Главная / Биология / УЗВҲОИ ДАРУНӢ ВА АФЗОИШУ ИНКИШОФИ ОБХОКИҲО

УЗВҲОИ ДАРУНӢ ВА АФЗОИШУ ИНКИШОФИ ОБХОКИҲО

 ДАР МИСОЛИ ҚУРБОҚҚА

Тӯъмае, ки қурбокқа медорад, аз ковокии даҳон ба гулӯю сурхрӯда рафта, аз он ҷо ба рӯдаи дарози борик дохил мешавад ва пас ба рӯдаи кӯтоҳӣ ғафс мегузарад. Ғадудҳои талхадон ва зери меъда ба ҳазми хӯрок ёрӣ мерасонанд.

Аъзои нафаскашии курбоққа шуш аст, ки он суст инкишоф ёфта, як қисми мубодилаи газҳо бо ёрии пӯсташон ба амал меояд.

Дар гулӯи қурбоққа садопардаҳо ҷой гирифтаанд, ки аз ларзиши онҳо овози қур-қури курбоққа ба вуҷуд меояд. Қурбоққа бештар бо биниаш нафас мегирад. Ғайр аз ин оксигени атмосфсра ё об аз пӯсти нафис ба капиллярҳои хун мегузарад. Аз хамин сабаб қурбокқа дар об ва ҳам дар хушкӣ муддати дуру дароз истода метавонад.

Расми 15. Узвҳои дарунии қурбоққа. 1 - меъда; 2 - рӯдаи борик; 3 - рӯдаи ғафс; 4 - ҷигар; 5 - пуффаки заҳра; 6 - ғадуди зери меъда; 7 - меъдача: 8 - даҳпези дил; 9 - испурч; 10 - шуш; 11 - гурдаҳо; 12 - шошадон; 13 - наслдон; 14 • мақьад.
Расми 15. Узвҳои дарунии қурбоққа.
1 – меъда; 2 – рӯдаи борик; 3 – рӯдаи ғафс; 4 – ҷигар; 5 – пуффаки заҳра; 6 – ғадуди зери меъда; 7 – меъдача: 8 – даҳпези дил; 9 – испурч; 10 – шуш; 11 – гурдаҳо; 12 – шошадон; 13 – наслдон; 14 • мақьад.

Бо пайдо шудани шуш сохти аъзои гардиши хуни қурбоқка назар ба Моҳӣ мураккабтар шудааст. Дили қурбоққа аз як меъдачаю ду дахлез иборат буда, ду доираи гардиши хун дорад. Хун дар доиран калон аз меъдачаи дил баромада, ба воситаи рагҳои хун ба хама узвҳои бадан меравад. Хун дар ин ҷо оксигенро аз шушу пӯст ва шираи ғизоро аз девораи рӯдаю меъда гирифта ба тамоми ҳучайраҳо мебарад ва дар бозгашт аз гази карбон сер шуда, ба воситаи рагҳо ба даҳлези рости дил бармегардад. Дар доираи гидгадиши хурд хун аз меъдачаи дил ба сӯйи шушу пӯст ҷорй шуда, сероксиген мешавад ва ба даҳлези чапи дил бармегардад. Дар меъдачаи дил хун омехта шуда, аз он ба тамоми аъзои бадан тақсим мешавад.

Узви ихроҷи қурбоққа ду гурдаи дарозрӯя аст, ки дар ковокии тарафи сутунмӯҳра ҷой гирифтаанд. Аз ҳар як гурда яктоӣ найи пешоб баромада ба пешобдон меояд. Найчаҳои шоша ва аъзом таносул ҳама ба макьад роҳ доранд.

Мубодилаи моддаҳо дар қурбоққа мисли моҳиён суст мегузарад ва ҳарорат ҳам дар бадани вай кам пайдо мсшавад мисли он, ки хезуми тар дар оташдон суст сӯхта, кам гармӣ медиҳад, ҳарорати бадани қурбоққа ҳам доимӣ набуда, ба харорати муҳити вай

вобаста аст. Хусусан, бо cap шудани хунукӣ, ки қурбоққа ба хоби зимистонӣ меравад ва дар ин вақт хӯрок намехӯрад, мубодилаи моддахо боз ҳам сусттар шуда, суст нафас мегирад ва ҳарорати баданаш паст шуда, аз сифр болотар меистад.

Шабҳои гарми охири зимистон ва аввали баҳор аз ҳавзу ҷӯйҳо овозҳои баланду гуногуни қурбоққаҳоро мешунавем, ки он овози қурбоққаҳои нарина мебошад. Қурбоққаҳо дар айёми «консерташон» ҷуфт мешаванд. Қурбоққаҳои модина ба об тухмак мепартоянд, ки зоҳиран ба тухмаки моҳиён монанд аст.

Қурбоққаҳои нарина ба болои тухмакҳои модина аз худ моддаи моеи наслӣ (сперматозоид) мерезанд. Дар об бордоршавӣ ба амал меояд. Тухми бордоршуда дар даруни парда ба квадрати ададҳо каср шуда, тадриҷан ҷанини серҳуҷайра инкишоф меёбад. Тақрибан пас аз 8-10 рӯз аз даруни пардаи тухм кафлесак мебарояд, ки ба моҳичаи хурд монанд аст. Ӯ рӯзҳои аввал ба растаниҳои зериобӣ часпида меистаду ҳанӯз даҳон надорад. Дере нагузашта кафлесак даҳон кушода, ба ҳаёти мустақилона мегузарад. Кафлесак обсабзҳои якхуҷайра, бактерия ва растаниҳои пӯсидаро хӯрда, бо тарқишҳои ғалсама нафас мегирад. Баъд аз як мох кафлесак аввал пойи ақиб ва пас пойи пеш бароварда, ба рӯйи об мебарояду бо шуш нафас мегирад. Дили қурбоққа дар айёми кафлесакӣ духонагӣ буда, бо пайдо шудани шуш сехонагӣ мешавад. Думи кафлесак оҳиста-охиста хурд шуда, зоҳиран баданаш ба қурбоққача монанд мешавад. Қурбоққача ба лаби об баромада, хӯроки растаниро тарк карда, ба хӯрдани ҳашароту кирмак мегузарад. Қурбоққача пас аз 3-4 сол болиғ шуда, қобилияти насл додан пайдо мекунад.

Обхокии аз ҳама калон, ки дар дарёхои Хитой ва Япония зиндагӣ мекунад, саламандра ном дорад, ки то 1.5 м дароз мешавад. Хӯроки он моҳӣ ва қурбоққана, хашароти обӣ, кирминаи онҳо мебошад. Халқҳои Хитою Япония саламандраро шикор карда, гӯшташро барои хӯрок истифода мебаранд. Ҳоло як миқдори он дар боғи ҳайвоноти Москва парвариш меёбад, ки бори аввал соли 1950 аз Хитой оварда буданд.

Дар байни ғукҳо (қурбоққаи хокӣ) аз ҳама калонаш ғук-ага ном дорад, ки дар қисми ҷанубию марказии Америка зиндагӣ мекунад. Ин намуди ғук ҳашароти зараррасонро хӯрда, ба хоҷагии кишоварзии тропика ёрии калон мерасонад. Бинобар он ғук-агаро 100 сол пеш аз ҷазираи Мартиника ба Ҳиндустон оварда, паҳн карда буданд. Соли 1930 бошад 150 дона (фарди) чунин ғуки фоидарасонро барои аз ҳашарот муҳофизат кардани киштзори найшакар босамолёт ба ҷазираҳои Гавай оварда паҳн кардаанд. Дертар шумораи онҳо зиёд шуда, як миқдорашро ба ҷазираи Филиппин, Гвинеяи Нав, Австралия оварда, паҳн намуданд.

Хусусияти хоси ғукҳо он аст, ки дар ҷойҳои иқлимаш хунук парвариш намеёбад. Вай ду ғадуди махсус дорад, ки аз онҳо моддаи заҳрнок ҷудо намуда, бо он худро аз душман (ҳайвоноту паррандаҳои гӯштхӯр) муҳофизат мекунад. Овозаш ба овози гулӯгири caг монанд аст, ки инро хангоми ҷуфтшавиаш шунидан мумкин аст.

Дар байни қурбоққаҳо аз ҳама калонаш голиаф ном дорад, ки соли 1926 онро аз Камерун (Африка) дошта буданд. Дарозии баданаш 32 см аст. Ғайр аз ин, дар қисми шимолии Америка говқурбоққа ҳаст, ки дарозиаш 20 см мебошад. Ин намуди қурбоққаро дар қисми шарқии Аврупо барои гӯшташ шикор мекунанд. Масалан, дар Америка ҳар сол то 100 млн. дона говқурбоққаро бо тӯр, чангак ё тир шикор мекунанд. Холо аз чазираҳон Гавай бо мақсади хӯрокӣ ба Сан-Франсиско содир мекунанд.

Говқурбоққа ҳар гуна ҳашарот, моллюск, моҳича ва чӯҷаи паррандаҳои обиро мехӯрад. Ин қурбоққа барои он номи говро дорад, ки овозаш ба дод задани гов монанд буда, аз масофаи 2-3 км шунида мешавад.

Расми 16. Ғук ва қурбокҳаи кӯлӣ
Расми 16. Ғук ва қурбокҳаи кӯлӣ

Намуди дигари чунин обхокӣ қурбоққаи кӯлӣ мебошад, ки то 17 см дарозӣ дорад. Ин намуди қурбоққа дар худуди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бисёр буда, аҳамияташ он аст, ки ҳашаротро мехӯрад, вале зарараш он аст, ки тухми моҳию моҳичаҳоро ҳам истеъмол мекунад.

Дар дунё аз ҳама қурбокқан хурд филобатус ном дорад, ки онро бори аввал дар соли 1910 дар ҷазираи Куба ёфтаанд. Андозаи ин курбоққа дар ҳолати болиғ буданаш ба нӯги ангушти ишоравӣ баробар мебошад.

Бояд қайд кард, ки насли хурди Обхокиҳо дар об инкишоф ёфта, баъзеашон баъд ба хушкӣ мегузаранд, кирминаи онҳо одатан бо ғалсама ва насли калонашон дар куҷое, ки бошанд, бо шуш нафас мегиранд. Пойҳои Обхокиҳо ба буғумхо ҷудо шуда, панҷа доранд. Пӯсти Обхокиҳои қадима рӯйпӯши пулакчагӣ дошта, намояндаҳои ҳозираашон пулакча надоранд.

Микдори умумии Намудҳои Обхокиҳо қариб ба 2 ҳазор мерасад, ки аксарияти онҳо дар мамлакатхои тропикӣ пахн шудаанд.

Дар ғорҳои рутубатноки Америкаи Шимолӣ Обхокиҳои думдор зиндагӣ мекунанд, ки дар вақти болиғ шудан на танҳо ғалсама, балки шуш хам надоранд. Ин гуна ҳайвонҳо танҳо тавассути пӯст нафас мекашанд. Онҳоро «саламандраҳои бешуш» меноманд.

Дар кӯҳҳои Карпат обхокии думдори дигар — саламандраи ало зиндагӣ мекунад, кирминаи он бештар дар бадани модар инкишоф ёфта, баъд ба об меравад.

Дар худуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Намудҳои обхокиҳо қурбокқахои сабз, алоғук, хокранг, тритои бештар паҳн шудаанд.

Қатори обхокнҳои бедум. Намояндаи он қурбоққаи дарахтгард аст, ки вайро квакша меноманд. Вай дар ноҳияҳои ҷанубӣ, дар болои барги дарахту буттаҳо зиндагй мекунад. Нӯги ангуштонаш васеъ шуда, ба якдигар часпидаанд ва барои рост истоданаш ёрӣ мерасонанд. Ранги квакша, мувофиқи ҷойи зисташ, бештар сабз мешавад. Квакша барои афзоиш ба замин фуромада, баъд ба об медарояд. Ғайр аз ин  квакшаҳои тропикӣ низ ҳастанд, ки насли аввалаи онҳо дар чуқурчаҳои тахтапушти модар йнкишоф меёбад.

Қурбоққаи шикамсурх ҳам аз қатори дубаҳраҳои бедум буда дар обанборҳои хурд вомехӯрад. Он бо пӯсти доначадораш ба ғук монанд аст, вале дар рӯйи шикамаш доғхои сурхи баланд дорад. Ғук ҳам намояндаи дубаҳраи бедум буда, васеъ паҳн шудааст. Онро бо гӯшти дурушти қӯнокакдораш (доначадораш) аз қурбокқа фарк кардан осон аст ва бештар ранги хокӣ дорад. Пӯсти ғук моеи тунди ширмонанд мебарорад, ки вай агар ба чашм ё даҳон расад, озурда мекунад. Масалан, лаклак қурбоққарэ мехурад, вале аз ғук ҳазар мекунад. Бинобар он пас аз ғукро ба даст гирифтан дастро ба тезӣ бо об тоза шустан лозим аст.

Пойҳои ақиби ғук аз пойҳои ақиби қурбоққа кӯтохтар аст, бинобар ин ғук нағз халлос зада метавонад ва баъзан дар рӯйи замин мехазад. Ғук ҳайвони шабгард буда, вайро бештар бегоҳию шабона дар боғ ё полиз дидан мумкин аст. Рӯзона вай дар чуқурихои намнок дар зери деворҳо пинҳон мешавад. Вай тухмашро дар об ба шакли занҷираи ресмон мегузорад. Баҳор дар ҳавзу ҷӯйҳо, кӯлмакхо бо ин «ресмон»-и дароз дучор мешавем, ки дарунаш тухмҳои ғук доранд.

Инкишофи ҷанинии Обхокиҳо фақат дар оби ширин мегузарад. Бинобар ин ғук дар вақти афзоиш дар ҷустуҷӯи обанборҳо баъзан аз 3 то 5 км масофаро тай мекунад. Аксар вақт онҳо ночор дар оби равони чӯй тухм мегузоранд. Барои он ки ҷараёни об тухмакҳоро набарад, ғук онҳоро ба шакли ресмони дароз гузошта, як нӯгашро ба ягон ҷисми обй мечаспонад. Онҳоро, ки ранги сиёҳчаю пардаи шаффофи луҳобй доранд, моҳҳои май-июн дар обҳои доманаи кӯху адирхо дучор шудан мумкин аст.

Хусусияти ғук ба тарзи зиндагиаш вобаста аст. Вай балгамшуллук, кирми лойхӯрак, хашароту кирминаи онҳоро, ки шабона мебароянд, мехӯрад. Хусусан моллюск, харак ва ҳазорпоро бепггар истеъмол мекунад. Ғайр аз ин, ғуки сабз хаст, ки он дар даштҳои доманакӯҳӣ камтар буда, дар минтақаи заминҳои обй зиёд аст.

Қурбоққахои сабз ҳамеша дар ҳалкаи дарёҳо, ҳавзу кӯлҳо, ботлоқу ҷӯйборҳо ва каналҳо зиндагӣ мекунанд. Қурбоққаҳо аз ин ҷойҳо бо ҳамроҳии обе, ки ба киштзор меравад, дар заминҳои обёришаванда пайдо мешаванд. Вай ҳар гуна ҳашарот, аз ҷумла ҳашароти зараровари растаниҳои дастпарварро мехӯрад.

Баъзе одамон аз нодонӣ қурбоққаро ҷонвари заҳрдори зарарнок ва ҳатто хавфнок мешуморанд. Аммо вай барои одамон тамоман безарар буда, барои киштзору боғот фоиданок мебошад.

Насли аз тухм баромадаи қурбоққа, ки кафлесак ном дорад, дар об якчанд Вақт зиндагӣ карда, харгуна кирмаку зочаи пашшаҳоро хӯрда, несту нобуд мекунад.

Дар мавриди пайдо шудани хатар қурбоққа ба масофаи калон ҷаҳида, худро ба об мепартояду зуд пинҳон мешавад. Пас аз андак фурсат қурбоққа чашму биниашро, ки дар болои cap қадре барҷаста ҷой гирифтаанд, аз об сахл берун мекунад. Баъд аз андак фурсат, агар ҳама ҷо ором бошад, боз ба лаби об мебарояд.

Тирамоҳ, Вақте ки хунукӣ cap мешавад, қурбоққаи сабз ба қаъри об мефурояд ва ба қабати лойқа ҷой гирифта, зимистонро дар хоб мегузаронад. Бадани сербар ва кӯтоҳи қурбоққа дум надорад. Фарқи пойҳояшон дар он аст, ки пойҳои ақиби курбоққа ба қисмҳои рон, сок ва панҷаи панҷангуигга, пойҳои пешаш ба қисмҳои китф, бозу, панҷаи чорангушта ҷудо мешаванд. Ба буғумҳо ҷудо шудани пойҳо, ки баданро ба ҳаракат кардан дар рӯйи хушкӣ мутобиқ мекунад, барои ҳамаи ҳайвоноти хушкигард хос аст. Хусусан пойҳои ақиби қурбоққа бақувват буда, барои ҷаҳидан аҳамияти калон доранд. Вақте ки ҷонвар ҳаллос мезанад, пойҳои ақиб бо сари зону заминро тела дода, аз ҷояш меҷаҳад. Пойҳои пешаш баланашро дар Вақти фуромалан ба замин аз зарб хӯрдан муҳофизат мекунад. Ҷаҳидани курбоқка. кайк, малах, кенгуру ва харгӯшро ба хотир оред.

Пӯсти бараҳнаи қурбоққа пулакча надорад ва бо ғадудҳои луҳобчудокунӣ пӯшида шудааст. Бадани курбоқкаи сабз аз боло ва аз ду паҳлӯ ҳар гуна тобиши сабзу ҷигарӣ дошта, каму беш холҳои сиёҳ ҳам дорад. Қисми поёнаш сафедтоб аст. Қурбоқка аз сабаби ин хел раг доштанаш чӣ дар даруни об ва чӣ дар лаби об аз байни сабзаҳо базӯр аён мешавад.

Қурбоққаи ба назар танбали лаванд ҳашаротро хеле моҳирона дошта мегирад. Вай инчунин тӯкумшуллуку лесакҳоро ҳам мехӯрад. Вақге ки тӯъма наздик мешавад, қурбокқа халлос зада, забони часпаки дарозашро берун мебарорад ва тӯъма ба забонаш мечаспад. Забони сербар ва часпаки курбоққа дар даҳон ба ҷоғи поёнӣ пайванд шудааст, бинобар ин қурбоққа нӯги қафои чоки
забонашро берун мебарорад .

Дандонҳои бисёр хурди қурбоққа танҳо дар рӯйи коми ҷоғи боло инкишоф меёбанд. Агар кафи ангуштамонро ба канори ҷоғи қурбокқа молем, онҳоро пай бурдан мумкин аст. Дандончаҳои қурбоққа танҳо барои доштани тӯъма ёрӣ мерасонад, вале ӯ тӯъмаро нахоида фурӯ мсбарад.

Қурбоққа бо муҳити берунн бо ёрин узвҳои ҳиссаш алоқаманд аст. Дар қисми болои сари қурбоққа як ҷуфт чашмони калони барҷаста ҳастанд, ки пилки болояш камҳаракат буда, пилки шаффофи поёниаш серҳаракат аст.

Дар болои даҳонаш як ҷуфт сӯрохии бинӣ ҷой гирифтааст. Ба воситаи сӯрохиҳо ҳаво ба ковокии бинӣ дохил мешавад, ки дар деворҳои вай асаби шомма шохчаҳои бисёре дорад. Ковокии бинии қурбоққа ба воситаи сӯрохии ком ба даҳон роҳ дорад. Ҳаво аз он ҷо гузашта, баъд ба гулӯю шуш меравад.

Дар ақиби чашмонаш пардаи доирашакли гӯш ҳаст, ки мавҷҳои садопардаи гӯшро меларзонад ва ин ларзиш бо ёрии устухончаи махсус ба гӯши дарунӣ, ки дар косаи cap ҷой гирифтааст, мегузарад. Дар ин ҷо нӯгҳои асаби сомеа ҳастанд, ки овозҳоро фарқ мекунанд.

Ба ғайр аз қурбоққаи сабз ва Намудҳои дигари онҳо қурбоққаҳои алафӣ низ вомехӯранд. Ранги онҳо асосан ҷигарӣ мешавад. Онҳоро аз курбоққаҳои сабз аз рӯйи доғи сиёҳи пушти чашмонаш фарқ кардан мумкин аст. Тобистон қурбоққаҳои алафиро дар боғоту ҷангалу полизи серсояи салқин дидан мумкин аст,

Тритонҳо аз намояндагони Обхокиҳои думдор буда зоҳиран аз қурбоққа ва ғук фарқи калон доранд. Тани дарозрӯяи онҳо бо думи дароз тамом мешавад. Думашон аз ду тараф пачақ буда, гирдогирдаш ҳошияи пардаи шиноварӣ дорад, ки бо ёрии он шино мекунад. Пойҳои тритон хеле кӯтоҳанд ва фақат барои хазидан дар хушкӣ ба кор меоянд.

Баҳорон ва дар нимаи аввали тобистон тритонро аз ҳавзҳое, ки дар онҳо растаниҳои обӣ бисёр мерӯянд, ёфтан мумкин аст. Вай бо шуш нафас мегирад ва ҳар 2-3 дақиқа барои нафас гирифтан ба рӯйи об мебарояд. Дар охирҳои тобистон пинҳон мешавад. Вай зимистонро ҳам дар ҳамин ҷо мегузаронад. Аввали баҳор ин ҷонвар боз ба об меравад.

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар бораи мушак, устухонбандӣ, сохти асаб, аъзоҳои дарунӣ ва афзоишу инкишофи обхокиҳо дар мисоли қурбоққаи сабз маълумот диҳед.
  2. Дар бораи қатори обхокиҳои бедум дар мисоли қурбоққаи дарахтгард ва ғук нақл кунед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …