Главная / Илм / АБУБАКР РАБЕЪ ИБНИ АЊМАДИ АХАВАЙНИИ БУХОРИ

АБУБАКР РАБЕЪ ИБНИ АЊМАДИ АХАВАЙНИИ БУХОРИ

imagesАБУБАКР РАБЕЪ ИБНИ АЊМАДИ АХАВАЙНИИ БУХОРИ (с.тав.номаълум – ваф.тахм. байни солњои 983-984), табиб. Кунияи уро «Абубакр», «Абуњаким» зикр кардаанд. А. бо номхои Ахави, Аха- вайн, Ачавайни низ шухрат ёфтааст. Рочеъ ба рузгори А. ахбори сахехе дар даст нест. Аз матни «Хидояту-л-мутааллимин фи-т- тиб» бармеояд, ки А. аз пизишкони маъ- руфи асри хеш буда, хама умр ба табобат иштигол доштааст. А. дар муоличаи молихулиё дасте тамом дошта, ба унвони «пизишки девонагон» низ шинохта шуда- аст. Бар асоси шавохиде, ки худ дар ки- тоби «Хидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб» зикр кардааст, маълум мегардад, ки А. аз ахли Бухоро будааст. Таърихи вафоти А. сарехан маълум нест. Мучтабо Минави бо таваччух ба он ки пизишки ахди Сомониён худро тарбиятёфтаи шогирди Закариёи Рози номидааст, вафоти уро с. 983-984 донистааст. Маъруфтарин асари А. «Хидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб» аст, ки соли таълифи он низ дакикан рушан нест. «Хидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб» асари маъруфу боарзиш ва яке аз кухантарин китобхои пизишки ба забони форсии дари аст. Муаллиф онро барои фарзанди худ таълиф карда, аз тачрибахои беш аз 30- солаи худ ёдовар шудааст. А. дар таълифи асари мазкур аз тачрибахои бузургоне ба монанди Мухаммад Закариёи Рози, Собит ибни Курра, Яхё ибни Мосуя, Чолинус, Букрот ва диг. бахра бурдааст. Ба кавли Низомии Арузии Самарканди ва диг. ула- мои муътабар, «Хидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб», ки бо номи «Китобу-л-хидояти- л-мутааллимин фи-т-тиб» низ шухрат ёф- тааст, аз чумлаи китобхои дарсии мутадо- вил дар асрхои миёна махсуб мешудааст.
Ад.: Ахавайнии Бухори, Рабеъ, «Хидояту-л- мутааллимин» (Ба кушиши Чалоли Матини), Машхад, 1344; Доирату-л-маорифи бузурги исломи, ч. 7, Техрон, 1377; Мероси Оли Сомон, Хучанд, 2001; Низомии Арузи, «Чахор макола» (Ба кушиши Мухаммад Казвини ва Мухаммад Муин), Техрон, 1333.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …