Главная / Илм / ВАННАҲО

ВАННАҲО

vannahoВАННАҲО (Lavatrina), тадбирҳои гигиенӣ ва шифоию пешгирии бемориҳо, ки тавассути об гузаронида мешаванд.
Ваннаҳои гигиениро барои аз ифлосӣ, арақ ва ғ. тоза кардани пӯст истифода мебаранд. Пеш аз қабул худи ваннаро аввал бо чутка ва оби гарму собун нағз шуста, ба маҳлули 1– 2%-и хлорамин ё оҳаки хлорнок тоза кардан лозим. Ваннаро бо оби ҳарораташ лозимӣ пур мекунанд. Барои он ки дар ваннахона буғ ҷамъ нашавад, аввал оби хунук, баъд оби гармро рехтан даркор. Ҳароратсанҷи обиро ба даруни ванна ғӯтонда, як дақиқа нигоҳ медоранд. Оби гарм (36 – 380) ва собун пӯстро нарм, дастмол бошад, онро пурра тоза мегардонад. В.-и гигиенӣ ба фаъолияти физиологии пӯст мусоидат мекунанд; ғадудҳои арақу чарб беҳтар, нафасгирии пӯст осон, мубодилаи моддаҳо хуб мешавад. В.-и гигиениро ҳафтае 1 – 2 бор (аз 20 – 30 дақ. зиёд набошад) қабул мекунанд. Оид ба хусусиятҳои алоҳидаи В.-и гигиенӣ барои кӯдакон ниг. Кӯдаки ширмак, Синни яслӣ, Синни томактабӣ.
Ваннаҳои шифоӣ (обзанҳо)-ро фақат духтур таъин мекунад; баъзе аз онҳо дар муассисаи табобатӣ зери назорати кормандони тиб гузаронда мешаванд.
Худсарона (бе таъиноти духтур) истифода бурдани В.-и шифоӣ зарар дорад. Дар шароити хона баъзе В.-и шифоиро фақат бо таъиноти духтур (ҳамаи тавсияҳои ӯро бояд риоя кард), зери назорати ягон аъзои оила гузаронидан мумкин аст. Ин, хусусан, барои кӯдакон ва калонсолон аҳамият дорад. Дар обзан оромона дароз мекашанд. Зери сар сачоқ ё болишти резинӣ, зери по такяи чӯбин мегузоранд. Баъди обзан баданро бо сачоқи хушк пок карда, 30 дақ. дам мегиранд.
Обзанҳо аз рӯи таркиби об гуногун мешаванд, мас., муқаррарӣ, дорудор (ба об дору ҳамроҳ мекунанд) ва минералӣ (оби муқаррарӣ ё обе, ки моддаҳои шифобахши минералӣ ва газ, мас., гази карбонат, нитроген, гидрогенсулфид ва ғ. дорад).
Ҳангоми ба обзан даромадан, об бояд то сари сина расад (обзани умумӣ). Обзани ҷузъиро бештар барои даст ва пой кор мефармоянд; обзани нимтан (то ноф)-ро пайваста бо обрезӣ ва масҳ истифода мекунанд. Дар обзанҳо моддаҳои дар об ҳалшуда таъсири махсус мерасонанд.
Ҳарор. оби В. сард (то 200), нимсард (20 – 330), мӯътадил (ба ҳарор. бадан наздик, 34 – 360), ширгарм (37 – 390) ва гарм (40 – 420) мешавад. В.-и сард ва нимсард фаъолияти организми одамро беҳтар карда, кори дилу рагҳо ва асабро тақвият медиҳанд, мубодилаи моддаҳоро метезонанд. В.-и ширгарм дард ва ташаннуҷи мушакҳоро кам карда, асабҳоро ором, хобро беҳтар мегардонанд. В.-и гарм ихроҷи арақ ва суръати мубодилаи моддаҳоро метезонанд.
В.-и обашон муқаррарӣ. Бисёр одамон В.-и умумии ҳарорати обашон ширгарм, мӯътадил (10 – 15 дақ.), нимсард ва гармро (3 – 5 дақ.) қабул мекунанд. В.-и умумӣ рӯздармиён ё ҳафтае 4 маротиба (ду рӯз паи ҳам, рӯзи сеюм – танаффус) ва ҷамъ 10 – 12 маротиба қабул карда мешаванд. Беморони заиф курси муолиҷаро аз нимванна сар карда, онро рӯздармиён (34 – 360 ; 5 – 10 дақ.) мегиранд. В.-и умумии обашон муқаррарию нимсард ҳангоми неврози ангезааш суст, В.-и ҳарораташон мӯътадил ва ширгарм барои неврози ангезааш пурзӯр, номураттабии хоб, давраи аввали бемории гипертония, баъзе бемориҳои хориши пӯст, дарди банду буғумҳо, сутунмӯҳра, асабҳои канорӣ, мушакҳо ва ғ. тавсия дода мешаванд. В.-и гармро чун омили арақрон ва тақвиятбахши мубодилаи моддаҳо бидуни амрози дилу рагҳо кор мефармоянд. В.-и гарм ба организм таъсири сахт расонида, кори дилу рагҳоро метезонанд; дар натиҷа гардиши хуни пӯст афзуда, арақи бадан фаровон мешорад. Аз ин рӯ В.-и гармро танҳо дар сурати нуқс надоштани дилу рагҳо таъин мекунанд. Ҳангоми хунравӣ аз ягон узв (мас., ҳайз ва ғ.) ва сили шуш қабули В.-и гарм манъ аст.
В.-и умумии ба ном контрастӣ низ мавҷуданд. Онҳоро, одатан, дар давраи аввали баъзе амрози дилу раг ва иллати мубодилаи моддаҳо, инчунин бо мақсади обутоби организм тавсия медиҳанд. Қабули чунин В. фақат дар шӯъбаи обшифоии беморхона ва санаторияҳо мумкин аст.
Барои табобати дасту пои дардманд В.-и умумии обашон муқаррариро дар шароити хона (дар тағора ё сатил) мегузаронанд. Ҳарорати оби онҳо доимӣ, контрастӣ ё афзоянда мешавад. Дар аснои истифодаи оби ҳарораташ доимӣ В.-и ширгарм ва гарм 10 – 30 дақ., сард 5 – 10 дақ. давом меёбад; дар сурати қабули ҳаррӯза ё рӯздармиён як давраи табобат аз 5 то 12 – 15 навбатро дарбар мегирад.
В.-и ширгарм ва гарми пою дастро ҳангоми баъзе бемориҳои газаки банди панҷаҳои пой ва панҷаи даст, В.-и гарми дастро дар аснои назла, хурӯҷи зиқи нафас, бронхити шадид ва музмин, В.-и гарми пойро ҳангоми назла, бехобӣ ва ғ. таъин мекунанд.
Барои тайёр кардани В.-и ҷузъии контрастӣ ба як тағора оби гарм (ҳарор. 40 – 420), ба дигараш оби сард (10 – 120) мерезанд. Дар муддати 10 дақ. дасту пойро бо навбат ба оби гарм (1 – 2 дақ.) ва оби сард (15 – 20 сония) меғутонанд. Як даври муолиҷа аз 12 – 20 протседура иборат буда, онро ҳар рӯз ё рӯздармиён мегузаронанд. В.-и ҷузъии контрастиро бо мақсади обутоби организм (ҳангоми зуд-зуд ба зуком гирифтор шудан), ихтилоҷи рагҳои дасту пой, дар давраи оғози эндартериити мусаддид ва ғ. таъин мекунанд. В.-е, ки ҳарор. обашон тадриҷан баланд мешавад (В.-и Гауффе барои дасту пой), ба силсилаи дилу рагҳо ва асаб таъсири мусбат мерасонанд. В.-и Гауффе дар муассисаҳои махсуси обшифоӣ ва балнеологӣ гузаронида мешаванд.
Барои нишаста қабул кардани ванна аз В.-и махсус (дар шароити хона аз тағораи чуқур) истифода мебаранд. Тағораро об пур карда, ба сандалича мегузоранд; бемор ба он нишаста, пояшро ба тағораи дигарие, ки рӯи фарш гузошта шудаасту оби ширгарм дорад, меғутонад. Давомоти чунин В. барои оби ширгарм 20 – 30, оби гарм 10 – 15, оби сард 5 – 10 дақ. буда, даври муолиҷа аз 1 – 2 то 12 – 15 проседура иборат аст. Ҳангоми газаки шадид ва музмини пешобдон, газаки музмини узвҳои таносул В.-и шаргарм ва гарм, дар аснои бавосир В.-и сард ва нимгарм кор фармуда мешаванд.
Ваннаҳои дорудор. Дар шароити хона барои В. бештар хока ё қиёми сӯзанбарг, хардал, оҳар (крахмал), перманганати калий ва содаро истифода мебаранд. В.-и сӯзанбаргиро бо роҳи ба об ҳамроҳ кардани ҷавҳари сӯзанбарг (ба 200 л об 100 мл ҷавҳари моеъ ё 50 – 70 г хока ё ин ки 1 – 2 қурс) тайёр мекунанд. Равғани эфири ҷавҳари сӯзанбарг ба нӯги асабҳои пӯст таъсири мусоид расонда, рангу бӯи он асабҳоро ором месозад. Чунин В.-ро ҳангоми 35 – 370 будани ҳарор. об рӯздармиён ё дар як ҳафта 4 бор 10 – 15 дақ. (даври муолиҷа аз 12 – 15 проседура иборат аст) мегузаронанд. Онро барои табобати баъзе шаклҳои невроз, бехобӣ, амрози дилу рагҳо ва ғ. истифода мебаранд. Қабули В.-и сӯзанбаргӣ ба бемороне, ки сахт ба ҳаяҷон меоянд, манъ аст.
Барои тайёр кардани В.-и хардалӣ 100 – 250 г хардали хушкро ба ваннаи калон (ҳаҷмаш 200 л) меандозанд ё 5 – 10 гироми онро ба як сатил об андохта, аз дока мегузаронанд. Сипас онро ба об нағз омехта мекунанд. Ҳангоми В.-и умумии хардалӣ ҳарор. об бояд 36 – 380 (5 – 7 дақ.), дар вақти В.-и ҷузъӣ (барои даст ё пой) 39 – 400 (10 – 15 дақ.) бошад. Бо мақсади аз таъсири ангезишовари хардал муҳофизат кардани чашм ва роҳи нафас болои ванна (тағора)-ро бо ҷойпӯш мепӯшонанд. Баъди қабули В.-и хардалӣ баданро шуста, 30 – 60 дақ. худро ба кӯрпа печонда мехобанд. Чунин В.-ро дар вақти зукоми роҳҳои болои нафас (В.-и умумӣ ва барои пой), хуруҷи зиқи нафас (В. барои даст), баланд шудани фишори хун (В. барои пой) истифода мебаранд. В.-и хардалиро ҳангоми бемориҳои пӯст, ҳамчунин барои онҳое, ки ба бӯи хардал тоб намеоваранд, қабул кардан манъ аст.
Барои тайёр кардани В.-и оҳардор аз 100 г (барои кӯдакон) то 500 – 800 г оҳар (крахмал) лозим аст. Онро пешакӣ дар андаке оби сард маҳлул карда, ба ванна мерезанд. Оҳар пӯстро мулоим ва хоришу ангезиши онро кам мекунад. Онро ҳар рӯз ё рӯздармиён қабул мекунанд; ҳарор. об 35 – 370, давомот 20 – 30 дақ., даври муолиҷа 10 – 20 протседура. В.-и оҳардор дар вақти бемориҳои ғайрисироятии пӯст ва диг. амрозе, ки бо хориш мегузаранд, кор фармуда мешаванд.
В.-и перманганати калийдор асосан барои кӯдакон таъин мегардад. Барои тайёр кардани онҳо ба об маҳлули 5%-и перманганати калий (то гулобӣ шудани ранги об) ҳамроҳ мекунанд. Чунин В. пӯстро дезинфексия ва хушк менамоянд; ҳар рӯз ё рӯздармиён ба муддати 5 – 10 дақ. қабул кардан лозим. Хоса ҳангоми бемориҳои гуногуни пӯст, мас., дамидани доначаҳо муфид аст. В.-и перманганатӣ умумӣ ва ҷузъӣ мешаванд.
В.- и содадорро ба тариқи дар 200 л об ҳал кардани 0,5 – 1 кг сода тайёр мекунанд; ҳарор. об 35 – 370, давомот 10 – 20 дақ. Онро ҳар рӯз ё рӯздармиён барои баъзе бемориҳои пӯст истифода мебаранд. Як даври муолиҷа аз 10 – 15 протседура иборат аст.
В.-и скипидардор бо роҳи дар об ҳал кардани эмулсияи скипидар (сафед ё зард) таҳия карда мешаванд. Онҳо ба организм зуд таъсир расонда мавриди бисёр бемориҳо зарар доранд. Аз ин рӯ онҳоро қатъиян бо таъиноти духтур ва фақат дар муассисаҳои махсуси табобатию профилактикӣ истифода мебаранд.
В.-и намакдор (намаки баҳр ё кӯл) дар курортҳои назди кӯл ё баҳрҳо истифода мешаванд. Дар куротҳои назди баҳр аз В.-и баҳрӣ (аз оби баҳр) тамоми сол истифода мебаранд. В.-и намакобдор (оби кӯлҳои шӯр) низ мавҷуданд. Ҳангоми қабули чунин В. намак дар рӯи пӯст таҳшин шуда, нӯги асабҳоро ба ангезиш меорад. В.-и намакдор дардро кам ва мубодилаи моддаҳоро афзун мегардонанд. Чунин В. ба тариқи сунъӣ низ тайёр карда мешаванд. Бо ин мақсад дар 200 л об 5 – 10 кг намаки ош (кӯлӣ ё баҳрӣ)-ро ҳал мекунанд. Барои нағз ҳал шудан, намакро ба халтачаи сӯф андохта, зери оби гарм медоранд. В.-и минерали (35 – 36о)-ро 12 – 15 дақ. рӯздармиён мегузаронанд. Як даври муолиҷа аз 12 – 15 проседура иборат аст. Барои табобати амрози дилу рагҳо, баъзе бемориҳои банду буғум, сутунмӯҳра, асаб мушакҳо, илтиҳоби музмини узвҳои ҷинсии занона муфид мебошанд. Ба кӯдакон зимни баъзе бемориҳо (36 – 370 ), 8 – 10 дақ. таъин мекунанд. Фақат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим.
В.-и брому йодро бо тавсияи духтур дар шароити хона низ таҳия кардан мумкин аст: дар об (36 – 370) 25 г бромиди калий, 10 г йодиди натрий ва 2 кг намаки ошро ҳал мекунанд. Мӯҳлати қабул 10 – 15 дақ; даври муолиҷа аз 12 – 15 проседура иборат аст. Рӯздармиён ё ҳафтае 4 бор мегузаронанд. Ба кори ғадуди сипаршакл ва асабҳо таъсири хуш мерасонад. Дар мавриди бемориҳое, ки бо кори аз андоза зиёди ғадуди сипаршакл ҷараён мегиранд, ҳамчунин неврози климаксӣ, баъзе амрози банду буғумҳо низ истифода мебаранд.
В.- и гидрогенсулфидӣ аз сулфиди гидроген иборатанд. Онҳоро дар курортҳо аз манбаи табиӣ ва берун аз курортҳо ба тариқи сунъӣ тайёр карда истифода мебаранд. Барои асаб, дилу рагҳо ва пӯст манфиат доранд. Дар шароити хона гузаронида намешавад.
В.-и радониро аз оби манбаъҳои табиӣ (дар курортҳои Пятигорск, Схалтубо, осоишгоҳи Хоҷаобигарм) ва сунъӣ таҳия месозанд. Барои В.-и радонии сунъӣ маҳлули консентронидаи радонро дар лабораторияҳои махсус тайёр мекунанд. В.-и радониро фақат дар шифохонаҳои муҷаҳҳази балнеологӣ қабул мекунанд. Чунин В. ба асаб, дилу рагҳо ва пӯст таъсири амиқ мерасонанд.
В.-и карбонатиро аз оби манбаъҳои табиӣ (дар курортҳои Арзни, Кисловодск ва ғ.), дар шифохонаҳо бо роҳӣ сунъӣ тайёр мекунанд. Гази карбонат нафаскаширо чуқур ва фаъолияти мушакҳои дилро беҳтар мегардонад. Дар шароити хона гузаронида намешаванд.
В.-и оксигениро бо роҳи аз оксиген сер кардани об, оби баҳр ва оби минералӣ (тавассути асбоби махсус) тайёр мекунанд. Дар мавриди бемориҳое, ки бо норасоии оксиген мегузаранд, инчунин ҳангоми ихтилоли кори системаи асаб истифода мебаранд.
В.-и «марворид»-ро аз оби муқаррарӣ ё минералӣ бо роҳи фишурдани ҳаво ба об (тавассути панҷараи махсуси компрессор, ки сӯрохиҳои хурд дорад) тайёр мекунанд. Ҳубобчаҳои ҳаво ҷӯш зада, дар об чун марворид ҷило медиҳанд; нӯги асабҳои пӯстро ба ангезиш оварда, ба силсилаи асабҳои марказӣ таъсири хуб мерасонанд. Дар муассисаҳои махсус истифода мебаранд.
Ҳангоми ба кӯдакон таъин кардани В.-и шифоӣ духтур хусусиятҳои анатомию физиологии организми кӯдак – нокомилии фаъолияти баъзе узвҳо, танзими ҳарорат ва ғ.-ро ба назар мегирад. Кӯдакон таъсири ҳароратро зуд ҳис мекунанд ва ин дар вақти қабули В. эҳтиёткорию назорати ҷиддиро металабад. В.-и умумии нимгарм ва хусусан сардро барои кӯдакон истифода намебаранд. Ҳарор. В.-и ширгарм ва гарм барои кӯдакон нисбат ба калонсолон 1 – 20 паст буда, мӯҳлат ва миқдори проседураҳо (барои як даври муолиҷа), инчунин консентратсияи дору ва моддаҳои химиявӣ кам аст.
Дар рӯзи қабули В. кӯшиш кардан лозим, ки хаста нашавед. Кори вазнини ҷисмонӣ, экскурсия ва ғ. манъ аст. Баъди қабули В. дароз кашида ё дар кресло нишаста истироҳат мекунанд. Дар курортҳои балнеологӣ ва фароғатгоҳҳо нимкатҳои мулоим мавҷуданд. Баъди қабули В.-и карбонатӣ ва гидрогенсулфидӣ 1 – 1,5 соат истироҳат кардан манфиат дорад. Дар вақти истироҳат китобу газета хондан ҷоиз нест. Ба дили наҳор қабул кардани В.-и умумии шифоӣ манъ аст (онҳоро фақат баъди 1,5 – 2 соати наҳорӣ қабул мекунанд. Дар ҳавои хунук сарулибоси гарм пӯшидан лозим.
Ниг. низ. Балнеотерапия, Обҳои минералӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …