Главная / Ҷамъият / Масъулияти кормандони мақомоти андоз

Масъулияти кормандони мақомоти андоз

Моддаи 91-и Кодекси Андоз. Масъулияти кормандони мақомоти андоз

  1. Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳои худ, риоя накардани сирри давлатӣ, хизматӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва бонкии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, сўиистифода аз мансаби хизматӣ ва дигар амалҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
  2. Зараре, ки ба андозсупоранда дар натиҷаи амалҳои зиддиҳуқуқии кормандони мақомоти андоз расонида шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …