- Барои кори дунё бо садо гиря кардан; оҳу нола каши–дан (аламу ҳасрат кардан) аз дардҳои бадан ва хастагӣ.
- Қасдан сулфа кардан.
- Чизеро пуф кардан.
- Бо мақсади ба касе ҷавоб гардонидан оят хондан.
- Анҷом ёфтани мўҳлати тозагии пойафзоре, ки масҳ карда шудааст.
- Чизе гуфта саг, гурба ва амсоли инҳоро аз худ дур кардан.
- Як қулт оби борон, барфро фурў бурдан.
- Оятҳоро бо ғалат хондан, ки мазмуни онро халалдор кунад.
- Намоз гузоридани мард дар як саф бо зан ё аз паси занон.
- Се бори хоридани ин ё он ҷо дар вақти адои як рукни намоз.
- Бараҳнагии аврати бадан ё ифлос намудани либос бо наҷосат.
- Пойҳоро аз замин кандан.
- Оғози покшавии моҳона барои занон.
- Тулўи офтоб дар вақти намози саҳарӣ.
- Қасдан ё аз рўи фаромўшӣ сухан гуфтан.
- Хўрдан ва ошомидан.
- Хандидан. Агар хандаро атрофиён шунаванд, вузў низ шикаста мешавад.
- Баргардонидани сина аз сўи қибла.
- Ғайр аз намоз кори дигаре анҷом додан.
Tags Ислом
Инчунин кобед
НАМОЗИ ТАРОВИҲ
Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …