Главная / Ҷамъият / Cавгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ

Cавгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №11, мод. 466) 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми октябри соли 2006, №366   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №10, моддаи 423) қабул гардидааст. 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 -уми ноябри соли 2006, №235 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №11, моддаи480) ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур

Қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Моддаи 2. Асосҳои ҳуқуқии Қонуни мазкур

Асосҳои ҳуқуқии Қонуни мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Моддаи 3. Маросими савгандёдкунӣ

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз савганд ёд намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе савганди тантанавӣ ёд мекунанд.

Моддаи 4. Матни савганди тантанавӣ

Мо, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ботантана савганд ёд мекунем:

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба халқу Ватан содиқ мемонем;

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян ва бечунучаро иҷро менамоем;

Ҳомии бошарафи Ватан буда, ҳушёрӣ, далерӣ ва садоқатмандии худро то нафаси охирин бошарафона нигоҳ медорем;

Ватан ва халқи худро мардонавор ҳифз менамоем;

баҳри ҳифзи Ватан, марзу буми он, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳамеша омода буда, ҳаёт ва ҷони худро дареғ намедорем.

Агар ин савганди худро шиканем, бигузор ба ҷазои сахт ва нафрати халқ гирифтор шавем.

Моддаи 5. Тартиби савгандёдкунии тантанавӣ

Дар маросими гузаронидани савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбӣ барои садоқат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Савгандёдкунии тантанавии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаҳои умумиҳарбии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 7. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 15 ноябри соли 2006

№ 205

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …