Моддаи 211-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида
Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кўтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад:
– барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола – на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;
– барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола – на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;
– барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола – 2,5 соат дар як рўз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола – 3,5 соат дар як рўз.