Главная / Илм / МУБОДИЛАИ ЧАРБУ

МУБОДИЛАИ ЧАРБУ

charbМУБОДИЛАИ ЧАРБУ, маҷмӯи табаддулоти чарбу ва диг. липидҳо дар организми одам. Ба М. ч. мансубанд: ҳазм гаштани чарбую (триглитсеридҳо) липидҳои ғизо ва ҷаббиши маҳсули таҷзияи онҳо, хусусан кислотаҳои равған дар роҳи меъдаю рӯдаҳо; мубодилаи мобайнии чарбу ва маҳсули таҷзияи онҳо дар организм; аз организм хориҷ шудани чарбу ва маҳсули таҷзияи онҳо. Дар китобҳои тиббӣ «мубодилаи чарбу» ва «мубодилаи липидҳо» ҳаммаъно мебошанд.
Ба организми одам дар як шаборӯз бо ғизо андаряк 70 г чарбуи ҳайвонӣ ва наботӣ ворид мешавад. Дар ҷавфи даҳон чарбу дучори ягон тағйирот намегардад, зеро дар таркиби оби даҳон ферменти липаза (равғанро таҷзия мекунад) мавҷуд нест. Таҷзияи чарбу қисман дар меъда оғоз меёбад, вале суръати он суст буда, самараи зиёд надорад, зеро бузургии рН-и шираи меъда (тақр. 1,5) бо рН-и липаза (5,5 – 7,5) мувофиқат намекунад. Ғайр аз ин, дар меъда барои ба эмулсия табдил ёфтани чарбу шароити мусоид нест. Бинобар ин, чарбуи ғизо аз меъда бидуни тағйирот мегузарад. Вале дар ширхораҳо туршии мӯътадили шираи меъда (рН тақр. 5) ва шири модар имкон медиҳанд, ки чарбу дар меъда гидролиз (липолиз) шавад.
Қисми асосии чарбу дар рӯдаи борик зери таъсири липазаи шираи ғадуди зери меъда, ки қимати мусоиди рН барои он 8 аст, таҷзия мегардад. Чарбуи ғизо асосан зери таъсири кислотаи талха, ки ба ҷавфи рӯда дар шакли намаки натрий (холатҳо) бо глитсин ва таурин (гликохолат ва таурохолат) ворид мегардад, эмулгатсия мешавад.
Аз организми одам тақр. 5% чарбуи бо ғизо дохилшуда бидуни тағйирот хориҷ мегардад (тавассути усораи ғадудҳои равған ва арақ). Дар раванди ҳазм гаштани чарбу дар роҳи меъдаю рӯдаҳо тақр. 98%-и кислотаҳои равған ва тамоми глитсерин ҷаббида мешавад.
М. ч.-ро силсилаи асаби марказӣ ва ғадудҳои усораи дохилӣ танзим мекунанд.

Ф. А. Шукуров.

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …