ВАСКУЛИТ (Vasculitis; аз лот. vasculum – раги хурд ва -itis – илтиҳоб, газак), илтиҳоби девораи рагҳои хунгард. Вобаста ба пайдоиш В.-ҳо якумин ва дуюмин мешаванд. В.-ҳои якумин бемории мустақил буда, ба артерияҳо, венаҳо, ҳамчунин рагҳои хурди организм зарар мерасонанд. Онҳоро В.-ҳои системавӣ низ меноманд. В.-ҳои дуюмин падидаи бемории дигар, мас., домана, артрити тарбодмонанд, бодхӯрда, омосҳои гуногун ва ғ. мебошанд.
В.-ҳои якумин мансуби бемориҳои тарбодӣ буда, периартериити гиреҳӣ, тромбангиити фарогир, гранулематози Вегенер, аортоартериити номахсус, бемории Хортон, васкулити хунрез ва ғ.-ро дарбар мегиранд. Сабаби пайдоиши В.-ҳои якумин маълум нест. Онҳо дар баъзе беморон дар натиҷаи таъсири сармо, сирояти бактерияю вирус, тазриқи зардоб ва ваксинаҳо, истифодаи доруҳо рух менамоянд.
Дар мавриди В. якбора чандин узву бофта ва ҳавзаи рагҳо осеб меёбанд. Табларза, дар пӯст пайдо шудани бусуроти гуногун ва нақшҳои мармармонанд, кабуд шудани дасту по, дард кардани мушакҳо, сар задани полиартралгия, моноартрит, полиартрит ва полиневрит аломатҳои В. мебошанд. Ба рагҳои иклилӣ таъсир расондани беморӣ боиси рух намудани нишонаҳои зиқи дил, сактаи дил, миокардит ва миокардиосклероз мешавад. Тағйир ёфтани рагҳои шуш ба инкишофи пневмония, сактаи шуш, пневмосклероз, гипертензияи шуш ва ғ. мусоидат мекунад. Дар мавриди В. узвҳои дарун низ иллат меёбанд, мас., сактаи девораи рӯда, хуншорӣ, калон шудани ҷигар ва сипурз, панкреатит, суддабандии рагҳои девораи рӯда. Ҳангоми зарар дидани гурда бемориҳои нефрит, хунпешобӣ, ғалаёни хун, синдроми нефрозӣ ба вуҷуд меоянд. Дар вақти осеби рагҳои дасту по бошад, мариз лангида роҳ меравад, бемориҳои Рейно ва флебит рух менамояд.
Ҳангоми хуруҷи В. маризро дар беморхона бистарӣ кардан лозим аст. В.-ро бо глюкортикоидҳо, марҳамҳои гуногун, равғанҳои настаран, ангад ва ғ. муолиҷа мекунанд; баъзан ба амалиёти ҷарроҳӣ низ даст мезананд. Ниг. низ Васкулити пӯст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …