Главная / Илм / АБУСАХЛИ МАСЕХИ

АБУСАХЛИ МАСЕХИ

imagesАБУСАХЛИ МАСЕХИ, Абусахл Исо ибни Яхёи Масехии Чурчони (с. тав. номаълум – ваф. дар худуди 1011), табиб, аз муосирони Абуали ибни Сино. То с. 403 х. дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндаги ва фаъолият дошт. А. М. устод ва дусти наздики Абуалии Сино буд. Онхо дар Хоразм хамрох кор кардаанд. Харду узви мачлиси уламои Абулаббоси Маъмун буданд. Баъди истилои Хоразм аз чониби Султон Махмуди Газнави, ба аъзои «Академияи Маъмун» амр шуд, ки ба пойтахт – ш. Газна гузаранд. Аммо А. М. ва Абуалии Сино ин пешниходро рад карда, с. 1012 пинхони Хоразмро тарк намуданд. Онхо аз тарики биёбони Карокум рохи Эронро пеш гирифтанд. Душвории рох ба саломатии А. М. таъсири бад расонд ва у дар он биёбон вафот кард. Мазхабуддин Абдуррахим ибни Али гуфта, ки «. дар миёни мутакаддимон ва муттаахирин атиббои насоро надидаам ахадеро, ки дар фасохати калому чавдати баён монанди Абусахл бошад». Бино ба гуфтаи Низомии Арузии Самарканди, соли вафоти А. М. бо соли Хоразмро забт кардани Султон Махмуди Газнави марбут будааст. Ва агар чунин аст, пас санаи фавти у огози асри панчуми хичри, яъне такр. с. 1011 мебошад. Китоби машхури А. М. «Ал-Миа фи – с-синоати-т-тиббия» аст. Китоб бо услуби комус навишта шуда, аз се кисмат иборат мебошад. Кисмати якум ба бехдошти гизо ва тасвири хосияти давохо, кисмати дуюм ба масоили умумии тиб ва кисмати сеюм ба масъалахои табобат бахшида шудааст. Чанд рисолаи дигаре низ аз у дар даст хаст. А. М. дар хандаса, нучум ва хикмат низ таълифот доштааст.
Ад.: Мухаммад Муъин, Фарханги форси, ч. 5, Техрон, 1379 х. ш.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …