Главная / Гуногун / ҲАЁТИ ОДАМОНИ ҚАДИМТАРИН

ҲАЁТИ ОДАМОНИ ҚАДИМТАРИН

ОДАМОНИ ИБТИДОӢ. Бостоншиносон бисёр нишонаҳои одамони қадимтаринро дар Африқо, Осиё, Аврупо ва Америка пайдо намуда, аз рӯи устухонпораҳояшон шаклу андоми онҳоро муайян кардаанд. Дар натиҷаи ин маълум гардид, ки одамони ибтидоӣ аз одамони имрӯза фарқи калон дошта, ба маймунҳои калонҷусса монанд буданд. Пешонаапюн тангу хамида, майнаашон аз майнаи маймун калонтар, вале аз майнаи одами замони мо хурдтар буд. Онҳо на ба мисли ҳайвон бо чор пой, балки бо ду пой роҳ мегаштанд ва аз ҳамин сабаб қоматхамида буданд. Дастонашон хеле дароз буда, кариб то ба зонуҳояшон мерасиданд. Бо дастонашон корҳои оддиро ба чо меоварданд: ягон чизро гирифта, заминро меканданд, худро мухофизат мекар- данд.

odamoni-qadim

Дар аввал одамони ибтидой мис­ли мову шумо хам зада наметавонистанд, яъне нутқ надоштанд. Дар бораи пайдоиши одамони ибтидой то имрӯз фарзияҳои гуно- гун пешниход шудаанд. Яке аз ин фарзияҳо аз маймун пайдо шудани одам мебошад.

Одамони ибтидоӣ мисли ҳайвонҳои дарранда панҷаю нохунҳои боқувват ва дандонҳои сахт надоштанд. Онҳо ба замми сангҳои нӯгтезу теғадор барои кофтани замин, шикор, афшоидани мева ва корҳои дигар калтакро ҳам истифода мебурданд.Фақат якчанд овози канда-канда мебароварданд, ки онҳо ба нутқ монанд набуданд. Бо ин овозхо онҳо хурсандиву хашму газаб ва тарсу ҳароси худро ифода ме- намуданд, ҳамдигарро аз хавфу хатар огоҳ мекарданд ва ё дар мавриди тахдиди хатар ҳамҷинсони худро ба ёрӣ ҷеғ мезаданд.

ОЛОТИ АВВАЛИНИ МЕҲНАТИ  ОДАМОН И ИБТИДОӢ. Олоти ко­рни асосии одамони ҷамоаи ибти­доӣ сангҳои теғадор буданд. Дар натиҷаи ҳафриёт бостоншиносон онҳоро хамроҳи устухонҳои одамони қадимтарин пайдо намудаанд. Бо ин сангҳои теғадор одамони ибтидоӣ чӯб метарошиданд, пӯсти ҳайвони шикоркардаро аз танаш ҷудо мекарданд, корҳои дигари рӯзгорро ба чо меоварданд.

Сангҳои нӯгтез, калтак ва чӯби заминканӣ аз олоти аввалини меҳнати одамони ибтидоӣ ба шумор мерафтанд. Бо ёрии онҳо одамони асри санг барои худ хӯрок ба даст медароварданд ва худро муҳофизат ҳам мекарданд.

Маҳз ба туфайли сохтан ва истифода бурда тавонистани ҳамин гуна олоти меҳнат, ки ҳарчанд хеле оддию номукаммал буданд, одамони ибтидоӣ аз ҳайвонот фарқ мекарданд. Маълум аст, ки ҳайвонхо олоти оддитарини кориро ҳам сохта наметавонанд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …