- Сураи «Фотиҳа»-ро 21-маротиба бихонед ва бар худатон бидамед.
- Сураи «Фотиҳа»-ро 21-маротиба бихонед ва бар обе суф намуда, он обро бинушед.
- «Ё Салом»-ро 143-маротиба бихонед ва бар худ дам андозед.
- Садақа бидиҳед.
- Асали холисро истеъмол намоед.
- Агар шахси дигаре монанди шумо бемор аст, дар ҳаққи вай дуои хайру саломатӣ бинамоед.
- Ҳар дӯст ва ё ошное, ки барои аёдат ва аҳволпурсӣ ба назди шумо ояд, ӯро бар ин ки бар дин амалкунанда бошад, ташвиқ бинамоед.
- Оби Замзамро ба нияти шифову тандурустӣ бинушед.
- Бо хешовандон силаи раҳм намоед. Дар ривояте омадааст, ки: «Дар силаи раҳм шифо аст».
- Дар ривояте мазкур аст, ки: «Дар Қуръон шифо аст». Агар худи шумо (бемор) Куръон хондан метавонед, Қуръонро бихонед вагарна ба Қуръон хондани фарзандонатон гуш фаро диҳед.
- Агар касе набошад, ки Қуръонро бихонад, дар ин сурат фақат ба сӯйи Қуръон нигоҳ кунед.
- Аз сиёҳдона истифода намоед.
- Дар ҳадисе ворид шудааст, ки: «Худованд дуои шахси беморро мавриди иҷобат қарор медиҳад». Бинобар ин дуои худи шумо ба нисбати дуои мо дар ҳаққи шумо беҳтар пазируфта мешавад.
- Дар ҳадисе ворид шудааст, ки: «Ба сафар биравед, зеро ки тандурустӣ ҳосил мекунед».
Орзуи ин ҳақир бар ин аст, ки Худованд шуморо шифои комил иноят фармояд. Омин, ё Рабба-л-оламин.