Главная / Илм / ЖУНТ

ЖУНТ

istochnikЖУНТ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. чапи д. Гармчашма, 500 м шарқтари деҳаи Жунт ҷойгир аст. Баландиаш аз с. б. 2780 м. Дебиташ – 0,1 – 0,2 л/сон., минералнокиаш –2,7 г/л. Ҳарор. обаш +12 – +170С. Таркиби оби чашма аз ангидриди озоди карбон (220 мг/л), кислотаи силикат (90,0 мг/л), катионҳои калтсий (321), натрий (178 мг/л), магний (91,0 мг/л), калий (24,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (1196 мг/л), сулфатҳо (485 мг/л), хлоридҳо (108 мг/л), инчунин микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол (оҳан, титан, мис, никел, кобалт, бром ва йод) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, пешобдон ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба обҳои сулфатдори нарзани Кисловодск ва Хмелнитский шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …