Главная / Биология / Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода

Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода

Муҳофизати растаниҳои гулдори нодир ва нестшудаистода, ки ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил карда шудаанд

Олами наботот манбаи ҳаёт дар рӯи Замин аст. Дар ҳақиқат, мавҷудияти инсон, ҳайвонот ва организмҳои ниҳоят хурдандоза (микроорганизмҳо)-ро бе наботот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар раванди фотосинтез, ки фақат хоси растаниҳои сабз мебошад, аз як тараф, агар ҳаво (атмосфера) аз оксиген бой гардад, аз тарафи дигар, аз гази барзиёди карбонат (дуоксиди карбон) тоза мегардад.

Растаниҳои нодире, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд
Расми 75. Растаниҳои нодире, ки ба «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил карда шудаанд

Фотосинтез ҳодисаи ҳаётбахше мебошад, ки дар натичаи он дар барги сабзи растаниҳо аз гази карбонат ва об бо иштироки бевоситаи пигменти сабз (хлорофилл) энергияи нури офтоб фурӯ бурда шуда, боиси дар барг ҳосил шудани қанди ангур (глюкоза) ва хориҷ гардидани оксиген мегардад. Аз қанди ангур ва маҳлули на-макҳои маъданӣ, ки аз хок ба туфайли реша ҷаббида мешаванд, ангиштобҳои мураккаб, сафеда, равған ва дигар моддаҳои барои ҳаётгузаронии растанӣ зарур хосил мешаванд. Инсон, ҳайвонот ва микроорганизмҳо эҳтиёҷоти ба ин моддаҳо доштаи худро ба туфайли растаниҳо қонеъ мегардонанд. Ҳамин тавр, растании сабз дар раванди фотосинтез маҳсулоти аввалини биологиро ҳосил мекунад ва кулли мавҷудоти оламро бо оксиген таъмин месозад.

Аксарияти растаниҳои мазрӯъ аз растаниҳои худрӯй пайдо шудаанд. Аз ин ҷост, ки барои пешбурди корхои селексионӣ (навъофарӣ), яъне барои ба вуҷуд овардани навъҳои гуногуну серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, растаниҳои худрӯйро истифода мебаранд.

Растанӣ аз худаш моддаҳои гуногуни бухоршаванда (фитонсидҳо) хориҷ мекунад, ки онҳо қобилияти нобуд кардани бактерияҳой касалиоварро доранд. Растаниҳо инчунин садохои баландро фурӯ нишонда, гарду чанги ҳаворо ба худ гирифта, покизагии ҳавои маҳалро таъмин мекунанд. Бинобар он, ташаккул ва тағйирёбии иқлими муҳити зист ба наботот зич вобаста аст.

Растанӣ қобилияти баланди обнигоҳдорӣ дошта, хокро аз шусташавӣ нигоҳ медорад.

Ҷиҳатҳои зараровари баъзе растаниҳо аз он иборат аст, ки онҳо ба сифати алафҳои бегона (худрӯй) дар байни зироатҳои кишоварзӣ рӯида, сабзишу инкишофи онҳо ва коркарди хокро (заминро) душвор мегардонанд. Инчунин, баъзе растаниҳо бо таркиботи захрнокашон метавонанд чорвои хонагиро заҳролуд кунанд.

Ҳамин тавр, дар вақти бо растаниҳо муносибат кардан бисёр ху- сусиятҳои хоси онҳоро бояд ба назар гирифт. Вале, баъзан дахо- лати гуногунҷабҳаи инсон ба табиат боиси тамоман камшумор ва ҳатто нобуд шудани бисёр намудҳои нодири растанихо мегардад. Масалан, инкишофи босуръати соҳаҳои гуногуни саноат, сохтмони заводу фабрикаҳо, комбинатҳо, афзудани микдори шаҳрҳои навбунёд, маҳалҳои гуногуни аҳолинишии, афзун шудани саршумори чорвои хонагӣ, сохтани роҳҳои нави оҳану мошингард, мунтазам аз худ кардан ва обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида, кофтани каналҳои обёрикунанда, сохтани обанборҳои сунъӣ ва дигар соҳахои фаъолияти инсон наметавонад ба ҳолати муҳити атроф ва алалхусус ба олами наботот бетаъсир бошад.

Оқибати чунин таъсиррасониҳо боиси он шуданд, ки дар Тоҷикистон дар айни замон 208 намуди растаниҳои гулдор (199 намуди растаниҳои алафӣ ва 27 намуди растаниҳои дарахтию буттагӣ) дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Бинобар он, барои ҳифзи онҳо, ин растаниҳои нодир ва дар ҳолати нестшавӣ қарордошта ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил карда шудаанд. “Китоби Сурх” – китобҳуҷҷати илмии байналхалқӣ аст, ки оид ба наботот ва ҳайвоноти ҳифзшаванда ва роҳҳои барқарор кардани онҳо маълумотҳои муҳиму муфассал медиҳад.

Ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” аз растаниҳои дарахтӣ ва буттагӣ чунин растаниҳо, аз қабили бодоми Вавилов, дӯлонаи дарвозӣ, олуи дарвозӣ ва тоҷикистонӣ, ноки каёнӣ, хурмои муқаррарӣ ва ғайраҳо дохил карда шудаанд.

Гурӯҳи дигар растаниҳо, ки гули зебо дошта, авзали баҳор ме- шукуфанд аз ҷумла намудҳои зиёди гули лола, сичак (сич), гули ҳолмон, гули сиёҳгӯш, гули наврӯзӣ, бойчечак ва ғайраҳо низ дар холати нестшавӣ қарор дошта, ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” дохил карда шудаанд.

Аз 87 намуди пиёзи худрӯй, ки дар Тоҷикистон мерӯяд, 17-тоаш ба “Китоби Сурх” дохил карда шудааст. Инҳо (сиёҳалаф, гӯши бузак, модил) растаниҳое мебошанд, ки аз сабаби ҳар сол ҷамъоварӣ кардани қисми рӯизаминии онҳо, пиёзакашон сол аз сол камқувват шуда, аз сабзишу инкишоф бозмемонад. Намуди дигари пиёз ансал ё пиёзи анзур мебошад, ки онро барои намакӣ кунондан ба миқдори зиёд ҷамъоварӣ мекунанд. Дар натиҷа сол аз сол камша- вии ҳудуди майдони нашъунамои ин намуди пиёз низ ба мушоҳида мерасад. Ва вай бешубҳа мӯҳтоҷи ҳифз аст.

Чи тавре ки маълум аст, зира растании бисёрсолаи маъмулу хушбӯй аст. Вайро ҳамчун растании доругӣ ва барои хуштаъм кардани таом истифода мебаранд. Ҷамъоварии зира бо роҳи дарав кардани қисми рӯизаминии он дар давраи пеш аз пухтани тухмаш сурат мегирад. Чунин муносибати ғайриоқилона имконияти аз тухмаш сабзидану афзоиш кардани зираро номумкин мегардонад. Аз ин рӯ, зира низ ба ҳифзи қонун эҳтиёҷи комил дорад.

Растании зебои дигар, ки ба “Китоби Сурх” дохил карда шудааст, ҳолмон мебошад. Ҳолмон охирҳои моҳи март гул мекунад. Одамон ва сайёҳон аз гулҳои зебои он гулдастаҳо сохта, хусусияти аз тухм афзоиш кардани онро маҳдуд мекунанд. Аз дигар тараф, мардуми деҳот (таҳҷой) пиёзаки онро барои ҳосил кардани нишоиста ҷамъоварӣ мекунанд. Ин ҳар ду омили номатлуб боиси кам шудани майдонҳои ҳолмон гардидаанд.

Барои ҳифзу пешгирӣ кардани камчинӣ ва нобудшавии растаниҳои нодир, мебояд тамоми мардуми Тоҷикистон нисбати онҳо гамхорӣ зоҳир кунанд. Дар ин икдом хусусан муаллимон ва хонандагони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва донишҷуён фаъолона иштирок намуда, бояд ҳиссагузор бошанд. То ки ин растаниҳои нодир на танҳо ҳифз карда шаванд, балки барои зиёд кардани ҳудуди паҳншавии онҳо аз сидқи дил ғамхорӣ зоҳир кунанд. Муҳофизати растаниҳо бояд қарзи шаҳрвандии ҳар як инсони соҳибхирад бошад.

  1. Растаниҳо дар ҳаёти инсон чӣ аҳамият доранд?
  2. Ба “Китоби Сурхи Тоҷикистон” чанд намуди растаниҳои гулдор дохил карда шудаанд?
  3. “Китоби Сурх” чӣ гуна ҳуҷҷат, китоб аст?
  4. Кадом растаниҳои нодири дарахтию буттагиро медонед?
  5. Гиёҳҳои барвақт гулкунандаи нодирро номбар кунед.
  6. Бо чӣ сабабҳо растаниҳо камёфту нодир мешаванд?

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …