Главная / Чамъият / Муваккатан манъ кардани фаъолият

Муваккатан манъ кардани фаъолият

Моддаи 75-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Муваккатан манъ кардани фаъолият 

  1. Муваккатан манъ кардани фаъолият аз он иборат аст, ки то аз чониби макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) барраси гардидани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ба мухлати кутох фаъолияти ташкилотхо, филиалхо, намояндагихо, вохидхои сохтории ташкилотхо, китъахои истехсоли, инчунин истифодаи агрегатхо, бинохо ва иншоот, анчом додани баъзе намудхои фаъолият (кор ва хизматрасони) катъ карда мешавад. Фаъолият мумкин аст дар сурате муваккатан манъ карда шавад, ки барои содир кардани хукуквайронкунии маъмури таъин кардани чазо бо тарики боздошти маъмурии фаъолият пешбини шуда бошад. Фаъолият метавонад танхо дар холатхои истисноие муваккатан манъ гардад, ки он барои пешгирии тахдиди  бевосита ба хаёт ё саломатии одамон ва зухуроти эпидемия, эпизоотия, захролудшавии (ифлосшавии) объектхои тахти карантин карордошта бо объектхои карантини, фарорасии фалокатхои радиатсиони ё техногени ва расонидани зарари чидди ба холат ё сифати мухити зист зарур ва пешгирии холатхои зикргардида бо дигар воситахо гайриимкон бошад.
  2. Муваккатан манъ кардани фаъолият аз чониби шахси мансабдори ваколатдор мутобики Кодекси мазкур бо тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад.
  3. Дар бораи муваккатан манъ кардани фаъолият карор кабул карда мешавад, ки дар он асосхои татбики ин чораи таъминкунандаи пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури, сана ва махалли тартиб додани он, вазифа, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдори карорро кабулкарда, маълумот дар бораи шахсе, ки нисбати у пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад, инчунин дар бораи объекти фаъолияташ муваккатан манъшуда, рузи катъи вокеии фаъолият ва баёноти шахрванде, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд ё намояндаи шахси хукуки нишон дода мешаванд.
  4. Ба протоколи муваккатан манъ кардани фаъолият, ки чихати ичрои карор дар бораи муваккатан манъ кардани фаъолият тартиб дода мешавад, шахси мансабдори онро тартибдода ва шахрванде, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд ё намояндаи шахси хукуки имзо мегузоранд. Дар сурати ба протокол имзо нагузоштани яке аз шахсони зикргардида аз тарафи шахси мансабдор дар протокол кайди дахлдор гузошта мешавад.
  5. Нусхаи протоколи муваккатан манъ кардани фаъолият тибки дастхат ба шахрванде, ки фаъолияти сохибкориро бе таъсиси шахси хукуки амали менамояд ё ба намояндаи шахси хукуки супорида мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …