Главная / Гуногун / Саёҳат дар фазои кайҳон

Саёҳат дар фазои кайҳон

Дар замонҳои қадим одамон орзу мекарданд, ки мисли пар- ранда парвоз бикунанд, айни замон инсоният кайҳонро фатҳ на- муд, техника рушд ва такмил меёбад, орзуи инсон дар бораи пар- воз амалӣ гардид. Қаблан одамон парвозро, мисли мусаввараи В. М. Васнетсов «Гилеми паррон» тасаввур мекарданд.

Ба ақидаи мо, инсон ба чӣ ноил шуда метавонад? Биёед, имрӯз бо шумо корҳои эҷодии фантастикиро дар мавзуи кайҳон ифода менамоем. Орзуву ғояҳои шумо ба инсон ҷиҳати дар кайҳон так- мил ёфтан кӯмак мерасонанд.

Шумо медонед, ки 12 апрел Рӯзи космонавтика ба шарафи на- хустин парвози кайҳонӣ, ки аз ҷониби Юрий Гагарин дар соли 1961 ба ҷо оварда шуд, қайд карда мешавад.

08
«Гилеми паррон». В. Васнетсов

Ҳамаи мо орзу мекардем, то ин ки аз Қирғизистон ба кайҳон кайҳоннавард парвоз бикунад ва ин орзу амалӣ гардид.

Солиҷон Шарипов нахустин кайҳоннаварди Ҷумҳурии Қирғизистон гардид. Эҳтимол, дар байни шумо низ кайҳоннаварди оянда бошад.

Юрий Гагарин
Юрий Гагарин
Солиҷон Шарипов
Солиҷон Шарипов
«Дар фазои кайҳон». А. Леонов
«Дар фазои кайҳон». А. Леонов

Алексей Архипович Леонов – нахустин кайҳоннавардест, ки ба фазои кушоди кайҳон баромадааст. Аз пейзажҳои кайҳонии ӯ ба назар мерасад, ки вай рассоми боистеъдод низ мебошад.

Меҳнат кунӣ, роҳат мебинӣ.

То меҳнат накунӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад.

  • Дар зарбулмасалҳо сухан дар бораи чӣ меравад?
  • Мо дар Системаи офтобӣ зиндагӣ мекунем. Дар Системаи офтобӣ чанд сайёра мавҷуд аст?

Инсон, новобаста аз касби хеш, бояд нисбат ба кори худ эҷодкорона ва бо масъулияти баланд, муносибат намояд, танҳо он гоҳ ӯ ба мақсад мерасад, соҳиби эҳтироми атрофиён мегар- дад. Шумо, эҳтимол, мушоҳида кардед, ки аз соҳибтаҳсилон дар санъати тасвирӣ нерӯи махсус, донишҳои илмӣ талаб карда меша- вад. Мавзуи аҷоиберо дар бораи кайҳон интихоб карда, сайёраи ғайриоддиеро тасвир кунед, ки он бошишгоҳи мавҷудоти зинда буда, меъмории фантастикӣ дошта бошад.

Қабл аз он ки ба кори амалӣ шуруъ кунем, мо бо шумо донишҳои андӯхтаамонро оид ба мавзуъҳои гузашта бо ёрии супоришҳои тестӣ мустаҳкам менамоем.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …