Главная / Биология / Пахта дар Тоҷикистон

Пахта дар Тоҷикистон

Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб меравад. Вай ба оилаи тугмачагулҳо мансуб аст. Дар Ҳиндустон 3 ҳазор сол пеш аз милод пахтаро кишт карда, аз он матоъ мебофтаид. Дар Миср ба кишти пахта дар асрҳои 1 то милод, дар Хитой бошад, асрҳои 9-7 сар кардаанд. Дар Осиёи Миёна пахта аз асрҳои 7-6 то милод инҷониб парвариш карда мешавад.

paxta

Пахта, агарчанде растании бисёрсола аст, дар зироаткорӣ ҳамчун растании яксола парвариш карда мешавад. Вай хелҳои зиёд дорад. Вале дар як қатор мамлакатҳо, аз он ҷумла дар ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан ду намуди он пахтаи муқаррарӣ ва мисрӣ кишт карда мешавад. Намудҳои худрӯи пахта дар саваннаҳои (маҷмӯънабототи) Африка, Арабистон, Америкаи Шимолӣ ва Австралия мерӯянд.

Пахта решаи боқуввати сершохронда дошта, ба хок 2,4—2,6 м чуқур меравад. Бахши ҷаббандаи (об ва маҳлули намакҳои маъданӣ) реша асосан дар қабати нисбатан болотари хок (яъне дар чукурии 15-30 см) ҷойгир аст. Пахта пояи рости сершоху барг дошта, аз 70 то 200 см қад мекашад.

Дар растании пахта ду намуди шохаҳо, яъне шохаҳои сабзишӣ ва меваовар инкишоф меёбанд. Аз бағалбаргҳои поёнӣ шохаҳои сабзишӣ (рушдӣ) ва аз қисми болоии поя аз 15 то 20-то шохчаҳои самаровар (мевадиҳанда) ба воя мерасанд. Барги пахта тунуки сабз, шаклаш 3-7-паррадор ё мудаввари паршакл мешавад. Баргҳо дар поя пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Барги аввалини ҳақиқӣ пас аз 7—10 рӯзи неш зада баромадани тухмӣ ва барги дуюм 4-5 рӯз пас аз барги якум мебарояд.

Гулҳои калон-калони пахта дуҷинса буда, аз 5 гулбарги рангашон зард ё зардчаранги сафед иборатанд. Гардбаргҳояш бешуморанд. Гули пахта худгардолудшаванда аст. Дар асоси найчаи гард- баргчаҳо шахддонҳо ҷойгиранд, аз ин рӯ гули пахта метавонад, инчунин ба туфайли ҳашаротҳо аз гулҳои атрофаш гардолуд ша- вад. Гардолудшавӣ ва бордоршавии гули пахта тақрибан ду шабо- нарӯз давом мекунад.

Дар шароити бағоят мусоид пахта хеле хуб инкишоф ёфта, метавонад то 200 кӯрак бандад. Пунбадонаи пахта байзашакл ё мурӯдшакл буда, одатан бо нахҳои дарози сафед иҳота гардидааст. Дарозии ҳар нахи пахта аз 30—40 мм то 50—60 мм мерасад.

Дар Тоҷикистон пахтаро дар аксари ноҳияҳо, ба ҷуз минтақаҳои баландкӯҳ, парвариш мекунанд. Мӯҳлати кишти пахта, вобаста ба шароитҳои иқлимии ноҳияҳо, аз моҳи апрел шурӯъ шуда, то аввалҳои моҳи май давом мекунад.

Ҳар як мутахассиси соҳаи кишоварзӣ хуб медонад, ки барои рӯёндани ҳосили фаровони пахта пеш аз ҳама заминро бояд ҳаматарафа ба кишт тайёр кард. Бинобар он, тирамоҳ заминро аз ғӯзапоя тоза карда, ба он нуриҳои фосфордор андохта, то чуқурии 30—40 см шудгор мекунанд.

Сипас, дар аввалҳои баҳор, баробари ба шудгор мувофиқ шудани замин, ба чуқурии 8-10 см сихмола мекунанд. Агар хоки замин нисбатан сахт шуда бошад, онро аввал чархмола ва сонӣ сихмола мекунанд. Баъди гузаронидани чунин корҳо ба кйшти пунбадона (чигит) шурӯъ мекунанд. Барои аз касалии риштатосак ва ғомоз муҳофизат кардани растанӣ чигитро бо моддаҳои заҳрноки химиявӣ (формалин) олуда мекунанд. Дар вақти кишти пунба ҳарорати хок бояд 14—16°С бошад. Дар чунин ҳарорат, ҳангоми кифоя будани намӣ, ҳаво ва дигар омилҳои зарурӣ,ҷанини чигит ба сабзиш шурӯъ мекунад. Кишти чигити пахтаро тавассути чигитпошакҳо гузаронида, ҳаракат мекунанд, ки тухмӣ дар чуқу- рии 3,5 – 4,5 см дар зери хок пинҳон шавад. Баъди дубарга шудани ниҳолҳо, онро ягона мекунанд. Агар ягонакунӣ дертар оғоз шавад, он гоҳ намнокӣ паст гардида, моддаҳои гизоӣ беҳуда талаф мешаванд, ки ин боиси кам шудани ҳосил мегардад.

Барои рӯёнидани ҳосили фаровони пахта коркарди байни қаторҳоро сари вақт дар асоси талаботи агротехникӣ гузаронида, ба пахтазор додани нуриҳои маъдании нитрогендор, фосфордор ва калийдор хеле муфид аст.

Дар давраи рушду нумӯи пахта чандин маротиба бех ва байни ниҳолҳоро мулоим мекунанд. Дар натиҷа алафхои бегона хеле кам шуда, барои инкишофи мӯътадили ниҳолҳо шароити мусоид фароҳам меояд. Хусусан, баъди ҳар обмонӣ бояд байни ҷӯякхо нарм карда шавад. Баъди дар нихолҳо пайдо шудани шохаҳои самаровари мевадеҳ ниҳолҳои пахтаро чеканка менамоянд (яъне сарнӯги расишкунандаашро дастӣ канда мепартоянд). Ҳосили пухта расидаи пахтаро баъди шукуфтани кӯракҳо дастӣ ё бо мошинҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

Ба даст овардани ҳосили фаровони пахта пеш аз ҳама ба мавҷудияти навъҳои хубу ҳаматарафа санҷидашудаи пахта, ки ба шароитҳои гуногуни ноҳияҳои кишоварзӣ мувофиқанд, вобастагии калондорад.

Дар тӯли чандин даҳсолаҳо дар Тоҷикистон асосан навъҳои пахтаи миённахи 108-Ф, 153-Д, Тошкент-1, Тошкент-6, 133, 149-Ф, Регар-1, Гулистон ва пахтаи маҳиннахи навъхои N 23, 504-В, 2326-В, 8809-В, 5010-В, 5904-И, 5595-В ва ғайраҳо кошта мешаванд.

Чи тавр ки маълум аст, пахта дорои аҳамияти калон аст. Зеро нахи пахта барои тайёр кардани матоъҳои гуногун истифода мешавад. Аз як кг нахи пахта ба ҳисоби миёна 5 м лас, 20 м сон (суф), 40—140 адад риштағалтак истёҳсол менамоянд. Аз як кг пунбадонаи пахта бошад, 270 г равған, 400 г кунҷора, 300 г шелуха, 30 г линт гирифта мешавад. Бар замми ин линти пахтаро барои истеҳсоли линолеум, лак ва дигар масолеҳҳо истифода мебаранд. Равғани пахта маводи хӯрокии пурбаҳо буда, он аз витаминҳо ва дигар моддаҳои органикии фоиданок бой мебошад.

Инчунин, пӯстпарда (шелуха) ва кунҷора, ки партови корхонаҳои равғанбарорӣ ба ҳисоб меравад, хӯроки серғизо ва пурқимати чорво мебошад. Дар натиҷаи коркарди пӯстпарда спирт, кислотаҳои (чавҳарҳои) органикӣ ба даст оварда мешавад. Аз барги пахта ҷавҳари себу лимӯ истеҳсол мекунанд. Ғӯзапоя ва партовхои заводи пахтатозакунӣ дар натиҷаи коркарди махсус ба хӯроки серғизои чорво табдил дода мешаванд. Ҳамин тавр, пахта зироати пурарзиш буда, боигарии халқи мо ба ҳисоб меравад.

  1. Аз рӯи кадом аломатҳояш пахтаро ба оилаи тугмачагулҳо дохил мекунанд?
  2. Дар Тоҷикистон кадом намуд ва навъҳои пахта кишт карда мешаванд?
  3. Дар бораи таърихи пайдоиш ва паҳншавии пахта чӣ гуфта метавонед?
  4. Дар ниҳоли пахта чӣ гуна шохчаҳо фарқ карда мешаванд?
  5. Гули пахта чӣ тавр гардолуд мешавад?
  6. Барои ба кишт омода кардани замин чӣ гуна чорабиниҳоро анҷом додан лозим аст?
  7. Барои нашъунамои пахта кадом шароитҳо заруранд?
  8. “Пахта боигарии мо аст”, инро чӣ тавр шарҳ медиҳед?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …