Главная / Биология / Узвҳои ҳозима

Узвҳои ҳозима

Озуқаворӣ ва моддаҳои ғизоӣ. Хўрок барои инкишоф, ташаккул ва фаъолияти ҳаётии организм шарти зарурӣ мебошад. Озуқаворӣ (нон, гўшт, шир, тухм, моҳӣ, равған, сабзавот, меваҷот) аз моддаҳои асосии ғизоӣ: сафедаҳо, чарбҳо, ангиштобҳо, намакҳои минералӣ, об ва витаминҳо иборат аст.

Маҳсулоти аз наботот ва ҳайвонот ҳосилшуда ҳамдигарро пурра карда, ҳуҷайраҳои организмро бо тамоми моддаҳои зарурии ғизоӣ таъмин мекунанд. Об, намакҳои минералӣ ва витаминҳо бо ҳамон намуде, ки дар хўрок ҳастанд, аз худ карда мешаванд.

uzvhoi-hozima

Молекулаҳои калон-калони сафедаҳо, чарбҳо ва ангиштобҳо аз девори канали ҳозима гузашта наметавонанд. Аз ҳамин сабаб ин моддаҳо дучори таҷзияи химиявӣ – яъне ҳазм мешаванд. Хўрок ҳангоми дар узвҳои ҳозима ҳаракат карданаш ҳазм мешавад.

Сохти узвҳои ҳозима. Системаи узвҳои ҳозима аз нойи ҳозима ва ғадудҳои ҳозима иборат аст. Канали ҳозима аз ковокии даҳон, ҳалқ, сурхрўда, меъда, рўдаи борик ва ғафс, ки бо рўдаи рост ва сўрохии мақъад итмом меёбад, иборат аст.

Девори сеқабата дорад. Вай аз берун бо бофтаи мустаҳками пайвасткунанда пўшонида шуда, дар поёни он мушакҳои суфта мавҷуданд. Ба туфайли кашишхўриҳои мавҷмонанд хўрок ба дарозии узви ҳозима ҳаракат мекунад. Пардаи дохилии нойи ҳозима аз бофтаҳои эпителӣ иборат аст. Сатҳи пардаи луобӣ чин-чин ва дорои бисёр ғадудҳои майда буда, ба ковокии канали ҳозима шира тайёр карда медиҳад.

Ғадудҳои калон берун аз канали ҳозима ҷой гирифтаанд. Онҳо шираро бо маҷрои махсус ба ковокии он мефиристанд. Онҳо се ҷуфт ғадудҳои оби даҳон, ҷигар ва ғадуди зери меъда мебошанд.

Ба ҷумлаи шираҳои ғадудҳои ҳозима ферментҳо – моддаҳои аслан сафедавӣ дохил мешаванд. Ҳар як фермент реаксияи қатъиян муайянро метезонад. Як гурўҳ ферментҳо карбогидратҳо, дигарашон сафедаҳо ва сеюмашон чарбҳоро таҷзия мекунанд. Моддаҳои баъди таҷзия пайдошуда одатан дар об ҳал мешаванд, ки онҳоро организм аз худ карда метавонад.

Усулҳои омўхтани ҳозима. Мушоҳидаи бевоситаи узвҳои ҳозима имконпазир аст. Бинобар ин ҳазми хўрокро муддати дуру дароз дар ҳайвоноти ҷарроҳикардашуда меомўзанд.

Физиологи бузурги рус И.П.Павлов дар омўхтани физиологияи ҳазми хўрок хизмати бузурге кардааст. Вай роҳҳои тоза ба даст даровардани шираи меъдаро дарёфт намуда, таркиб ва миқдори онҳоро муайян карда, тарзи танзим кардани хориҷшавиашро омўхт. И.П. Павлов барои корҳои доир ба физиологияи ҳозима гузаронидааш соли 1904 сазовори ҷоизаи Нобелӣ гардида буд.

Ҳоло усулҳои бедард ихтироъ карда шудаанд, ки дар одам бе ягон зарар истифода мешаванд. Аксар одамон усулҳои милзанӣ – ба ковокии меъдаю рўдаи дувоздаҳангушта барои гирифтани шираи меъдаю рўда дохил намудани мил, яъне рўдаи резиниро медонанд. Инчунин усули рентгенкунӣ васеъ истифода бурда мешавад: ба бемор ордобае мехўронанд, ки шуъои рентгенро намегузаронад. Баъд тавассути равшан кардан дар экрани асбоб тарҳи қисмҳои гуногуни канали ҳозимаро муайян мекунанд. Дар натиҷаи тараққӣ кардани радиоэлектроника барои омўхтани узвҳои ҳозима имкониятҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Ба бемор барои фурўбарӣ радиопередатчики хурд – радиопилюла медиҳанд, ки қутраш 8 мм ва дарозиаш 15 мм мебошад. Радиопилюла аз канали ҳозима бе малол гузашта, мавҷи радиоро паҳн мекунад, ки он дар бораи тағйирёбии таркиби кимиёвии ғизо, ҳарорат ё фишори қисмҳои гуногуни он маълумот медиҳад.

Солҳои охир барои тадқиқи узвҳои ҳозима асбоби махсус – эндоскопро истифода мебаранд. Эндоскопия – ба узвҳои дохилии одам гузаронидани асбобҳои оптикӣ ва нурафкан имконият медиҳад, ки ковокии канали ҳозима ва ҳатто маҷрои ғадуд муоина карда шавад. Бо ёрии ин усул духтурон метавонанд бемориҳои гуногунро дарёфт карда, нозуктарин амалиёти  ҷарроҳиро гузаронанд.

Савол:

  1. Чиро ҳазми хўрок мегўянд?
  2. Ҳазми хўрок чӣ аҳамият дорад?
  3. Нойи ҳозима аз кадом қисмҳо иборат аст?
  4. Девораи нойи ҳозима чанд қабат дорад?
  5. Кадом усули тадқиқӣ ва вазифаҳои системаи ҳозимаро медонед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …