Главная / Ҷамъият / Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва барфтӯдаҳо

Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва барфтӯдаҳо

Моддаи 124-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва  барфтӯдаҳо

1.Ба шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳ додан ба ифлосу олудашавии  сатҳи ҳавзҳо, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, болои пиряхҳо ва барфтӯдаҳо бо партовҳои истеҳсолӣ ва дигар пасмондаву партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафт ва кимёвӣ, ки  шустани онҳо боиси бад  шудани сифати оби руизаминӣ ва зеризаминӣ мегардад, манъ аст.

2.Ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеӣ, соҳибони  воситаҳои нақлиёти обӣ, хатҳои  қубурҳо, воситаҳои шинокунанда ва дигар объектҳо дар  манбаъҳои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани  равғанҳо, нафт, нуриҳо, заҳрҳо, моддаҳои заҳрдор ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ, ё фаъолияти дигар пешгирӣ намоянд. Онҳое, ки ба ифлос  шудани оби руизаминию  зеризаминӣ бо нуриҳо ва дигар  заҳрҳои кимиёвӣ ва  маҳсулоти зараровар  роҳ  додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибқи тартиби муқараракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …