Моддаи 8-и Кодекси оила. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ
- Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)