Главная / Гуногун / Хикояи карзи Хазрати Рисолат

Хикояи карзи Хазрати Рисолат

Накл аст, ки яке аз зухходро понсад дирам карз баромада буд ва Хазрати Рисолат (с)-ро ба хоб дид, ки уро гуфт:

– Бирав, назди Абулхасани Кисои, ки мардест аз машохири[1] Нишопур ва хар сол дах хазор барахнаро чома мепушонад. Уро бигуй, ки: «Расули Худо (с) туро салом мефиристад ва мефармояд, ки понсад дирам карзи маро ато фармои. Ва агар аз ту нишонаи сидки[2] ин вокеаро талабад, бигуй: «Нишони он аст, ки хар шаб сад бор дуруд бар он Хазрат (с) мефиристоди, душ фаромуш карди ва дуруди худро ба такдим нарасониди».

Чун дарвеш вокеаи худ назди Абулхасан арз кард, Абулхасан чандоне илтифот ба холи у нанамуд. Дарвеш гуфт:

  • Маро Хазрати Рисолат (с) ба ту фиристода ва нишоневу пайгом ба ту чунин дода.

Чун нишони бигуфт Абулхасани Кисои худро аз тахт бияндохт ва Хазрати Худовандиро чалла ва ало сачда ба чо оварду гуфт:

  • Эй дарвеш, ин сирре буд миёни ман ва Хак таоло ва хеч офарида бар он иттилоъ надошт ва иттифоко душ ба ин давлат мустаид нагашта будам.

Бифармуд, то ду хазору понсад дирам ба он дарвеш карам намуданд. Гуфт:

  • Хазор дирам аз барои башорате, ки аз он Хазрат (с) ба ман оварди ва хазор дирами дигар туфайли кадамхои шарифи ту, ки аз барои ман омадаи ва понсад дирам итоати фармони Пайгамбар (с)-ро.

Ва дархост намуд, ки:

  • Хар гох ки туро эхтиёче бошад, боз ба назди ман биёи.[3]

Хикояти панчум. Дар «Захрату-р-риёз» мегуяд, ки зане назди Имом Хасани Басри (paх) омаду гуфт:

  • Эй имом, духтаре чавон доштам, аз олам накл кард ваоташи фирокаш дар конуни синаам иштигол ёфта ва орому карор аз ман рафта. Маро намозе биёмуз ва дуое таълим намои, ки чун ба такдим расонам, фарзанди худро дар хоб бинам.

Имом вайро дуруде биёмухт, то фарзанди худро ба хоб дид, аммо дар азобу укубат чомае аз катрон пушида ва гуле бар гардан ва банде дар пой. Аз ин хоб мушаввашхотир гашта ба хизмати имом омаду вокеаи худро ба у гуфт. Имом низ аз ин вокеа гамгин шуд, то бад-ин муддате бигузашт. Шабе имом дар вокеа мебинад, ки зане дар гояти хусну чамол дар бихишт ба зебу камол мехиромад, точе бар cap дораду давоче дар бар. Гуфт:

  • Эй имом, маро мешиноси? Ман духтари фалон заифаам, ки ручуъ ба остонаи Шумо дорад ва таълиму равиш намуда будед, то маро ба хоб бинад.

Имом гуфт:

  • Аз вокеаи модарат багоят гамгин будам, акнун туро ба ин нозу ниам[4] мебинам, сабаб чист?

Гуфт:

  • Эй имом, вокеаи модарам мутобики вокеъ буд, фааммо дар ин асно марде бар ин гуристон гузашт ва як бор бар Мустафо (с) салавот фиристод ва дар он гуристон понсаду панчох нафар ба азоб мубтало буданд, нидое шунидам, ки гуфтанд: «Бардоред азобро аз ахли гуристон ба баракати салавоте, ки ин мард бар Хабиби мо (с) фиристод».[5]

Нукта. Эй дарвеш, ачнабие, ки бар гуристон мегузарад ва як бор салавот мефиристад, чандин аз ахли азоб ба баракати салавоти у аз укубат начот меёбанд, бандае, ки панчоху шаст сол аз руйи сидку ихлос шабу руз бар он Хазрат (с) салавот мефиристад, агар аз азобу накол[6] начот ёбад ва ба давлати шафоати он Хазрат (с) рафъати дарачоташ хосил ояд, чи ачаб.[7]

[1] Машохир — номдорон.

[2] Сидк — рости.

[3] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват». Сах. 130.

[4] Ниам – неъматхо.

[5] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват», Сах. 130.

[6] Накол – шиканча.

[7] «Маоричу-н-нубувват фи мадоричу-л-футувват», Сах. 130.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …