Главная / Чамъият / Фаъолияти ратсионализатори Конуни ЧТ

Фаъолияти ратсионализатори Конуни ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи фаъолияти ратсионализатори

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2014, №7, к. 2, мод. 420)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили ва иктисодии фаъолияти ратсионализаториро муайян намуда, муносибатхои чамъиятиро вобаста ба он ба танзим медарорад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти ратсионализатори – фаъолияти эчодии шахси вокеи ё гурухи шахсон, ки ба мукаммалгардонии молу махсулот, техника ва технологияи истехсолот равона карда шуда, истифодаи онхо ба сарфаи захирахои мехнати, модди, молияви ва бехсозии шароити мехнат ва экология мусоидат менамояд;

пешниходи ратсионализатори – таклифи дорои халли техники ё ташкили дар хама гуна сохаи фаъолият, ки аз тарафи шахси хукуки эътироф шудааст;

муаллифи пешниходи ратсионализатори – шахси вокеи ё гурухи шахсон, ки бо мехнати эчодии онхо пешниходи ратсионализатори тахия шудааст;

ариза дар бораи пешниходи ратсионализатори – ифодаи хаттии пешниход, ки тибки талаботи мукарраргардидаи Конуни мазкур тартиб дода шудааст;

гувохномаи  ратсионализатори – хуччате, ки афзалияти пешниходи ратсионализатори, муаллифи ба он ва хукук ба подоши муаллифро тасдик мекунад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти ратсионализатори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти ратсионализатори ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Пешниходи ратсионализатори

  1. Хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф карда мешавад:

– таклифи дорои халли техникие, ки мукаммалгардонии конструксияи молу махсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истехсолот ё таркиби молу махсулотро пешбини менамояд ва барои корхонае, ки ба он пешниход шудааст, нав ва фоидаовар аст;

– таклифи дорои халли ташкилии барои корхона нав, ки ба сарфаи захирахои мехнати, модди, молияви, сузишворию энергетики, ашёи хом ва дигар захирахо, инчунин бехсозии шароити мехнат ва экология  мусоидат менамояд.

  1. Пешниходи ратсионализатори метавонад инфироди ё гурухи бошад.
  2. Пешниходи ратсионализатории инфироди пеш-ниходе мебошад, ки аз тарафи як шахси вокеи ва пешниходи ратсионализатории гурухи пешниходе мебошад, ки аз тарафи ду ё зиёда шахсони вокеи тахия шудааст.
  3. Ба шахси вокеи ё гурухи шахсон метавонад шумораи номахдуди пешниходхои ратсионализатори мансуб бошанд.

Моддаи 4. Хифзи хукукии пешниходи ратсионализатори

  1. Хукуки пешниходи ратсионализатори дар асоси конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон эътироф ва хифз гардида, дар худуди корхонае, ки онро хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф намудааст, амал мекунад ва бо гувохномаи ратсионализатори тасдик карда мешавад.
  2. Хачми хифзи хукукии пешниходи ратсионализатори аз руи тавсифномаи он, инчунин накшахо, агар  пешниход шуда бошанд, муайян карда мешавад.

Моддаи 5. Шартхои кобили хифз эътироф кардани пешниходи ратсионализатори

  1. Пешниходи ратсионализатори кобили хифз эътироф карда мешавад, агар он барои корхона таклифи дорои халли техники ё ташкилии наву фоидаовар бошад.
  2. Пешниходхо кобили хифз эътироф карда намешаванд, агар:

– эътимодияти истифода ва мустахкамии конструксияхо, амнияти ахоли ва худудро дар холатхои фавкулода паст намоянд ва ба таъмини бехдошти холати санитарии кормандон, хифзи мухити зист, бехатарии зиддисухтори, бехатарии мехнат, инчунин нишондихандахои дигари стандартхои милли ва байналмилали мутобикат накунанд;

– аз аломатхои шарти, коидахо, маводи меъёрию методи иборат бошанд;

– танхо вазифа гузоранд ё самараи эхтимолии татбики пешниходхоро бе нишон додани таклифи мушаххас муайян намоянд;

– ба талаботи тартиботи чамъияти ва ахлок мухолифат кунанд;

– аз чониби кормандони мухандисиву техники ё илмии муассисахои илми-тахкикоти, лоихакаши, конструктори, технологи ё зерсохторхои дигар корхонахо дар хамин соха дар раванди ичрои вазифахои хизмати ё корхои шартномавии бо онхо вобастабуда тахия шуда бошанд.

  1. Тартиби мансуб донистани пешниходхо ба пеш-ниходхои дар раванди ичрои вазифахои хизмати тахияшударо корхона мукаррар менамояд.

Моддаи 6. Хукуки муаллифи ба пешниходи ратсионализатори

  1. Хукуки муаллифи ба пешниходи ратсионализатори хукуки шахсии бегонанашавада буда, бемухлат хифз  карда мешавад.
  2. Дар мавриде, ки пешниходи ратсионализатори аз тарафи ду ва ё зиёда шахсони вокеи дар якчояги тахия шуда бошад, хар яке аз онхо хаммуаллифи он ба хисоб рафта, дорои хукуки муаллифи оид ба ин пешниход мебошанд.
  3. Хайати хаммуаллифони пешниходи ратсионализатори дар асоси созиши хамаи шахсоне, ки ба аризаи пешниходшаванда хамрох гардидаанд, муайян карда мешавад. Тагйир додани хайати хаммуаллифон баъди пешниходи ариза манъ аст. Дар холатхои истиснои, агар доир ба хукуки муаллифи бахс вучуд надошта ва карор оид ба пешниход кабул нагардида бошад, масъалаи тагйир додани хайати хаммуаллифон  метавонад аз тарафи корхона барраси шавад.
  4. Тартиби истифодаи хукуки муаллифи ба пешниходи ратсионализатори дар созишномаи байни хаммуаллифон мукаррар карда мешавад.
  5. Шахси вокеие, ки ба муаллиф дар тахияи хамин пешниход танхо ёрии техники, ташкили ё модди расонидааст ва ё дар барасмиятдарории хукук ба ин пешниход ё истифодаи он дар истехсолот мусоидат намудааст, хаммуаллифи пешниходи ратсионализатори эътироф намегардад.
  6. Азхудкунии хукуки муаллифи ё мачбур кардан ба хаммуаллифи манъ аст.
  7. Агар пешниходи ратсионализатори аз тарафи якчанд шахсони вокеи дар алохидаги тахия шуда бошад, хукуки муаллифи ба шахсе дода мешавад, ки санаи воридшавии аризаи у пештар бошад.
  8. Хукукхои муаллифи пешниходи ратсионализатори, ки нисбаташ ворисии хукуки татбик мегардад, ба меросхурони у бо васиятнома ё тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дода мешаванд.

Моддаи 7. Истифодаи пешниходи ратсионализатори

  1. Пешниходи ратсионализатории мансуб ба мукаммалгардонии конструксияи молу махсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истехсолот ё таркиби молу махсулот аз рузи сохта шудан ва ё истифода дар шакли махсулоти сохташуда (татбикшуда) хамчун пешниходи истифодашаванда эътироф карда мешавад.
  2. Пешниходи ратсионализатори, ки ба сарфаи захирахои мехнати, модди, молияви, сузишворию энергетики, ашёи хом ва дигар захирахо, инчунин бехсозии шароити мехнат ва экология  мусоидат менамояд, аз рузи аввали истифодаи он хамчун пешниходи истифодашаванда эътироф карда мешавад.
  3. Истифодаи пешниходи ратсионализатори бо санади дахлдор, ки на дертар аз як мох аз санаи истифодаи пешниходи мазкур тартиб дода мешавад, тасдик мегардад.

БОБИ 2.

БАРАСМИЯТДАРОРИИ ХУКУКИ МУАЛЛИФИ БА ПЕШНИХОДИ РАТСИОНАЛИЗАТОРИ

Моддаи 8. Пешниходи ариза

  1. Барои эътироф шудани пешниходи ратсионализатори муаллиф ба рохбарияти корхонае, ки ин пешниход ба фаъолияти он алокаманд аст, аризаи шакли мукарраршуда месупорад.
  2. Ариза доир ба хар як таклифи дорои халли техники ё ташкили дар алохидаги пешниход карда мешавад.
  3. Агар пешниход дар якчанд корхона истифода шуданаш мумкин бошад, муаллиф метавонад аризаашро ба рохбарияти яке аз онхо пешниход намояд. Хукуки муаллиф ба додани ариза доир ба хамон як пешниход ба корхонаи дигар дар асоси шартнома байни муаллиф ва рохбарияти корхонае, ки ба он каблан ариза ворид шуда буд, танзим мешавад.
  4. Дар ариза номи пешниход, маълумот дар бораи муаллиф ё хаммуаллифон (насаб, ном ва номи падар, чои кор, мансаб) нишон дода мешаванд. Агар ариза аз тарафи шахсе дода шавад, ки дар корхона кор намекунад, дар ариза сурогаи чои истикомат нишон дода мешавад.
  5. Дар ариза оид ба таклифи дорои халли техники ба гайр аз маълумоти дар кисми 4 хамин модда пешбинишуда, инчунин нуксонхои дар конструксияи тачхизот, технологияи истехсолот, техникаи истифодашаванда ва ё таркиби молхо чойдошта ва зарурати тагйиру такмили онхо, мохияти таклифи дорои халли техникии пешниходшаванда барои татбики амалии он, хамчунин маълумот дар бораи натичаи мусбии истифодаи он нишон дода мешаванд.
  6. Дар ариза доир ба таклифи дорои халли ташкили ба гайр аз маълумоти дар кисми 4 хамин модда пешбинишуда, инчунин асосноккунии зарурати татбики амалии он, мохияти пешниход, маълумот дар бораи фоидаи иктисоди ва ё дигар натичаи мусбии истифодаи он нишон дода мешавад.
  7. Дар мавриди зарури ба ариза замима  мешаванд:

– маводи чадвали (графики) ва хуччатхои дигар (расмхо, тарххо, ангорахо);

– хисоби эхтимолияти натичагири аз истифодаи таклифи пешниходшуда;

– созишномаи хаммуаллифон дар бораи таксими маблаги подош дар байни онхо.

  1. Ариза ва маводи ба он замимагардида аз тарафи муаллиф ё хамаи хаммуаллифони дар ариза номбаршуда бояд имзо карда шаванд ва санаи пешниходшавии онхо гузошта шавад.
  2. Маводи дар кисми 7 хамин модда пешбинишуда якчоя бо ариза дар мухлати як мох ба рохбарияти корхона пешниход карда мешаванд.  Агар аризадиханда маводи мазкурро дар мухлати муайяншуда пешниход накунад ва ё тамдиди ин мухлатро дархост нанамояд, баррасии ариза катъ мегардад.
  3. Ариза ва маводи ба он замимагардида ба забони давлати ба расмият дароварда мешаванд. Мумкин аст онхо ба забони руси ва дигар забонхо пешниход гарданд.  Дар ин сурат тарчумаи онхо бояд ба забони давлати дар давоми як мох аз рузи додани ариза ба рохбарияти корхона пешниход карда шавад.

Моддаи 9. Бакайдгирии ариза

  1. Ариза новобаста ба чои кори аризадиханда аз тарафи корхона кабул карда мешавад, агар пешниход ба фаъолияти ин корхона мансуб бошад.
  2. Дар хусуси мутобикати аризаи воридшуда ба талаботи Конуни мазкур санчиш гузаронида шуда, он дар муддати панч руз аз санаи воридшави дар дафтари бакайдгирии аризахо дар бораи пешниходхои ратсионализатори ба кайд гирифта  мешавад.

Моддаи 10. Афзалияти пешниходи ратсионализатори

  1. Афзалияти пешниходи ратсионализатори аз руи санаи ба корхона ворид шудани ариза дар бораи пешниходи ратсионализатори мукаррар карда мешавад.
  2. Афзалият ба муаллифе дода мешавад, ки аввалин шуда бо тартиби мукарраргардида оид ба пешниходи мазкур ариза додааст.

 

Моддаи 11. Ворид намудани тагйиру иловахо ба маводи ба ариза замимагардида бо    ташаббуси аризадиханда

 

  1. Баъди ба кайд гирифтани ариза, аммо то кабули карор аз руи он, аризадиханда бе тагйир додани мохияти пешниход метавонад ба тавсифи он, накша ва тарху ангорахо тагйиру иловахо ворид намояд. Тагйиру иловахо бояд дар вараки алохида бо нишон додани санаи пешниходи онхо аз тарафи муаллиф (хаммуаллифон) имзо карда шаванд.
  2. Тагйир додани мохияти пешниход хамчун пешниходи нав маънидод мегардад ва он бояд бо аризаи алохида ба расмият дароварда шавад.

 

Моддаи 12. Хулоса оид ба ариза

  1. Аризаи дар корхона бакайдгирифташуда барои додани хулоса ба зерсохторхо ва хадамоти дахлдори корхона, ки он ба фаъолияташон бевосита алокаманд аст, ирсол мегардад.
  2. Дар хулоса мавчуд будани таклифи дорои халли техники дар пешниход  тасдик ё рад карда шуда, навгони ва фоиданокии он арзёби мегардад. Дар сурате, ки таклиф дорои халли ташкили бошад, навгони ва фоиданокии иктисоди ва ё дигар натичаи мусбии истифодаи он арзёби мешавад.

 

Моддаи 13. Баррасии ариза

  1. Рохбарияти корхона баъд аз гирифтани хулоса аризаро барраси намуда, оид ба он дар мухлати як мох аз рузи воридшавиаш карор кабул мекунад.
  2. Карор метавонад аз тарафи рохбари корхона ё аз тарафи рохбари зерсохтор ва хадамоти дахлдоре, ки бо фармони (амри) рохбари корхона он ба зиммааш вогузор шудааст, кабул гардад.
  3. Доир ба пешниходи арзшуда яке аз карорхои зерин кабул карда мешавад:

– пешниход хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф карда шуда, бо муаллиф (хаммуаллифон) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон шартнома баста шавад;

– санчиши тачрибавии пешниход гузаронида шавад;

– пешниход кисман ратсионализатори эътироф карда шавад;

– пешниход рад карда шавад.

  1. Дар мавриди зарурати гузаронидани санчиши тачрибави оид ба пешниход ва ё гирифтани ичозат барои тагйири хуччатхои меъёри ё техникии тасдикшуда мухлати баррасии ариза, ки дар кисми 1 хамин модда мукаррар шудааст, то анчом додани корхо (истехсоли намуна, озмоиши он) ё гирифтани ичозат тамдид карда мешавад. Дар бораи кароре, ки баъди ба итмом расидани санчиши тачрибавии пешниход кабул гардидааст, дар мухлати як мох аз рузи анчоми санчиши тачрибавии пешниход ба муаллиф иттилоъ дода мешавад.
  2. Дар мавриди кисман ратсионализатори эътироф гардидани пешниход дар карор нишон дода мешавад, ки кадом кисми таклифи дорои халли техники хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф карда шудааст.
  3. Дар карор оид ба радди пешниходи арзшуда бояд сабабхои рад кардан нишон дода шаванд.
  4. Карор оид ба пешниходи арзшуда дар мухлати панч руз аз санаи кабули он ба маълумоти муаллиф (хаммуаллифон) расонида мешавад.

Моддаи 14. Бозпасгирии ариза

  1. Аризадиханда хукук дорад аризаашро на дертар аз санаи кабули карор аз руи он бозпас гирад.
  2. Дар мавриди мавчуд будани якчанд аризадиханда, ариза метавонад танхо бо розигии хар яке аз онхо бозпас гирифта шавад.

Моддаи 15. Додани гувохномаи ратсионализатори

  1. Дар мухлати як мох аз рузи кабули карор дар бораи хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф намудани пешниход ба муаллиф ва (ё) ба хар яке аз хаммуаллифон гувохномаи ратсионализатори дода мешавад. Барасмиятдарории гувохномаи ратсионализатори бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Гувохномаи ратсионализатори бо имзои рохбари корхона ва мухри он тасдик карда мешавад. Гувохномаи ратсионализатори хуччати бемухлат мебошад.
  3. Гувохномаи ратсионализатории то мавриди амал карор гирифтани конуни мазкур додашуда бо гувохномаи ратсионализатории тибки хамин Конун додашуда эътибори баробари хукуки дорад.

Моддаи 16. Бекор кардани карор дар бораи эътирофи пешниходи ратсионализатори

Карор дар бораи эътирофи пешниходи ратсионализатори дар сурати ошкор гардидани риоя накардани мукаррароти Конуни мазкур танхо дар холати то ба муаллиф (хаммуаллифон) додани подош барои хамин пешниход метавонад аз тарафи рохбари корхона бекор карда шавад.

Моддаи 17. Шикоят оид ба радди эътироф ё бекор кардани карор дар бораи эътирофи

                         пешниходи ратсионализатори

  1. Барои баррасии шикоят оид ба радди эътирофи пешниход хамчун пешниходи ратсионализатори ё бекор кардани карор дар бораи эътирофи пешниходи ратсионализатори дар корхона Комиссияи халли бахсхо дар хайати намояндагони маъмурият ва шурои ташкилоти ибтидоии Чамъияти ратсионализаторон ё намояндагони иттифоки касабаи корхона таъсис дода мешавад.
  2. Муаллифи пешниход хукук дорад оид ба радди эътирофи пешниход хамчун пешниходи ратсионализатори ва ё бекор кардани карор дар бораи эътирофи пешниходи ратсионализатори дар мухлати ду мох аз рузи кабули карори мазкур ба Комиссияи халли бахсхо шикоят намояд.
  3. Муаллифи пешниход хукук дорад дар баррасии шикояти худ иштирок намояд.

БОБИ 3.

ТАШКИЛ ВА МАБЛАГГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРИ

Моддаи 18. Ташкили фаъолияти ратсионализатори дар корхона

  1. Корхона бо максади ташкили фаъолияти ратсионализатори:

– корхоро оид ба фаъолияти ратсионализатори ташкил карда, ба таъсис додани ташкилоти ибтидоии Чамъияти ратсионализаторон мусоидат менамояд;

– барои рушди фаъолияти ратсионализатори шароит фарохам меорад;

– аризахоро оид ба пешниходхои ратсионализаторие, ки ба фаъолияти он вобаста аст, кабул ва барраси менамояд;

– номгуйи вазифахоеро, ки халли онхо тавсия мешавад, тахия менамояд;

– озмунхо ва дигар чорабинихоро мегузаронад;

– бо тартиби мукарраргардида ба ратсионализаторон подош ва барои мусоидат дар истифодаи пешниходхои ратсионализатори мукофотпули медихад;

– Комиссияи халли бахсхоро таъсис медихад;

– бо тартиби мукарраргардида бахисобгири ва хисоботро оид ба истифодаи пешниходхои ратсионализатори пеш мебарад.

  1. Корхона метавонад низомнома дар бораи фаъолияти ратсионализатори ва  тартиби баррасии аризахоро оид ба пешниходхои ратсионализатори тахия ва тасдик намояд.

Моддаи 19. Маблаггузории фаъолияти ратсионализатори

  1. Харочот вобаста ба фаъолияти ратсионализатори ба арзиши аслии махсулоти корхона мансуб буда, аз чумла харочоти зеринро дар бар мегирад:

– барои гузаронидани корхои тачрибавию озмоиши;

– барои тайёр кардан ва санчидани тамсилаву (моделу) намунахо аз руи пешниходи ратсионализатори;

– ташкили намоишгоху озмунхо ва чорабинихои дигар;

– пардохти подош барои пешниходхои ратсионализатори.

  1. Ташкилотхои бучети маблаггузории фаъолияти ратсионализаториро аз хисоби сарфаи маблагхое, ки аз дигар намудхои фаъолият мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба даст меоянд, амали менамоянд.

Моддаи 20. Чамъияти ратсионализаторони Чумхурии Точикистон

  1. Бо максади рушд ва хамохангсозии фаъолияти ратсионализатори Чамъияти ратсионализаторони Чумхурии Точикистон таъсис дода мешавад.
  2. Чамъияти ратсионализаторон назорати чамъиятии риояи хукукхои муаллифони пешниходхои ратсионализатори ва хифзи манфиатхои онхоро амали менамояд.

БОБИ 4.

ПОДОШ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРИ

Моддаи 21. Хукук ба подош

  1. Муаллифи (хаммуаллифони) пешниходи ратсионализатори хукуки гирифтани подошро дорад.
  2. Подош аз тарафи корхонае, ки пешниходи ратсионализаториро эътироф намудааст, ба муаллиф (хаммуаллифон) дар холатхои зерин пардохт карда мешавад:

– пешниходи ратсионализатори аз тарафи корхона истифода (татбик) шудааст;

– хамчун пешпардохт дар мавриде, ки пешниход, хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф карда шудааст;

– пешниходи ратсионализатори ба хуччатхои техникии дар асоси шартнома ба корхонаи дигар додашуда ворид карда шудааст.

Моддаи 22. Андозаи подош

  1. Андозаи подош барои пешниходи ратсионализатори аз тарафи корхона дар  мувофика бо муаллиф (хаммуаллифон) муайян карда шуда, дар шартномаи байни онхо басташуда дарч мегардад.
  2. Агар пешниходи муаллиф (хаммуаллифон) дар якчанд корхона хамчун пешниходи ратсионализатори эътироф шуда бошад, хар яке аз ин корхонахо новобаста ба дигархо, ба муаллиф (хаммуаллифон) подош медихад.

Моддаи 23. Хавасмандгардонии давлатии фаъолияти ратсионализатори

Бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мумкин аст муаллифи (хаммуаллифони) пешниходи ратсионализатори ба гирифтани мукофоти давлати, унвони фахри ва дигар мукофотхо пешниход карда шаванд.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 24. Баррасии бахсхо

 

Бахсхо вобаста ба фаъолияти ратсионализатори дар Комиссияи халли бахсхо ё бо тартиби суди барраси карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Хукуку ухдадорихои шахсони вокеи ва хукукии хоричи

Шахсони вокеи ва хукукии хоричи баробари шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон аз хукуку ухдадорихои пешбининамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба фаъолияти ратсионализатори истифода мебаранд.

Моддаи 26. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                           Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1123

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …