Главная / Ҷамъият / Ба таъхир гузоштан ва ба мӯҳлатҳо ҷудо кардани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Ба таъхир гузоштан ва ба мӯҳлатҳо ҷудо кардани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ

Моддаи 220-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ба таъхир гузоштан ва ба мӯҳлатҳо ҷудо кардани иҷрои қарор оид ба таъин кардани ҷазои маъмурӣ 

  1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида иҷрои қарори таъин кардани ҷазои маъмуриро дар намуди ҳабси маъмурӣ, маҳрум сохтан аз ҳуқуқи махсус ё дар намуди ҷаримаи маъмурӣ имконнопазир мегардонанд, судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, метавонад иҷрои қарорро ба мӯҳлати то як моҳ ба таъхир гузорад.
  2. Вазъи моддии шахси ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидашударо ба инобат гирифта, пардохти ҷаримаи маъмурӣ метавонад аз ҷониби судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки қарорро қабул кардааст, ба муддати то се моҳ ба мӯҳлатҳо ҷудо карда шавад. 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …