Главная / Илм / ВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ

ВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ

vakuum-ekstraksiyaВАКУУМ-ЭКСТРАКСИЯ, яке аз роҳҳои амалиёти ҷарроҳии акушерӣ. Ҳангоми В.-э. кӯдакро тавассути вакуум-экстрактор аз сараш дошта берун меоранд. В.-э. дар вақти зинда будани тифл ба ҷо оварда мешавад. В.-э.-ро дар мавриди нафастанг шудани кӯдак, заиф будани нишонаҳои таваллуд ва диг. ноҷуриҳо истифода мебаранд. Шарти асосии В.-э. пурра боз шудани гарданаи бачадон ва ҷониби кос ҷойгир будани сари кӯдак аст. В.-э. бидуни наркоз сурат мегирад.
В.-э. ҳангоми номувофиқатии сари тифл бо коси модар, каҷ ҷой гирифтани сар, чалла (норасида) будани кӯдак (камтар аз 30 ҳафта), нефропатияи вазнин, эклампсия ва бемориҳои силсилаи дилу рагҳо ҷоиз нест.
Вакуум-экстрактор аз косачаҳои диаметрашон гуногун иборат мебошад. Косачаҳо бо вакуум-насоси барқӣ ё дастӣ пайваст шудаанд. Ҳангоми кори асбоб байни косача ва сари тифл фишори манфӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа косача сари тифлро сахт медорад ва ҳангоми берун овардан аз паси худ мекашад.
В.-э.-ро духтур мегузаронад. Натиҷаи он барои модар зиёновар нест, вале баъзан ба гарданаи бачадон зарар мерасад. В.-э. мумкин аст боиси осеб ёфтани кӯдак шавад (мас., кефалогематома, иллати системаи асаби марказӣ ва ғ.). Баъди В.-э. навзод ба нигоҳубини мувофиқ ва назорати педиатр эҳтиёҷ дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …