Главная / Илм / ВЕНЕРОЛОГИЯ

ВЕНЕРОЛОГИЯ

venerologiyaВЕНЕРОЛОГИЯ (Venerologia; аз лот. Venus – Зӯҳра, сайёраи Ноҳид, ки онро мутрибаи фалак меномиданд ва олиҳаи зебоӣ, суруду рақс ва хушию хурсандӣ мешумурданд ва …логия), як қисми илми тибро гӯянд, ки сабабҳои пайдоиш, роҳҳои паҳн гаштан, ташхис ва ҷараёни клиникии бемориҳои зӯҳравиро таҳқиқ, инчунин усулҳои пешгирию табобати босамари онҳоро муайян менамояд. В. ба гигиенаи иҷтимоӣ, гинекология, дерматология, терапия, невропатология, психология, педиатрия ва диг. соҳаҳои тиб тамос дорад. Такомули бактериология дар а. 19 асоси илмии бемориҳои зӯҳравӣ гардид.
Дар Тоҷикистон аввалин пажӯҳишҳо дар соҳаи В. соли 1941 баъди ташкил ёфтани кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба роҳ монда шуданд. Дар ин ҷода саҳми олимони варзидаи тиб профессорон А.Я. Прокопчук ва И.Д. Перкел арзанда буд. Пажӯҳишҳои олимони ҷумҳурӣ асосан ба ҳалли масъалаи таъсири вараҷа ба инкишофи нейросифилис, мақоми фаъолияти зиддизаҳрии ҷигар ҳангоми гирифтор шудан ба сифилис, эпидемиологияи трихомониаз равона шуда буданд. Онҳо бори аввал дар таҷрибаи муолиҷаи бемории сифилис усули истифодаи лимфотропии доруҳоро ба роҳ монданд, ки натиҷаи хуб медиҳад. Дар пешрафти В. дар ҷумҳурӣ хидмати олимони намоёни соҳа Б.Р. Раҳматов, С.И. Исҳоқов, Е.Т. Исоева, П.Т. Зоиров, М.С. Исоева, Р. Дадабоев, Ҳ.Ҷ. Усмонова, О.И. Қосимов, Ф.А. Қиёмов ва диг. назаррас аст. Ниг. низ Бемориҳои зӯҳравӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …