Савол: Тарзи зиндагонии Ориёни ибтидоӣ чи хел буд, аз ҳисоби чӣ онҳо умр ба сар мебурданд?
Ҷавоб: Оғози кишоварзии даврони ибтидоии Ориён маълум буд: онҳо ҳанўз ба хок мўътақид буданд ва дона бар вай мепошиданд ва фақат баъди муҳоҷирати онҳо қабилаи ёфатиҳо истифодаи сипар, коштани ғалладона, сабзонидани сабзавот, шинонидани ниҳоли ангур машғул шуданд. Бинобар ҳамин қисми зиёди калимаҳои мансуби кишоварзӣ, ба як маъни дар забони койна (юнонӣ), лотинӣ ва ғ. мавҷуданд, ки дар забони, форсии қадим ё санскритӣ маънии дигаре надоранд.
Он чи ки ба мафҳуми илмӣ оид аст, ин халқҳо, агарчӣ ҳанўз инкишоф наёфта бошанд ҳам, вале тақсими солро вобаста ба тағироти фаслии моҳ пешниҳод карда буданд ва аллакай ҳисоби даҳгонаро истифода мебурданд.