Главная / Илм / ВАРАМИ КВИНКЕ

ВАРАМИ КВИНКЕ

varami-kvinkeВАРАМИ КВИНКЕ, бемориест, ки ҳангоми он пӯст, насҷи зери пӯст ва луобпардаҳо ногаҳон варам мекунанд. Аз номи духтури немис Н.И. Квинке (1842 – 1922) гирифта шудааст. В. К. аллергӣ ва ирсӣ мешавад. В. к.-и аллергӣ дар натиҷаи истеъмоли ғизоҳои нофорам, дору ва ғ. сар мезанад. Дар мавриди он якбора аксуламали аллергӣ ба вуҷуд меояд. Зимни В. К.-и ирсӣ дар таркиби хун фаъолияти ингибитори унсури аввали комплемент суст мешавад. Дар натиҷа комплемент зери таъсири омилҳои зиёновар (мас., харош хӯрдани пӯст, ҷарроҳӣ, эҳсосоти манфӣ ва ғ.) фаъол мегардад. Дар робита ба ин қобилияти ноқилии рагҳои хурд зиёд шуда, дар бадан варамҳои гуногун ба вуҷуд меоянд.
Ҳангоми бемории мазкур инфилтратҳо (варам), одатан, сафедча ва сахт буда, дар лаб, пилки чашм, луобпардаи даҳон, ҳалқ ба вуҷуд меоянд. Хусусан, варами ҳалқ хавфнок аст, зеро он метавонад боиси нафастангӣ ва фавти бемор шавад. Агар варам ба майнапарда, мағзи сар ё гӯши дохилӣ интиқол ёбад, пас иллатҳои неврологии гуногуни мансуб ба ин узвҳо сар мезананд (дарди шахак, гемиплегия, афазия, синдроми Менйер); дар сурати ба асаби босира фишор овардани он осебҳои гуногуни чашм, ҳангоми варами луобпардаи роҳи меъдаю рӯдаҳо нишонаҳои руст шудани рӯда ва дарди сахт пайдо мешаванд. Гоҳо варам дил, бачадон ва масонаро низ фаро мегирад.
В. К.-и табиаташ аллергӣ асосан дар калонсолон ба вуҷуд меояд. Он давраи пешхабар надорад. Варам, одатан, баъди чанд дақиқа (вале на дертар аз 1 соати тамос бо аллерген) пайдо мешавад. В. К.-и аллергӣ баъзан бо саглес ва хориши пӯст ҳамроҳ ба вуҷуд меояд.
В. К.-и ирсӣ дар аъзои як оила рух намуда, аз насл ба насл мегузарад. Он дар синни кӯдакӣ мушоҳида шуда, нисбат ба В. К.-и аллергӣ дертар – дар муддати чанд соат аз худ дарак медиҳад.
Дар мавриди рух намудани нишонаҳои В. К. зуд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. В. к.-ро, одатан, бо доруҳои антигистаминӣ табобат мекунанд. Оқибати беморӣ ҳангоми дар пӯст ҷой доштани варам хавфнок нест; дар мавриди дар луобпардаи майна, узвҳои дарун, хусусан дар ҳалқ пайдо шудани варам маризӣ хавфи ҷиддӣ пеш меорад.
Бо мақсади пешгирии В. К. худро аз тамос бо аллергенҳо ва ҳолатҳои стрессӣ дур гирифтан лозим аст.

Ҳ.Ҷ. Усмонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …