Главная / Ҷамъият / РАМЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАМЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006, №7, мод. 340)

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 341 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 6, моддаи 300) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 221 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 35; ҚҶТ аз12.11.2013с. №1026;) ҷонибдорӣ гардидааст.

Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.

Моддаи 1. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I мебошад.(ҚҶТ аз 12.11.2013с. №1026) 

Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матои хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст.

Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.

Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад.

Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст.

Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» – чаҳор қисмати гетӣ буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст.

Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст.

Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтаанд.

«Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ мешавад.

Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.

Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он фамилия, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри мӯҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мешавад.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад. 

Моддаи 3. Тасвири Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси такмили ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» бо шакли хос ва шаддаи хоси овеза тайёр карда шудааст.

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисми таркибӣ –ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як», Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.

Дар меҳвари Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи ҳафтгӯшаи сурх, ки аз ёқути сурх сохта шудааст, ҷойгир буда, баёнгари мубориза баҳри озодӣ, истиқлол, адолат ва пешрафт мебошад.

Дар доираи давродаври заррин ибораи «Ситораи Президенти Тоҷикистон» аз тилло ҳаккокӣ шудааст.

Дар дохили доираи ситораи ҳафтгӯша Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тилло тасвир гардидааст.

Ситораи ҳафтгӯша бо нурҳои нуқрагин зиннат ёфтааст, ки онро шукӯҳ ва ороиш бахшида, рамзи покӣ ва озодагии рӯҳу сират мебошад.

Ҳар хатти тӯлонии нур (маҷмӯан: 7 хат) бо се лаъли ҳалқагин, хатҳои миёна (маҷмӯан: 14 хат) бо ду лаъли ҳалқагин ва хатҳои хурди нур (маҷмӯан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.

Ба ҳар гӯшаи Ситора лавҳаи мураббаи заррин (маҷмӯан: 7 лавҳа) васл гардидааст, ки дар қисмати болоии он зумуррад дар шакли мураббаъ ҷойгир аст.

Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи як» бо нишони ҳалқавии Шери болдори дар ҳоли ҳаракати доимӣ буда, васл карда шудааст. Шери болдор рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат мебошад.

Нишони ҳалқавии Шери болдор аз ду ҷониб бо лавҳаҳои хоси заррин бо Шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавҳаҳо ифодаи суннатии қудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 ҳалқаҳои зарринро дар таносуби муайян ва паиҳам пайванд намудааст.

Дар 6 ҳалқаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 ҳалқаи заррин дар заминаи ранги осмонӣ тасвири заррини Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. 

Моддаи 4. Маҳали нигоҳдошт ва тартиби истифодаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳали нигоҳдошти нусхаи асли Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи он пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мебошад.

Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қароргоҳҳо ҳангоми ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ҳангоми дар хориҷа ба сифати шахси расмӣ будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад дар қароргоҳи зисти муваққатӣ ва воситаи нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта шавад.

Ҳангоми гузоштани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳ афрохта мешаванд.

Дар ҳама ҳолатҳои якҷоя афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи онҳо бояд баробар бошад.

 

Моддаи 5. Тартиби истифодаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, гузаронидани парадҳои расмӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дигар, инчунин ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба сифати меҳмони фахрӣ даъват шудааст ва ё дар пазироии расмӣ ҳузур дорад мутобиқи тартиби протоколи тарафи қабулкунанда метавонад мавриди истифода қарор дода шавад.

 

Моддаи 6. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоб шудан Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” дараҷаи I аз ҷониби        Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда, дар ҳамин маврид Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 12.11.2013с. №1026)

 

 

Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Риояи талаботи Қонуни мазкур ҳангоми афрохтани Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузошта мешавад.

Таҳқири рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакле, ки набошад, манъ аст.

Шахсоне, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи Қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Э.Раҳмонов

 

        ш. Душанбе  28 июли соли 2006

        № 192

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …