Главная / Илм / ВАГИНОЗИ БАКТЕРИЯВӣ

ВАГИНОЗИ БАКТЕРИЯВӣ

vaginozВАГИНОЗИ БАКТЕРИЯВӣ, беморие, ки бинобар ноҷурии микрофлораи мӯътадили маҳбал рух менамояд. Микрофлораи маҳбал бактерияҳои анаэробӣ ва оксигени фаъол ҳосил мекунад, ки он таъсири зиддибактериявӣ дорад. Аломати асосии В. б. аз маҳбал омадани обияти бадбӯй аст. Бо ақидаи мутахассисон В. б. бештар дар занҳои сабукпо ба мушоҳида мерасад, вале он сабабҳои диг. низ дорад. Ба тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқол ёфтани ангезаҳои бемории мазкур муқаррар нашудааст.
Дар мавриди ташхиси В. б. се нишонаи асосиро ба назар мегиранд: обияти девораи маҳбал; дар зери микроскоп мушоҳида шудани таҷаммуъи ҳуҷайраҳо; афзудани рН-и обияти маҳбал (зиёда аз 4,5); бадбӯй будани обият.
Занҳо бояд донанд, ки В. б. метавонад такрор шавад. Бинобар ин дар сурати дубора падид омадани нишонаҳои он муолиҷаро такрор кардан лозим аст, вале бо доруҳои дигар. Занҳои ҳомила баъди як моҳи табобат аз В. б. бояд такроран аз муоинаи духтур гузаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …