Главная / Гуногун / ОЁ БА МИСЛИ ЗАМИНИ МО САЙЁРАИ ДИГАР ДАР ОЛАМ ВУҶУД ДОРАД?

ОЁ БА МИСЛИ ЗАМИНИ МО САЙЁРАИ ДИГАР ДАР ОЛАМ ВУҶУД ДОРАД?

Бале, вуҷуд дорад. Соли 1995 ба астрофизикҳои замони мо билохира муяссар гардид, тасдиқ кунанд, ки дар галактикаҳои дигар ҳам ба мисли Галактикаи «Роҳи Каҳкашон»-и мо сайёраҳо мавҷуданд. Шумораи онҳо ба 120 мерасад. Доктори улуми физикаву риёзиёт Л.Ксанфомалити мегўяд: Тараққиёти техникаи муосир моро ба ҳайрат меорад. Аппарати коинотии «Кассини*Гюйгенс**, ки соли 1997 ба коинот партофта шуда буд, 4 миллиард км  роҳро тай карда билохира, пас аз 7- сол, яъне соли 2004 ба сайёраи Зўҳал ва 14 – январи соли 2005 ба фазои ҳамсафари Зўҳал – Титан (Даҳо) наздик шуд. Дар роҳ сатҳи сайёраи Зўҳалро аскбардорӣ кард. Ва чун аппарати тадқиқотии «Гюйгенс» аз «Кассини» ҷудо шуда, ба сатҳи ҳамсафари калонтарини Зўҳал –Титан фаромад, дар Замин одамон садои шамолро шунида – кўҳҳо, дарёҳҳо ва заминҳои ҳамворро тамошо карданд.

 sayora Акнун дар астрофизикаи замони мо зи нав дарҳои нав ба нав боз мегарданд. Техника тараққӣ карда астрофизикаи коинотиро мусаллаҳ мегардонад. Лоиҳаи «Кассини»-ро олимони аврупоии (ЕКА) бо иштироки НАС-и  Америкоӣ  кор карда баромаданд. Барои бунёди ин аппарат баъзе аз олимони аврупоӣ, тамоми ҳаёти худро бахшиданд.

Титан дар байни тамоми системаи офтобӣ аз ҳама калонтарин моҳ ба шумор меравад. Қутри он 5 хазору 800 км аст, ки аз сайёраи Уторид калонтар аст. Вале диққати олимони аврупоиро бештар табиати Титан ба худ ҷалб менамуд. Зеро дар ягон сайёраи системаи офтобӣ атмосфера, яъне табиат вуҷуд  надорад. Хушбахтона Титан атмосфераи худро дорад.

Титан яъне аз Зўҳал нисбат ба Моҳ аз Замин, се карат дуртар аст, Вале дар натиҷаи бузургии ҳаҷми Зўҳал як гардиши ў 15 шабонарўзи моро дар бар мегирад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …