Главная / Маданият ва санъат / НОМА БА ДӮСТ  (Нома ба ҷӯра /рафиқ-шинос)

НОМА БА ДӮСТ  (Нома ба ҷӯра /рафиқ-шинос)

Навиштани нома/мактуб ба дӯст хеле кори хотиравист ва асосан онро ҳамсинфон, ҳамкорон, ҳамхизматон менависанд. Ҳар касе ки нома ба Дӯсташ менависад ин нишонаи баланди дустӣ ва иззату икром аст.

Ҳаракат кард, ки дар мактубе ки ба дуст навишта мешавад кутоҳтар бошад ва дар он фақат ҷавҳари сухан зикр шуда бошад. Албатта хуб мешуд бо мактуб инчунин ягон туҳфаи хотиравӣ аз ҷумла сурат, сувинир ва ё ба монанд инҳо ки ҳаҷман хурданд ирсол карда шаванд.

jahon-globus-kudakon

Барои намуна мактуб/нома ба Дустро дар поён оварда шудаанд.

Ассалому алейкум Дусти ман Алишерҷон,

Аз рӯзе ки туро надидам шояд аз 1-сол ҳам зиёд шуда бошад. Дируз аз дустамон Салмон фаҳмидам, ки ту соҳиби вазифаи баланд шудӣ ва барои ҳамин ҳам бо мактуби мазкур туро табрик гуфта бароят мувафаққият дар кори нав ва осудаҳолиро орзу менамоям.

Бигузор саломатият чун пештара бардам бошаду дар ҷамият ҳамеша соҳиби обруи баланд бошӣ.

Ман ҳоло ҳам деҳқон шуда дар хоҷагии қишлоқамон кор мекунам ва соҳиби зану фарзанд шудам вале дар туям туро дарёфт карда натаовнистам, чунки фаҳмидам ту ба шаҳри бегона кучида рафтаӣ.

Ҳар куҷое бошӣ ҷураи ҷон бо Худованд бошӣ !

Ҷавоби мактубат бароям хеле шарафманд ҳоҳад буд!

Аз самими қалб,

Дӯсти ҳамхизматӣ: Равшани Амирзода

12.07.2018

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …