Намози Одина – Ҷумъа: вақти гузоридани он вақти на–мози нисфирўзӣ аст. Ҳамагӣ 10 ракъат аст. Дар он ба ҷои 4 ракъат намози нисфирўзӣ 2 ракъат бо ҷамоат гузорида ме–шавад.
Бо фаро расидани вақти намоз 4 ракъат суннат, сипас баъди хутба 2 ракъат бо ҷамоат ва дар анҷом 4 ракъат сун–нат гузоридан зарур аст.
Баъди намози ҷумъа инчунин гузоридани 2 ракъат намо–зи суннати вақт писандида аст.
Намози Ҷумъа барои шахсони зерин фарз аст:
- – Мардон. Барои занон ин намоз фарз нест.
- – Шахсони дар озодӣ буда.
- – Шахсони дар сафар набуда.
- – Тандурустон.
- – Биноён.
- – Касоне, ки барои ба намоз ҳозир шудан монеае на–доранд.
Шартҳои баргузории намози Ҷумъа:
Шартҳои муайяне вуҷуд доранд, ки бо иҷро намудани онҳо адо намудани намози Ҷумъа дуруст мегардад:
- Гузоридани намози Ҷумъа дар вақти намози нисфирўзӣ.
- Пеш аз намоз хутба хондан.
- Ҷои намозгузорӣ бояд барои ҳамаи хоҳишмандон дастрас бошад.
- Ҳозир будани миқдори на камтар аз 3 нафар мардон, ба ғайр аз имом. Ба ақидаи имом Абўюсуф гурўҳи иборат аз ду мард басанда аст.
- Иҷозати муфтӣ барои гузоридани намози Ҷумъа.
- Ҷои гузоридани намози Ҷумъа бояд дар шаҳр ё дар маҳалле баробар ба он воқеъ бошад.