Главная / Илм / ДОРУХОИ СУЛФАНИЛАМИДи

ДОРУХОИ СУЛФАНИЛАМИДи

etazolДОРУХОИ СУЛФАНИЛАМИДи, сулфаниламидхо, моддахое, ки таъсири зиддимикроби доранд. Онхо хосилахои кислотаи сулфанилат мебошанд. Д. с. ба хучайраи микробдор ворид гашта, ба туфайли аз чихати химияви бо кислотаи параминобензоат шабохат доштанашон онро аз синтези кислотаи фолиат махрум месозанд ва бо хамин боиси таъхири сабзишу афзоиши микроорганизмхо мегарданд. Рушду инкишофи хучайрахои организми одам низ ба микдори кислотаи фолиати таркиби онхо вобаста аст. Вале, бар хилофи хучайрахои микробдор, онхо ба синтези кислотаи фолиат кобил нестанд ва кислотаи фолиати тайёрро, ки ба организм асосан бо хурок ворид мегардад, инчунин ба микдори кам дар микрофлораи руда синтез мешавад, истифода мебаранд. Бинобар ин хучайрахои организми одам ба таъсири Д. с. амалан хассос намебошанд.
Д. с.-ро барои табобати беморихое, ки ангезандахои сирояти римнок, сарсоми вогир, газаки шуш, сухтани, хунок, исхоли хунин ва г. ба вучуд меоваранд, истифода мебаранд. Барои табобати бисёр беморихо Д. с.-ро истеъмол менамоянд. Хангоми табобати захм ва беморихои римноки пуст аз мархам, линименту хокахои Д. с., дар мавриди табобати баъзе амрози чашм аз мархаму чакрахое, ки Д. с. доранд, истифода мекунанд. Тарзи таъсири Д. с. як хел буда, аз хамдигар бо дарачаи чаббиш, давомоти таъсир, кобилияти дар узву бофтахо гун шудан фарк мекунанд. Аксарияти Д. с. дар меъдаю руда нагз чаббида мешаванд; онхо ба узвхои гуногун нисбатан осон ворид ва бо пешоб ихроч мегарданд. Таъсири Д. с. кутохмуддат (то 8 соат) ва давомдор (24 – 28 соат) аст. Ба гурухи якум этазол, стрептосид, сулфадимезин, норсулфазол, уросулфан ва г., ба гурухи дуюм сулфапиридазин, сулфадиметоксин ва г. мансубанд.
Д. с.-ро бо тавсияи духтур, ки барои хар бемор доруи мувофикро интихоб мекунад, истифода бурдан лозим. Дар давраи табобат меъёр ва тартиби истеъмоли доруро риоя кардан шарт аст. Вагарна самараи табобат кам шуда, дар организм барои ташаккули микробхои ба Д. с. устувор заминаи мусоид фарохам меояд. Истифодаи дурудароз ва беназорати Д. с. мумкин аст боиси ихтилоли чараёни хунофари, дилбехузури, кай, таассури аллерги (ниг. Аллергия) ва г. гардад. Агар дар давраи табобат бо Д. с. аломатхои таассури аллерги (дамидани доначахо, хориш, варам) пайдо шаванд, фавран бояд ба духтур мурочиат кард (минбаъд дар ин бора ба духтуре, ки дору таъин мекунад, хабар медиханд). Гайр аз ин, баъзе Д. с. мумкин аст боиси ба вучуд омадани санги гурда низ шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …