Главная / Илм / АБЎБАКР РАБЕЪ ИБНИ АЊМАДИ АХАВАЙНИИ БУХОРИ

АБЎБАКР РАБЕЪ ИБНИ АЊМАДИ АХАВАЙНИИ БУХОРИ

imagesАБЎБАКР РАБЕЪ ИБНИ АЊМАДИ АХАВАЙНИИ БУХОРИ (с.тав.номаълум – ваф.тахм. байни солњои 983-984), табиб. Кунияи ўро «Абўбакр», «Абўњаким» зикр кардаанд. А. бо номҳои Ахавӣ, Аха- вайн, Ачавайнӣ низ шӯҳрат ёфтааст. Рочеъ ба рӯзгори А. ахбори саҳеҳе дар даст нест. Аз матни «Ҳидояту-л-мутааллимин фӣ-т- тиб» бармеояд, ки А. аз пизишкони маъ- руфи асри хеш буда, ҳама умр ба табобат иштиғол доштааст. А. дар муоличаи молихулиё дасте тамом дошта, ба унвони «пизишки девонагон» низ шинохта шуда- аст. Бар асоси шавоҳиде, ки худ дар ки- тоби «Ҳидояту-л-мутааллимин фӣ-т-тиб» зикр кардааст, маълум мегардад, ки А. аз аҳли Бухоро будааст. Таърихи вафоти А. сареҳан маълум нест. Мучтабо Минавӣ бо таваччӯҳ ба он ки пизишки аҳди Сомониён худро тарбиятёфтаи шогирди Закариёи Розӣ номидааст, вафоти ӯро с. 983-984 донистааст. Маъруфтарин асари А. «Ҳидояту-л-мутааллимин фӣ-т-тиб» аст, ки соли таълифи он низ дақиқан рӯшан нест. «Ҳидояту-л-мутааллимин фӣ-т-тиб» асари маъруфу боарзиш ва яке аз куҳантарин китобҳои пизишкӣ ба забони форсии дарӣ аст. Муаллиф онро барои фарзанди худ таълиф карда, аз тачрибаҳои беш аз 30- солаи худ ёдовар шудааст. А. дар таълифи асари мазкур аз тачрибаҳои бузургоне ба монанди Муҳаммад Закариёи Розӣ, Собит ибни Қурра, Яҳё ибни Мосуя, Ҷолинус, Буқрот ва диг. баҳра бурдааст. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ ва диг. ула- мои мӯътабар, «Ҳидояту-л-мутааллимин фи-т-тиб», ки бо номи «Китобу-л-ҳидояти- л-мутааллимин фи-т-тиб» низ шӯҳрат ёф- тааст, аз чумлаи китобҳои дарсии мутадо- вил дар асрҳои миёна маҳсуб мешудааст.
Ад.: Ахавайнии Бухорӣ, Рабеъ, «Ҳидояту-л- мутааллимин» (Ба кӯшиши Ҷалоли Матинӣ), Машҳад, 1344; Доирату-л-маорифи бузурги исломӣ, ч. 7, Теҳрон, 1377; Мероси Оли Сомон, Хучанд, 2001; Низомии Арӯзӣ, «Чаҳор мақола» (Ба кӯшиши Муҳаммад Қазвинӣ ва Муҳаммад Муин), Теҳрон, 1333.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …