Чи тавре кайд кардем, хамаи гуногунии хосияти молекулахои сафедаги дар нихояти кор бо структураи якумини онхо, яъне бо пайдархамии аминокислотахо муайян мегардад. Барои синтез шудани сафеда, ахбор оид ба пайдархамии (пайихам чойгиршавии) аминокислотахо дар структураи якумини он бояд ба рибосома расонда шавад.
Ин раванд ду давра ё худ ду мархиларо дар бар мегирад: транскрипсия ва транслятсия.