Главная / Гуногун / Барои чи қурби доллари ИМА боло меравад?

Барои чи қурби доллари ИМА боло меравад?

Аз чи сабаб нархи доллор афзоиш ёфта ба паст шудани арзиши пулли милли сабаб мегардад ?

Аз эътидол берун паст шудани қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА бинобар ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи Федератсияи Руссия дар чанд рӯзи охир бевосита  таъсири худро ба қурби пули миллӣ-сомонӣ расонд.  Дар натиҷаи қурби доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ яку якбора баланд шуда,  фарқияти байни ин қурб ва  қурби расмӣ аз ду фоиз зиёд гашта,  талабот ба харидории доллари ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ ба маротибаҳо афзуд.

Доллари ИМА

Пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и  нақд боиси он гаштааст,  ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ,  фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд.

Аз ин рӯ,  ташкилотҳои қарзӣ бояд барои баҳисобгирии шахсони воқеие,  ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани  даромади ҳаннотӣ аз муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ харидорӣ менамоянд ва харидории ин асъор ба фаъолияти онҳо умуман алоқамандӣ надорад, чораҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд.

Таҳлилҳои нишон медиҳанд,  ки  дар баробари таъсири омилҳои объективӣ-мавсимӣ  ва субъективӣ-психологӣ (овозаю таҳлука) дар бавуҷудоии ин вазъи ногувор муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва кормандони онҳо саҳми назаррас доранд.

Бонки миллии Тоҷикистон қаблан ташкилотҳои қарзиро вазифадор карда буд,  ки фаъолияти худро дар бозори дохилӣ бо дарназардошти мақсаду вазифаҳои сиёсати қурбии давлат ва эҳтиёҷоти муштариёнашро ба роҳ монда,  асъори хориҷии харида ва ё аз дигар манбаҳо ба дастовардаашонро бемамоният,  ҳатман ба фурӯш бароранд.

Мутаассифона, ташкилотҳои қарзӣ аз вазъияти баамаломада ва мавқеи монополии худ дар бозори дохилии асъор сӯиистифода намуда, бар хилофи дастури Бонки миллии Тоҷикистон хариди доллари ИМА-ро бо қурби паст зиёд намуда, фурӯши онро ба аҳолӣ маҳдуд ва ба таври сунъӣ кам кардаанд.

Бинобар ин,  Бонки миллии Тоҷикистон бари дигар ташкилотҳои қарзиро барои иҷрои бечунучарои талаботи ҳатман фурӯхтани асъори аз Бонки милли Тоҷикистон ва аҳолӣ харидоришуда, вазифадор менамояд.

Роҳбарони аввали ташкилотҳои қарзӣ барои иҷрои дастури мазкур шахсан ҷавобгар буда,  дар ҳолати мушоҳида гаштани беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ, нисбати онҳо ва ташкилотҳои қарзӣ фавран чораҳои таъсиррасонӣ татбиқ хоҳад шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …