Главная / Илм / САГ дар Канзи Шифо (Китоб)

САГ дар Канзи Шифо (Китоб)

sag_haivon-660x330Саг ҳайвони хонагист ки мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи бачаи бистрӯзааш гарм ва тар мебошад. Хислатҳои шифобахнш он: гӯшти сагро пухта, бо давоҳои хушбӯй бихӯранд, девонагӣ ва молихулиё (меланхолия)-ро ба зудӣ шифо мебахшад.

Шири аввалин мартабаи сагро чаконанд, гули чармро дафъ мекунад. Агар заҳраи онро бимоланд, мӯйи зоиди дар чашм рӯидаро манъ мекунад, агар онро канда, ба ҷойи он бимоланд.

Саргини сагеро, ки фақат бо устухон парвариш карда бошанд, гузошта банданд, дарди гулӯ ва варамҳои ҳалқро шифо мебахшад. Чун саргини саги дастнигарро дар тобистон гирифта, дар соя хушк кунанду бо шароб ё бо об биёшоманд, ё бо шире, ки дар он сангреза ҷӯшонида шуда бошад, ё оҳани тафсонро дар он хунук карда бошанд, биёшоманд, исҳоли хунинро даво мешавад.

Хуни хушккардаи сагро ба қадри 17,5 грамм бихӯраид, исҳоли хунинро дафъ мекунад. Чун бачаи сагро, ки ҳанӯз чашм накушода бошад, ба тамом дар об ба дараҷае бипазанд, ки бо об омехта гардад, баъд 400 грамм гандум дар он дохил карда, то ҳамаи обро ба худ макиданаш биҷӯшонанд, ки хушк шавад. Он гандумро ба мурғи яксола, ки дар торикӣ баста бошанд, бихӯронанд ва баъди ҳамаи он гандумро хӯрдани он, он мурғро кабоб карда, зани назоянда тановул намояд, вале ғизои дигар дар он омехта набошад, он зан ба ҳомила шудан қобила мегардад.

Чун сагбача пистони занеро, ки дар он шир шах шуда бошад, бимакад, он шир гудохта мегардад. Пешоби сагро занҳо биёшоманд, ҳомила шуданро манъ мекунад. Шири сагеро, ки аввалин мартаба зоида бошад, дар сӯрохи закар чаконанд, сӯзокрю дафъ мекунад.

Ҷигари сагро кабоб намуда ё бирён карда бихӯранд, саги девонагазидаро шифо мебахшад, хусусан, ки ҷигари ҳамон саги девонаи газидаро бихӯранд,. таъсираш зиёдтар аст дар ин бобат. Хокистари ҷигарашро бо сирко сиришта, ба такрори амал гузошта банданд, саги девонагазидаро сиҳат мекунад. Инчунин, хуни онро биёшоманд, барои касони саги девона газида даво мебошад.

Шири сагеро, ки якумин маротиба зоида бошад, бинӯшанд, заҳрҳои қаттолро аз бадан дафъ мекунад. Гӯшти сагро дар об пухта, бо давоҳои хушбӯй бихӯранд, иллати махавро дафъ мекунад. Саргинашро бимоланд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад. Саргини хушкашро соида бипошанд, заҳмҳои кӯҳнаро шифо мебахшад, ҳатто хокистари онро гузошта банданд ҳам захмҳои кӯҳна, кафидани узвҳо, бавосир ва хоришро ба ибро меоварад.

sag_haivon-300x150Пешоби сагро бимоланд, озахҳоро хушк карда меафтонад. Равғанашро бимоланд, ханозерро таҳлил медиҳад. Чун бачаи ҳанӯз чашм накушодаи онро бо саргини гов бисӯзанду ба носур бипошанд, хушк мегардонад. (носур — ин захми беҳнашаванда аст).

Чун пешоби саги модаро дар зарфе рехта бишӯроранд, то чун ҷурғот ғафс гардад, баъд онро ба мӯй бимоланд, сиёҳ мегардонад — ранги хубест. Чун устухон ва асаби сагро ба устухони шикаста ва асаби кандашудаи инсон бимоланд ё гузошта банданд, онҳоро пайваст мегардонад.

Дандони озахи сагро агар биёвезанд, дар шаб вақти хоб хуррок кашидан ва гап заданро манъ мекунад, зардпарвинро шифо мебахшад, вале агар инро ба тифл биёвезанд, дандонаш бе ҳеҷ гуна дарду офат мебарояд.

Дандони озахи саги девонаро дар пӯсти ҳамон саг хушрӯ баста биёвезанд, агарчи саги девона бигазад, зарар намерасонад. Канаи сагро ба худ бидоранд, сагон ба он кас намеаканд ва фарёд намезананд, ба ғайр аз худи он саги канадор.

Закари (кери) сагро хушк карда, бар рони худ биовезанд, шаҳватро ба ҳаракат меоварад. Мӯйи саги сиёҳи якрангро биёвезанд, саръро фоида дорад. Чун дорчиниро кӯфта, ба хамир печида, ба саг бихӯронанд, саг ба тараб ва рақс меояд. Чун заҳраи сагобиро ба қадри донаи наск ҳар кас, ки бихӯрад, ҳалок мешавад — илоҷи ин хӯрдани равғани гов бо дорчин аст.

Чун саги девона касеро бигазад, ҳолаташ монанди саги девона мегардад, яъне тарсанда аз обу оташ ва дигар аломатҳои молихулиё (меланхолия) рӯй медиҳад. Илоҷи ин он аст, ки миҳҷама (шохи хунгирӣ) ба он ҷо гузоранду бо қуввати тамом бикашанд, то хуни бисёр аз он ҷо берун шавад. Баъд аз он марҳамҳои сӯзонанда ва хӯрандаи гӯшт ба он ҷо гузоранд, ки инҳо сири (чесноки) кӯфта бо сирко ва равғани зайтун даромехта гузоштан; бо лаблабу, пиёз, индов пухта, бо равған ё сир ва намаки кӯфта, бо хокистари чӯби ток сиришта, ба он ҷо гузоранд. Ин тадбир дар марҳалаи аввали сирояти заҳри саги девона аст. Вале ҳангоми сироят кардани заҳри он ба тамоми бадан, бояд, ки доруҳои поккунанда ва исҳоловар хӯрда, баданро пок гардонанд, яъне бо давоҳои исҳоловар дар иллати молихулиё ва бо хӯроиидани давои саратон тадбир намоянд.

Инчунин кобед

лицейи умари хаём дар Душанбе

Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …