Ҳазрати Абӯрофеъ (paҳ) мефармояд: Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (раз) маҷбур гардид, то духтарашро ба никоҳи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф дарорад, аммо духтарашро гуфт:
– Ҳар гоҳ Ҳаҷҷоҷ ба назди ту ояд, ин дуоро бихон:
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Лo илоҳа иллаллоҳу-л-ҳалиму-л-Карим, Субҳоналлоҳи Рабби-л-Арши-л-азим ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин.
Тарҷума: Ба ғайр аз Аллоҳ, маъбуде нест ва Ӯ Ҳакиму Карим аст. Худованди Пок ва Парвардгори Арши азим аст ва ҳамаи таърифот барои Аллоҳ ҳастанд ва ӯ Парвардгори ҳамаи ҷаҳониён аст.
Ҳазрати Абдуллоҳ (раз) фармуд:
– Ҳар гоҳ барои Расулуллоҳ (с) мушкили хосе пеш меомад, ҳамин дуоро мехонд.
Ровӣ мегӯяд: Духтари Ҳазрати Абдуллоҳ (раз) ин дуоро хонд ва бар асари он Ҳаҷҷоҷ натавонист ба ӯ наздик бишавад.