Главная / Илм / МУҲАММАД ШАРИФХОНИ ДЕҲЛАВӣ

МУҲАММАД ШАРИФХОНИ ДЕҲЛАВӣ

nophotoМУҲАММАД ШАРИФХОНИ ДЕҲЛАВӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1807), ҳаким Муҳаммад Шарифхони Деҳлавӣ, табиби машҳури а. 18. Дар Ҳиндустон ҳаёт ба сар бурда, дар замони ҳокимияти Шоҳи Олами 2 (1759 – 1806) ба пояи баланди шӯҳрати табибӣ расидааст. Ба лақаби «Ашрафу-л-ҳукамо» низ машҳур буд. М. яке аз аввалин табибони тоҷик аст, ки тибби қадимаи ҳиндии Аюрведаро аз назари тибби исломӣ мавриди таҳлилу тадқиқ қарор додааст. ӯ соҳиби таълифоти зиёд мебошад, аз ҷумла: «Илоҷу-л-амроз», «Таълифи шарифӣ», «Аҷалаи нофиа», «Ҳошияи «Нафисӣ», «Тӯҳфаи оламшоҳӣ», «Шарҳи ҳуммаёти «ал-Қонун»-и Ибни Сино, «Сифри латиф» ва ғ.
Ад.: Verma, R. J., «Greco-arabic medicine in Medieval Indiaits hakims and hospitals» – from «Hamdard medicus», vol. 22, 1977.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …