Главная / Илм / ДУГ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)

ДУГ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)

dug-660x330Инро дар баъзе махалхои точикон аз узбеки гирифта, айрон хам меноманд. Ин чурготест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хох бо чархчуб (пишкак), хох дар машке харакат дода, маскаи онро гирифта, бокиашро монда бошанд — ин дуг аст. Бехтаринаш он аст, ки тоза аз чурготи шири гов дуг тайёр карда шуда бошад. Мизочи ин дуг дар дарачаи дувум сард ва тар аст, вале тари дар он назар ба хушки зиёдтар мебошад.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бинушанд, чушиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, бохи (пушти камари) одамони гарммизочро ба харакат меоварад, иштихоро мекушояд, баданро фарбех мекунад, шиддати таби дик (логаркунанда), захрхои гарммизоч ва хароратро хомуш месозад; тафси меъда ва чигарро, ки сабабаш гарми бошад, басанда мегардонад, инчунин ташнагиро таскин медихад. Агар инро бо рими (дажголи) охан ва итрифал (маъчуни иборат аз халила, балила ва омула) даромехта биёшоманд, меъдаро кувват мебахшад; агар охани тафсонро дар он сард карда ё сангрезахои тафсонро дар он сард карда, баъд он дугро бинушанд, исхоли хунин ва сафровиро мебандад. Биринч ё орди чави тафсонидашударо дар дуг пухта бихуранд, барои исхоле, ки аз гарми бошад, бисёр даво ва ба он одам гизои хубест ва инчунин барои фарбех кардани бадан воситаи хубе мебошад.

Барои таби дик 75 грамм дугро бо 45 грамм нони хушк ошомиданро раво медонанд ва аз ин зиёдашро чоиз намешуморанд. Дастури ошомидан хангоми таб, кай ва беморихои гарм ва тез чунин аст: дуги нави чурготи шири говро гирифта, нагз биполоянд, ки тамоми маскаи он чудо гардад ва равган дар он асло намонад. Баъд панч-шаш соат бигузоранд, ки таъмаш хуш ва андак туршмаза гардад. Сони хуб бархам зананд, яъне бикованд, то он ки обияташ дар худ омехта шавад. Пас нони тунукмайдаи холисро микдори 35 грамм гирифта, реза карда, дар 105 грамм аз он дуг хамрох кунанду бигузоранд, то ба хам хуб омехта гардад, пас тановул намоянд. Ва агар аз ин ним микдор зиёда хоханд ва эхтиёч бештар бошад, ба хамин таносуб зиёда намоянд; рузи дувум 17,5 грамм дуг бияфзоянд ва аз нон 3,5 грамм кам созанд ва инак, хамчунин хар руз 17,5 грамм дугро зиёда карда, аз нон 3,5 грамм кам намоянд, то он ки дуги холис бимонад ва одат ба он хосил гардад.

Чун тарк намудан хоханд, баръакс амал кунанд, то ба микдори рузи аввала бирасад. Баъзе табибон аз нуктаи назари камоли эхтиёт гуфтанд, ки аз 35 грамм дуг ва 3,5 грамм нон бияфзоянд, то ки дуг ба 105 грамм расад ва агар зиёда аз 105 грамм хоханд, ба хамин таносуб зиёда намоянд ва ба тадрич кам гардонанд. Аммо касоне, ки ба дуг нушидан одат карда бошанд, ба ин тадбир мухточ нестанд, балки хамин риоят кифояти хазм ва ба он кас, ки ба таби бадбу гирифтор набошад, кифоя аст. Зеро ки дар вакти гирифтани таби бадбу нушидани он чоиз нест, балки факат гармии хаво ва риккат (суюки) ва тезии модда, монанди таби руздармиёнгирандаи холис ва монанди ин беморихои дигар ошомиданро талаб мекунад. Он чое, ки бадбуйй дар ахлот (моддахо) мавчуд бошад, бо курси табошир (магзи миёни най) тановул намоянд. Ва хангоме ки мизочи он мулоимкунандаи дарун бошад ва боз бар болояш давои мулоимкунанда бихуранд, боиси заиф гаштани гурда мегардад.

Чун тухми чилмангуштак (семизут)-ро куфта, се мартаба дугро ба он чаббонанду хушк кунанд, баъд микдори камеро аз он тухм биёшоманд, ташнаги ва хохиши об нушиданро то чанд руз дафъ мекунад — ин аз асрори дарвешон ва зохидон аст. Зарараш: нушидани дуг хангоми гирифтани табхои бадбуйи хилти (модди) зарар дорад бинобар он, ки бадбуйи ба зиёда гаштани иллат сабаб мешавад. Ислохи он дуги нушидаро кай намудан ва баъд ошомидани сиканчабини (сиркоасали) бихиги аст. Чун дуг дар меъдаи сардмизоч турш гардад, чарх задании сар ва бехуширо ба амал меоварад. Ислохи он хам кай кардан ва гуворишот (давохои ширинтаъми хазмовар)-и гарммизоч хурдан аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …