Главная / Ҷамъият / Салом модар (Шеър)

Салом модар (Шеър)

Бо номи ту ин калом, модар,

Бар шири ту эҳтиром, модар!

Ҳар соату субҳу шом, модар,

Аз ҷону дилам салом, модар!

Салом модар

 

Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо,

Бӯсида маро ба шаҳди лабҳо.

Бо меҳри бузургу бо талабҳо,

Хӯрди ғами ман мудом, модар.

 

Эй модари меҳрубону дилбанд,

Ман аз ту ҳазор бор хурсанд.

Ҳаёт оташи меҳр баҳри фарзанд,

Андар лили ҳар калом модар.

 

Бо ёди муҳаббату вафоят,

Бо ҳурмати шири ҷонфизоят,

Такрор намоям аз барояг.

Сад бори дитар салом, модар!

Муаллиф: Аминҷон Шукӯҳӣ

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …