Главная / Илм / БАРКШИФОи

БАРКШИФОи

barkshifoiБАРКШИФОи, истифодаи чараёни электр, майдонхои электрию электромагнити бо максади муолича ва пешгирии беморихо; яке аз фаслхои физиотерапия. Б.-ро духтур таъин мекунад.
Дар амалияи тиб бештар чараёни доимии электрро ба кор мебаранд, ки шиддати паст ва кувваи кам дорад ва беист ё дар фосилаи муайян бо импулсхои чудогона дода мешавад. Чараёни электр ба организм тавассути лавхачахои филизи (электродхо) ва матои нам, ки ба чойхои муайяни бадан мегузоранд, таъсир мекунад.
Хангоми истифодаи чараёни шиддаташ паст – галванизатсия дар бофтахои хамон чои бадан, ки байни электродхо вокеъ аст, ионхо ба харакат омада, дар хучайра равандхои физикию химияви тагйир меёбанд. Дар натича гардиши хун бехтар ва дард сабук шуда, бофтахои осебдида зуд баркарор мегарданд. Чунин холат хангоми муолича бо чараёни импулси зудтар ба амал меояд. Бинобар ин чараёни импулсиро барои рафъи дард, хангоми ихтилоли хоб, тамрини мушакхои заиф ва г. истифода мекунанд. Агар кабати зери электродро ба махлули дору тар кунем, таъсири чараёни доимии пастшиддат кувват мегирад ва дору тавассути чараён аз пусти осебдида ба бофтахо гузашта, ба организм таъсири дилхох мерасонад. Ин усул электрофорези доруи ном дорад. Бемор хангоми галванизатсия ва электрофорези доруи дар зери электродхо як навъ сихзании мавзун ва дар мавриди истифодаи чараёни импулси ларзиши сабук ва кашиши бедарди мушакхоро хис мекунад.
Истифодаи чараёни тагйирёбандаи импулсии шиддат ва басомадаш баландро дарсонвализатсия мегуянд (аз номи олими франсави д’Арсонвал, ки ин усулро пешниход кардааст). Чараён тавассути электродхои шишаги таъсир мерасонад (онхоро хангоми муолича бо гази дурахшанда – неон пур мекунанд). Дар байни пуст ва электрод безарядии кутох руй медихад ва нугхои асаби пустро ба ангезиш меорад. Дар натича гардиши хун ва тагзияи бофтахо бехтар гардида, дард кам мешавад.
Муолича тавассути майдони тагйирёбандаи магнитии басомадаш пастро магнитотерапия меноманд; дар ин хол беморро тавассути индукторхо – электромагнитхое, ки дар чойхои иллатноки бадан гузошта мешаванд, муолича мекунанд. Майдони тагйирёбандаи магнити ба бофтахо нуфуз карда, боиси тагйироти гуногуни физикию химияви мегардад. Дар мавриди ин дард сабук ва хоришу варами бофтахо кам шуда, рагхо васеъ мегарданд, устухонхои шикаста ба хам меоянд.
Истифодаи майдони тагйирёбандаи магнитии басомадаш баланд индуктотермия ном дорад. Дар ин хол чараёни электр тавассути индуктор – симе, ки чун спирал руи бадан гузошта мешавад, таъсир мерасонад. Чараёни электр дар атрофи сим майдони электри ба вучуд меорад. Хангоми муолича бемор дар зери индуктор гарми хис мекунад. Индуктотермия таъсири зиддиилтихоби дошта, хассосиятро паст (ниг. Аллергия) ва рагхоро васеъ мекунад, дардро таскин мебахшад.
Франклинизатсия усули муоличаест, ки омили таъсирбахши он майдони доимии баландшиддати электри мебошад. Беморро тавассути электродхои сузандори махсус, ки дар болои сар ё чойхои осебдидаи бадан (чарохат, реш) мегузоранд, табобат мекунанд. Дар майдони электри молекулахои хаво тачзия меёбанд ва аэроионхои зарядашон бештар манфи ба вучуд меоянд. Нафас гирифтани аэроионхо хангоми баъзе беморихо таъсири мусоид дорад. Хаво чараёни электрро интихол мекунад ва разряди «ором»-и электр ба вучуд меояд. Дар натичаи ин тадбирхо нафаскаши амик, вазъи асаб, хоб ва кайфияти бемор бехтар мешавад.
Муолича тавассути майдони тагйирёбандаи электрии фавкулбасомад УВЧ-терапия ном дорад. Чараён тавассути лавхахои конденсатори, ки дар болои чойхои осебдидаи бадан мегузоранд, ба организм таъсир мерасонад. Майдони электрии УВЧ таъсири ошкорои зидди илтихоби ва зидди бактерияви дошта, рагхоро васеъ, тагзияи бофтахоро хуб, дардро кам мекунад.
Муоличаи микромавчиро, ки дар он майдони электромагнитии басомади фавкулбаланд истифода мешавад, тавассути нурафканхои гуногуншакл мегузаронанд. Дар мавриди муолича беморон гармиро хис мекунанд. Энергияи афканишот ба бадан то 9 см ворид шуда, рагхоро васеъ ва тагзияи бофтахоро бехтару дардро кам месозад.
Диатермия усули дигари Б. буда, дар ин хол бофтахо тавассути чараёни электри басомадаш баланд гарм карда мешаванд. Холо ба чои он усулхои бехтарини муолича – индуктотермия ва муоличаи микромавчи истифода мегарданд.
Усулхои Б. боиси дард намешаванд, лекин хангоми истифодаи онхо риояи баъзе коидахо зарур аст. Муолича пас аз 1 – 1,5 соати истеъмоли гизо тавсия мешавад. Хангоми муолича даст расондан ба дастгох, батареяхо, кранхо ва г. мумкин нест. Бемор бояд дароз кашад (ё нишинад), нахобад, чизе нахонад, электродхоро начунбонад, дар мавриди пайдо шудани эхсоси нохуш ба хамшираи тибби ё духтур мурочиат кунад. Хангоми Б. дар бадани бемор бояд порахои металл, тир ва дар либосаш ашёи филизи набошад. Дандонхои филизи ба истифодаи электродхо монеъ намешаванд, зеро дар ин хол шиддати таъсир хеле пас аст. Баъд аз Б. камаш ним соат истирохат бояд кард. Баъди муолича бо микромавч, УВЧ ва индуктотермия, ки кас бисёр гарм мешавад, вакти берун баромадан худро аз шамолхури эхтиёт кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …