Главная / Ҷамъият / Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ

Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ

Моддаи 247-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ

  1. Кормандони хонагӣ шахсоне мебошанд, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо – шахси воқеӣ иҷро менамоянд.
  2. Қарор дар бораи ба кор қабул намудан ва ё бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ ва маълумот оид ба кори ў дар дафтарчаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ворид карда намешавад.
  3. Намудҳои корҳои хонагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  4. Фаъолияти меҳнатии корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.
  5. Муҳлати огоҳии хаттӣ оид ба бекор (қатъ) кардани шартномаи меҳнатӣ, андозаи ҷуброн ва тартиби пардохти он бо корманди хонагӣ дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …