Главная / Гуногун / Салафиён

Салафиён

Манқул[1] аст аз баъзе салаф, ки дар дарё ҷамъе дар киштӣ буданд, ки боде бархост ва киштиро дар талотуми амвоҷ андохт. Чунончӣ аҳли киштӣ дил аз ҳаёт бардоштанд ва якдигарро видоъ карданд. Дар ин маҳал нуос[2] бар ман ғалаба кард ва чашми ман гарм шуд. Пайғамбар (с)-ро дидам, маро гуфт: «Аҳли киштиро бигӯй, то ҳазор навбат ин салавотро бар ман фиристанд». Салавотро он Ҳазрат (с) ба ман хонданд. Бедор гаштам ва аҳли киштиро аз хоби худ хабар кардам. Ба хондани ин салавот машғул шуданд, ҳануз сесад навбат тамом нашуда буд, ки бод таскин ёфт ва ҳама халос гаштем. Ва салавот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма салли ало сайидино Муҳаммадив-ва ало оли сайидино Муҳаммадин, салавотан тунаҷҷино биҳо мин ҷамеи-л-аҳволи ва-л-офоти ва тақзилано биҳо мин ҷамеи-л-ҳоҷоти ва тутаҳҳируно биҳо мин ҷамеи-с-саййиоти ва тарфауно биҳо индака аъла-д-дараҷоти ва тубаллиғуно биҳо акса-л-ғоёти мин ҷамеи-л-хайроти фӣ-л-ҳаёти ва баъда-л- мамот, иннака ало кулли шайъин қадир.

Хулоса, баракоти ин дуруд барои дафъи балоҳову амроз[3] аз муҷарработи бузургон аст.[4]

[1] Манқул – нақл кардашуда.

[2] Нуос – нимхобӣ.

[3] Амроз – бемориҳо.

[4] «Маориҷу-н-нубувват фӣ мадориҷу-л-футувват». Саҳ. 131.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …