Главная / Чамъият / Хифзи об, мачрои дарёхо, яхи болои обанборхо, сатхи хавзхо, пиряххо ва барфтудахо

Хифзи об, мачрои дарёхо, яхи болои обанборхо, сатхи хавзхо, пиряххо ва барфтудахо

Моддаи 124-и Кодекси оби Чумхурии Точикистон. Хифзи об, мачрои дарёхо, яхи болои обанборхо, сатхи хавзхо, пиряххо ва  барфтудахо

1.Ба шахсони  вокеи ва хукуки рох додан ба ифлосу олудашавии  сатхи хавзхо, мачрои дарёхо, яхи болои обанборхо, болои пиряххо ва барфтудахо бо партовхои истехсоли ва дигар пасмондаву партовхо, инчунин бо махсулоти нафт ва кимёви, ки  шустани онхо боиси бад  шудани сифати оби руизамини ва зеризамини мегардад, манъ аст.

2.Хамаи шахсони хукуки, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони вокеи, сохибони  воситахои наклиёти оби, хатхои  кубурхо, воситахои шинокунанда ва дигар объектхо дар  манбаъхои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани  равганхо, нафт, нурихо, захрхо, моддахои захрдор ва дигар махсулоти кимиёви, ё фаъолияти дигар пешгири намоянд. Онхое, ки ба ифлос  шудани оби руизаминию  зеризамини бо нурихо ва дигар  захрхои кимиёви ва  махсулоти зараровар  рох  додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибки тартиби мукараракардаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …