Моддаи 211-и Кодекси Мехнат. Давомнокии вакти кори барои кормандони ба синни хаждах нарасида
Барои кормандони ба синни хаждах нарасида давомнокии вакти кутохи кори мукаррар карда мешавад:
– барои кормандони аз чордахсола то шонздахсола – на зиёда аз 24 соат дар як хафта;
– барои кормандони аз шонздахсола то хаждахсола – на зиёда аз 35 соат дар як хафта;
– барои таълимгирандагони муассисахои таълими, ки якчоя дар давраи соли тахсил кор ва тахсил мекунанд, аз чордахсола то шонздахсола – 2,5 соат дар як руз ва аз шонздахсола то хаждахсола – 3,5 соат дар як руз.