Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак

Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак

Моддаи 67-и Кодекси Оила. Ҳуқуқи бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва  дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак

  1. Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират  бо  кӯдак ҳуқуқ доранд.
  2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
  3. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.

Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …