Главная / Илм / ЗАРИФОВ Соиб

ЗАРИФОВ Соиб

nophotoЗАРИФОВ Соиб (тав. 15. 02. 1943, ноҳ. Айнӣ – 12 03 2010, Душанбе), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1998). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1966). Сардухтури диспансери зидди бемориҳои сили ш. Регар (ҳоло Турсунзода; 1966 – 69), ординатори клиникӣ оид ба ихтисоси ҷарроҳ (1969 – 71) ва аспиранти кафедраи ҷарроҳии ДДТТ (1971 – 74), духтур-ҷарроҳ (1975 – 76) ва сардухтури Беморхонаи марказии ноҳ. Турсунзода (1976 – 85), сардухтури Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (ҳоло Маркази миллии тиббии ҶТ; 1985), сардухтури курорти Хоҷаобигарм (1985 – 86), сардори Раёсати кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати тандурустии ҶТ (1986 – 93), ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1993 – 2003), мушовири маҳаллии Лоиҳаи ислоҳоти тандурустии Бонки осиёии рушд (2004), директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ ва ҳамзамон (аз с. 2007) мудири кафедраи тибби оилавии № 2-и ДДТТ (2004 – 2010). Дар мавзӯи «Микроорганизмҳо дар зардоби хуни беморон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Асосноккунии илмӣ ва такмили тахассуси кадрҳои тиббӣ дар шароити ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 150 мақола, тезис ва тавсияю дастурҳои таълимию методӣ.
Ос.: Ситуационные задачи, перечень практических навиков по семейной медицине, Д., 2004; Неотложные состояния в практике семейного врача, Д., 2006; Руководство по управлению человеческими ресурсами здравоохранения Республики Таджикистан, Д., 2008; Сборник клинических лекций для курсантов (семейных врачей и медицинских сестер), Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …