ба дигар мансаби давлатии хизмати давлати гузаронидани хизматчии давлати у то як сол дар макоми давлати, бо нигох доштани собикаи хизмати давлати, дар захираи кадрхо мемонад ва барои такмили ихтисосаш имконият фарохам оварда мешавад.

Моддаи 36. Музди мехнати хизматчии давлати

1.Музди мехнат бояд шароити моддии заруриро барои ичрои ухдадорихои мансабии хизматчии давлати фарохам оварда, ба у ва ахли оилааш сатхи муносиби зиндагиро таъмин намояд, инчунин барои бо  кадрхои салохиятноку тачрибанок таъмин намудани макомоти давлати мусоидат намуда, омили мехнати поквичдонона ва ташаббускоронаи хизматчии давлати бошад.

2.Музди мехнати хизматчии давлати аз маоши мансаби, иловапулихо ба маоши мансаби барои рутбаи тахассуси ва собикаи хизмати давлати иборат мебошад.

3.Иловапули ба маоши мансаби барои собикаи хизмати давлати бо назардошти иловапули барои рутбаи тахассуси хар мох ба андозаи мукарраргардида пардохт карда мешавад.

4.Андозаи маоши мансаби‚ иловапули барои рутбаи тахассуси ва собикаи хизмати давлати, инчунин шартхо ва тартиби пардохти музди мехнати хизматчиёни давлатиро Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 37. Собикаи хизмати давлати

1.Ба собикаи хизмати давлати давраи фаъолияти шахрванд дар мансабхои давлатии хокимияти давлати, мансабхои сиёси ва маъмурии  хизмати давлати, хизмат дар макомоти хифзи хукук ва хизмати харби, инчунин фаъолият дар мансабхои макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки дар Фехристи мансабхои давлатии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, дохил мешавад.

2.Ба собикаи хизмати давлати метавонанд дигар даврахои фаъолияти мехнатии шахрванд низ бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дохил карда шаванд.

Моддаи 38. Хавасмандгардонии хизматчии давлати

1.Хизматчии давлати барои дастовардхои хизмати, хизмати бардавому бенуксон, ичрои супоришхои махсусан мухими давлати хавасманд гардонида мешавад.

2.Намудхои хавасмандгардони ва тартиби бо он сарфароз гардониданро конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.

Моддаи 39. Рухсатии хизматчии давлати

  1. Ба хизматчии давлати бо назардошти хусусиятхои хоси хизмати давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи мазкур, Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон рухсатии харсолаи пардохтшаванда дода мешавад. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

2.Давомнокии рухсатии асосии харсолаи пардохтшавандаи хизматчиёни давлати чунин мукаррар карда мешавад:

— 35 рузи таквими — ба хизматчиёни давлатии сиёси ва  хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи оли;

— 30 рузи таквими — ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм;

— 28 рузи таквими — ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панчум, шашум ва хафтум;

3.Дар сурати  5, 10, 15 ва 20 сол будани собикаи хизмати давлати, ба мухлати рухсатии асосии харсолаи пардохтшаванда мувофикан 3, 6, 10 ва 15 рузи таквими илова карда мешавад.

4.Рухсатии харсола ва рухсатии иловаги чамъ карда мешавад ва бо хохиши хизматчии давлати мумкин аст, ки кисм-кисм дода шавад.  Давомнокии як кисми рухсатии асоси набояд аз 14 рузи таквими кам бошад.

5.Хизматчии давлати дар давоми сол барои гирифтани рухсатии бемузди давомнокияш на бештар аз 60  рузи таквими хукук дорад.

Моддаи 40. Таъминоти ичтимоии хизматчии давлати

1.Ба хизматчии давлати бо тартиби мукарраршуда:

-аз фонди давлати  манзили истикомати дода мешавад;

-барои бехтар кардани шароити манзил, сохтмони манзили шахси ва ё кооперативи китъаи замин чудо карда  мешавад, ки тартиби чудо карда шудани онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд;

-барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин бехтар намудани шароити манзили ба мухлати то 20 сол карзи бефоиз дода мешавад, ки шартхо ва тартиби додани чунин карзро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

2.Ба хизматчии давлатии сиёси ва хизматчии давлатии маъмурии  категорияи оли илова ба майдони истикомати 20 метри мураббаъ барои хучраи кори дода мешавад.

3.Дар сурати на камтар аз 15 сол собикаи бефосилаи хизмати давлати доштани хизматчии давлати хонаи истикоматии дар фонди манзили давлати ишголкардааш (ба гайр аз хонахои истикоматии хизмати) ройгон ба моликияти у дода мешавад.

Моддаи 41. Таъмини нафака ва дигар кумакпулихо ба хизматчии давлати

1.Таъмини нафакаи хизматчиёни давлати мувофики тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон  конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи нафака  амали гардонида мешавад. (КЧТ аз 26.07.2014, №1128)

2.Хизматчии давлати тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба нафака барои хизмати дарозмуддат хукук дорад.

3.Ба хизматчии давлати хангоми ба нафака баромадан дар сурати доштани на камтар аз 15 соли собикаи хизмати давлати ё хангоми маъюби дар хачми музди мехнати семоха  кумакпулии яквакта дода мешавад. (кчт. 01.08.2012, №900)

БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 42. Тартиби баррасии бахсхои мехнатии хизматчиёни давлати

Хизматчиёни давлати оид ба халли бахсхои мехнатиашон метавонанд ба макоми ваколатдори сохаи хизмати давлати, макомоти дигари ваколатдори давлати ё суд мурочиат намоянд. (КЧТ аз 25.12.2015,№1260)

 

Моддаи   43.   Чавобгари  барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсоне, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунхои Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида  мешаванд.

Моддаи 44. Дар бораи  аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 13 ноябри соли 1998 «Дар бораи хизмати давлати» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1998, № 22, моддаи 297; с. 2002, № 4, кисми 1, моддаи 203; с. 2005, № 7, моддаи 407; соли 2006, № 3, моддаи 154) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 45. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                                                                        Э.Рахмонов

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 233

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …