Главная / Ҷамъият / Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда

Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда

Моддаи 314-и Кодекси Андоз. Мафҳумҳои дар ҳамин боб истифодашаванда

Барои мақсадҳои боби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

– маҳсулот – маъдани фоиданоке, ки аз сарватҳои зеризаминӣдар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қитъаи замине, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба ихтиёри сармоягузор дода шудааст, истихроҷ гардида, аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Маҳсулоте, ки дар натиҷаи коркарди минбаъдаи (ғанигардонӣ, тағйирдиҳии технологии) маъдани фоиданоки истихроҷшуда ҳосил шуда, маҳсулоти саноати коркард мебошад, маъданифоиданок ҳисобида намешавад;

– маҳсулоти истеҳсолшуда – миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби миқдори маъданҳои фоиданок ва ашёи хоми минералии (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигари) амалан аз сарватҳои зеризаминӣистихроҷшуда (гирифташуда) (партовҳо, талафҳо) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст;

-тақсими маҳсулот – тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор дар ифодаи молӣ ва (ё) арзишӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва Кодекси мазкур;

-маҳсулоти фоиданок – маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе дарназардошти  маҳсулоти ҷубронӣ;

-маҳсулоти ҷубронӣ – қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пўшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад.Маҳсулоти ҷубронӣ бо дарназардошти арзиши иқтисодии кони коркардшаванда аз рўи ҳар як созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад. Маҳсулоти ҷуброние, ки созишнома муқаррар кардааст, наметавонад аз 70 фоизи ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда зиёд бошад;

-маҳалли тақсимкунӣ – ҷои баҳисобгирии тиҷоратии маҳсулоти истеҳсолшуда, ки дар он андозагирии (ҳисоби) ҳаҷми (миқдори) умумӣ ва муайянкунии сифати он анҷом дода мешавад ва давлат ба сармоягузор қисми маҳсулотеро, ки тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба ў тааллуқ дорад, месупорад;

-нархи маҳсулот – нархи таҳвил ё содироти воҳиди ченаки дахлдори маҳсулоти истеҳсолшудае, ки тибқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот, вале на пасттар аз нархи бозорӣ дар санаи таҳвил ё содирот муайян карда мешавад;

-андозсупорандагон (агентҳои андоз) – нисбат ба андозҳое, ки дар асоси ҳамин низоми итиёзноки андоз пардохт мешаванд, шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва Кодекси мазкур сармоягузор мебошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …